Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Русия+Чин ва Ғарб. Нақши Осиёи Марказӣ чӣ хоҳад буд?


Раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ
Раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ
Пекин ният дорад, тарзи нави ҳамкориро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба роҳ монад. Ин дар пасманзари ҷанги беш аз яксолаи Русия дар Украина ва ба бовари баъзе аз коршиносон вобастагии рӯзафзуни Маскав аз Пекин ба вуқӯъ меояд. Муносибати Чин бо шариконаш дар Осиёи Марказӣ чӣ гуна хоҳад буд? Радиои Озодӣ дар ин маврид бо Руслан Изимов, коршиноси “Маркази мутолеоти Чин ва Осиёи Марказӣ” аз Қазоқистон суҳбат кард.

Радиои Озодӣ: Робитаи Чин ва кишварҳои Осиёи Марказиро дар пасманзари тағйироти ҷаҳоние, ки аз рӯёрӯии Русия ва Ғарб дар Украина сарчашма мегирад, чӣ гуна мебинед?

Руслан Изимов: “Шурӯи ҷанг дар Украина чархи таҳаввулоти сиёсати бозигарони хориҷиро дар Осиёи Марказӣ ва сиёсати дохилӣ ва берунии худи кишварҳои минтақа ба ҳаракат даровард. Комилан рӯшан аст, ки маҳз ин ҷанг нуқтаи нави ҳисоби сиёсати Чин ва Русия дар Осиёи Марказӣ мешавад ва муҳимтар аз ҳама раванди истеъморзудоии кишварҳои Осиёи Марказиро суръат мебахшад.

Аз миёни кишварҳои ба истилоҳ пасошӯравӣ танҳо давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки барои Русия ҳисси қудратманд буданро медиҳанд.

Робитаи Осиёи Марказӣ бо Чин дар ин шароит аҳамияти бештаре касб мекунад. Осиёи Марказӣ барои ҳар яке аз “марказҳои қудрат”, ки шумо ном бурдед – Чин, Русия ва Ғарб – минтақаи хеле муҳим ба шумор меравад. Аҳамияти минтақа барои ҳар яке аз онҳо, мумкин аст, то ҳудуде фарқкунанда бошад. Русия эътироф кунад ё на, Украинаро комилан аз даст дод. Ҳатто агар тасаввур кунем, ки Русия метавонад ҳамаи қаламрави Украинаро тасарруф кунад, ин кишвар барои украиниҳо барои муддати дароз ё ҳаргиз як қудрати геополитикӣ нахоҳад буд, ки омодаи пайвастан бо он бошанд. Беларус ҳоло маҷбур аст бо Русия дар як тим бошад, ки ба вобастагии шадиди иқтисодӣ ва сиёсии режими феълии Минск аз Маскав рабт мегирад.

Бар ин асос, аз миёни кишварҳои ба истилоҳ пасошӯравӣ танҳо давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки барои Русия ҳисси қудратманд буданро медиҳанд. Дар Осиёи Марказӣ робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо Маскав ҳанӯз нерӯманданд. Аз лиҳози фарҳангӣ дур шудан аз Русия ва ё ба истилоҳ “ҷаҳони русӣ” мушоҳида мешавад. Табиатан Маскав ба ҳар қимате ба дунболи ҳифзи нуфузи худ дар минтақа хоҳад буд.

Осиёи Марказӣ барои Чин дар қадами аввал аз лиҳози амният муҳим аст. Ин авлавият бетағйир хоҳад монд. Бо ин ҳол, Чин агарчи аз ҷанги Украина нафъ мебинад, аз таъсири манфии он дар канор намондааст. Аз ҷумла, масирҳои ҳамлу нақли шимолии он баста ё маҳдуд шуданд. Дар натиҷа, Чин ба монанди кишварҳои Осиёи Марказӣ маҷбур шуд, гузинаҳои дигари хатсайрҳоро дар назар дошта бошад. Дар ин маврид Пекин ва пойтахтҳои панҷ кишвари Осиёи Миёна манфиатҳои муштарак доранд. Барои мисол, тарҳҳое, ки солҳои дароз дар дафтарҳои сиёсатгарон ғуборолуд шуда буданд, ба баррасӣ гирифта шуданд.

Аз ҷумла, тарҳи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон ба марҳилаи амалишавӣ расид. Инчунин роҳи оҳани сеюм дар марзи Қазоқистон ва Чин сохта мешавад. Ба иборати дигар, ба истилоҳ “Роҳрави миёна” нафаси тоза мегирад. Ташдиди муносибат байни Амрико ва Чин омили дигари амалӣ шудани хатсайри сеюм хоҳад шуд. Эҳтимоли муноқиша атрофи Тайван афзоиш меёбад, ки боис ба нопойдор шудани тамоми масирҳои воридотии баҳрии Чин мегардад. Кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Амрико медонанд, ки рақобат дар минтақа қувват мегирад ва намехоҳанд мавқеи нозирро дошта бошанд. Дар поёни кор мебинем, ки Вашингтон ва дар умум Ғарб ба созукори С5+1 аҳамияти хос қоил шуданд. Зимнан, баъзе аз таҳлилгарони амрикоӣ пешниҳод карданд, ки ин созукорро тағйир ва онро ба сатҳи сарони кишварҳо боло баранд.”

Радиои Озодӣ: Моҳи майи имсол, қарор аст, Чин мизбони нишасти Чин-Осиёи Марказӣ бошад. Тибқи арзёбиҳои гуногун Пекин дар ин нишаст пешниҳодҳои нави ҳамкориро рӯйи миз мегузорад. Ба назари шумо, дар мавриди чӣ суҳбат хоҳад шуд? Чин чӣ пешниҳод хоҳад кард ва кишварҳои минтақа чиро рад карда нахоҳанд тавонист?

Руслан Изимов: “Дақиқан гуфтан душвор аст, ки ҷониби Чин бо чӣ пешниҳоде меояд. Возеҳ аст, ки ин тарзи ҳамкорӣ – тавассути нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва роҳбари Чин, Пекин ҷиддан мехоҳад кишварҳои моро аз роҳҳои гуногун ба тарафи худ бикашад. Соли 2019 Чин шакли ҳамкории С+С5 (Чин+Осиёи Марказӣ)-ро рӯи даст гирифт. Аммо ин як созукори суннатӣ буд, ки дар он ниҳодҳои умури хориҷӣ иштирок доштанд. Ҳоло ин гуна дидорҳо дар сатҳи баландтарин баргузор хоҳанд шуд.

Владимир Путин ва Сӣ Ҷинпин
Владимир Путин ва Сӣ Ҷинпин

Дар мавриди нақшаҳои Чин, фикр мекунам, хеле чизҳо рӯшананд. Таҳаррукҳои сиёсии соли гузашта дар кишварҳои Осиёи Марказӣ (моҳи январ дар Қазоқистон; моҳи май дар Бадахшони Тоҷикистон, Қароқалпоқистони Узбекистон ва нооромиҳои давомдор дар Қирғизистон) ҳамсояи шарқии моро нигарон кард. Агар Осиёи Марказӣ ноором шавад, метавонад ба Шинҷон – нооромтарин минтақаи Чин сироят кунад. Ин нигаронии бузурги ҳукуматдорони Чин аст. Аз ин рӯ, метавон ҳадс зад, ки Чин талоши бештаре барои ҳимоят аз суботи дохилии минтақа хоҳад кард. Яъне, Чин натанҳо ба ин мавзуъ алоқа дорад, ки ҳеч таҷовузи хориҷӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат нагирад, балки низомҳои сиёсии минтақа пойдор бошанд.

Ин ба он маъност, ки Пекин нуфузи сиёсии худро дар Осиёи Марказӣ зиёд мекунад. То андозае бо ҳамин ҳадаф қолаби нави нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин рӯйи даст гирифта мешавад. Дар ҳамин чаҳорчӯб метавон интизор дошт, ки Чин рӯи афзоиши таҷрибаи худ дар мавриди Осиёи Марказӣ ҳисоб кунад. Барои анҷоми ин кор, Пекин аз абзорҳое ба монанди густариш додани маблағгузории тарҳҳои тадқиқотӣ дар Осиёи Марказӣ барои марказҳои таҳлилии Чин; қавӣ кардани институтҳои Конфутсий ва инчунин муассисаҳои маъруф ба “Коргоҳҳои Лу Бан” кор хоҳад гирифт. Лозим ба ёдоварист, ки тасвири Чин дар Осиёи Марказӣ дар пасманзари Русия беҳбуд наёфтааст, аммо мавриди интиқод низ аст. Изҳороти Сӣ Ҷинпин дар Остона дар мавриди пуштибонии тамомияти арзии Қазоқистон ба таври мусбат пазируфта шуд. Нигоҳи нухбагон ва ё тасмимгирон нисбат ба Чин дар шароите, ки таҳдидҳои воқеӣ аз ҳамсояи шимолӣ сарчашма мегирифт, табиатан амалгаронатар шуданд.”

Радиои Озодӣ: Дар пасманзари наздикии Пекин ва Маскав ва эҳтимоли фишор бар ин иттиҳод кишварҳои минтақа метавонанд сиёсати бисёрсамтиро идома диҳанд?

Руслан Изимов: “Идомаи сиёсати хориҷии бисёрсамтӣ ва баробар барои кишварҳои Осиёи Марказӣ душвортар хоҳад шуд. Ин як воқеият аст. Илова бар ин, танг шудани майдон барои даврзаниҳо (маневр)-и сиёсии чанд сол пеш сар шуд ва ин раванд идома дорад. Воқеият ин аст, ки ҷанг дар Украина дароз хоҳад буд ва робитаи Русия ва Чин бо Ғарб барои муддати дароз муташанниҷ хоҳад монд. Бояд дарк кунем, ки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳим аст, барои кашида нашудан ба даргириҳои геополитикӣ тамоми талошро ба харҷ бидиҳанд. Барои расидан ба ин, пеш аз ҳама, муҳим аст, ки асли сиёсати бисёрсамтиро риоят кунанд.

Албатта, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки ҳамсояҳои таъсиргузори мо фаъолиятҳои моро маҳдуд ва моро ба тарҳҳо ва иқдоми худ бикашанд. Аммо мо дастурамалҳои хубе дорем, ки метавонанд рафтори моро осон кунанд. Аз ҷумла, боварӣ дорам, ки раванди тақвияти ҳамкории минтақаӣ бо ҳузури панҷ кишвари Осиёи Марказӣ метавонад мавқеи кишварҳои моро ба таври қобили таваҷҷуҳ нерӯ бахшад. Дар мавриди ба ҳам наздик шудани Пекин ва Маскав, фикр намекунам, ки ду абарқудрат иттиҳод эҷод кунанд. Ончи имрӯз шоҳидаш ҳастем, ба як даврзании тактикӣ монанд аст, ки муваққатан ба нафъи як ё ҳарду ҷониб аст.

Дар айни ҳол, маълум аст, ки Русия наметавонад нақши шарики кӯчакро дар ҳамкории Пекин-Маскав бипазирад. Ҳамзамон донистан зарур аст, ки асоси шарикии наздики Чин ва Русия ба зидди Амрико будан аст. Имрӯз возеҳ аст, ки Русия аз Чин вобастагӣ дорад ва Пекин аз ин вазъ ба нафъи худ истифода мекунад, аз ҷумла манобеи энержӣ ва маводи хомро бо нархи матлуб мехарад. Ин вазъият метавонад тағйир ёбад. Аз ҷумла, таҳлилгарони чинӣ ҳушдор медиҳанд, ки бо ташдиди даргириҳо бар сари Тайван, Чин низ метавонад дар инзиво бимонад. Он гоҳ дар миёни абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақаӣ танҳо Русия метавонад аз Чин ҳимоят кунад.”

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG