Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бухоро мехоҳанд, мактабҳои тоҷикиро эҳё кунанд. ВИДЕО


Бухоро
Бухоро

Дар Бухоро мехоҳанд, бо истифода аз беҳбуди равобити Тоҷикистон ва Узбекистон мактабҳои тоҷикиро дубора эҳё кунанд. Ҳоло дар ин шаҳри қадимӣ ягон мактаб пурра ба забони тоҷикӣ вуҷуд надорад.

Дар Донишгоҳи давлатии Бухоро ду гурӯҳи тоҷикӣ ҳаст, ки ҷавононро ба омӯзгорӣ дар ба мактабҳои миёна омода мекунанд. Ин донишҷӯён аз минтақаҳои дигари Узбекистон меоянд.

Фарангис Акабоева, донишҷӯ аз ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ, мегӯяд, “дар зодгоҳи ман талабот ба забони тоҷикӣ зиёд аст. Талабот ба забонҳои хориҷӣ, ба монанди русию англисӣ, камтар. Устодон, донандагони забони тоҷикӣ, дар мактаби мо зиёданд.”

Ба қавли Шералӣ Шавкатзода, муаллими забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Бухоро, бахши тоҷикиро чаҳор сол пеш ташкил карданд.

“Ба сабаби онки талабот кам буд, як бор қабули донишҷӯёнро бас карданд. Дертар ҷавонон омада, гуфтанд, ки ба забони тоҷикӣ таълим гирифтан мехоҳанд. Вазорат инро ба назар гирифт ва чунин бахш кушоданд. Дар соли аввал 23 нафар мехонад, дар соли чаҳорум 15 нафар. Шояд аз соли оянда боз зиёдтар гардад.”

Матлуба Одинаева ягона гардонандаи барномаи тоҷикии “Паёми рӯз” дар телевизион ва ҳам барномаҳои фарҳангӣ дар радиои вилояти Бухоро аст.

Хатмкардаи донишгоҳи Тоҷикистон аст ва сӣ сол боз дар инҷо кор мекунад, вале бо наздик шудани даврони бознишастагӣ дар тааҷҷуб мондааст, ки чӣ касе кори ӯро давом хоҳад дод.

“Ҳоло шогирдон меоянд. Онҳо даҳ сол мактабро ба забони узбекӣ хатм карда, лекин чаҳор сол донишгоҳро ба забони тоҷикӣ мехонанд. Ин ҳеч чиз намедиҳад. Мумкин гап зада метавонад, вале озодона эҷод карда наметавонад. Ин чиз ҳоло барои мо як каме мушкилӣ меорад,” – гуфт ӯ.

Забони гуфтугӯйи бисёриҳо дар Бухоро тоҷикӣ аст, аммо ба маълумоти расмӣ, дар онҷо зиёда аз 30 ҳазор тоҷик сабт шудааст.

Видеоро дар инҷо бинед:

Талош барои эҳёи фарҳангу забони тоҷикӣ дар Бухоро
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:31 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG