Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврасе, ки аз зарбаи корди ҳамсинфаш захмӣ шуда буд, даргузашт


Хонандаи синфи 10 мактаби рақами 5-и шаҳри Кӯлоб, ки аз тарафи ҳамсинфаш ба зарби корд захмӣ шуда буд, даргузаштааст. Ин хабарро ҳам наздикони ӯ ва ҳам намояндагони Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб тасдиқ карданд.

Ҳодиса 31-уми март рӯй дода, ҳамсинфи “кордзан”- и ин хонанда дарҳол пас аз воқеа боздошт шудааст. Пулис мегӯяд, воқеаро таҳқиқ мекунад.

Ному насаби хонандагон дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст, аммо ба далели ҳуқуқӣ нашр намешавад. Онҳо дар синфи даҳум мехонанд.

Мактаби рақами 5 яке аз калонтарин мактабҳои шаҳри Кӯлоб, ба ҳисоб меравад.

Занозанӣ миёни наврасону ҷавонон дар солҳои охир боис ба куштаву захмӣ шудани чандин хонандаи мактаб шудааст. Дар чунин занозаниҳо гоҳе ҷавонон аз корду силоҳҳои дигар истифода мекунанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи январ як ноболиғро барои занозанӣ ва қатли ҳамсолаш ба 11 сол зиндон маҳкум кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG