Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқот: "Танфурӯшони мубталои ВИЧ дар Тоҷикистон таъқиб мешаванд"


Рамзи мубориза бо бемории ВИЧ/СПИД
Рамзи мубориза бо бемории ВИЧ/СПИД

Як созмони байнулмилалӣ гуфтааст, занони фоҳишаи гирифтори ВИЧ/СПИД дар Тоҷикистон таъқиб мешаванд.

Додгоҳҳои Тоҷикистон дар сеюним сол (2018-2021) 175 нафарро, ки аксаран занон ҳастанд, барои гузарондани вируси норасоии масунияти бадан ба сокинон ҷазо додаанд.

Шабакаи авруосиёии мубориза бо СПИД дар гузорише Тоҷикистону Узбекистон ва Русияву Беларусро танқид кард, ки ҳар мушкили вобаста ба вируси норасоии масунияти баданро ба ҷиноят баробар мекунанд.

Дар гузориш омадааст, "дар Тоҷикистон заноне, ки гирифтори ин беморӣ ҳастанд ва танфурӯшӣ мекунанд, ба ҳабсу таъқиби ҷиноӣ рӯбарӯ мешаванд, ҳатто агар ҷониби ҷабрдида шикоят накарда ва интиқоли вирус ҳам исбот нашуда бошад."

Ин созмон гуфтааст, бо роҳҳои беҳтар бояд аз паҳн шудани ВИЧ/СПИД пешгирӣ кард ва ҳабсу таъқиби занони гирифтори ин беморӣ роҳи ҳал нест.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, саъй доранд, то моддаи 125-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки барои олуда кардани дигарон ба ВИЧ аз 2 то 10 сол зиндонро пешбинӣ мекунад, бекор ва муносибати қонун ва ҷомеа ба ин табақаи осебпазир бозбинӣ шавад.

Фаъолони ҷомеа пештар пешниҳод карда буданд, ки мардон низ барои истифода аз занони танфурӯш ҷазо бигиранд ва дар қонун чунин меъёр ворид шавад. То кунун чунин ҷазое дар Тоҷикистон вуҷуд надорад ва бештар барои танфурӯшӣ занонро ҷазо медиҳанд ва мардоне, ки аз хидмати онҳо истифода мекунанд, ҷазо намегиранд.

Додгоҳҳои Тоҷикистон зуд-зуд ҳукми занонеро эълон мекунанд, ки ба қавли онҳо, мардонро дидаву дониста ба ВИЧ/СПИД олуда кардаанд.

Пулиси шаҳри Конибодом дар моҳи марти имсол занеро ба гумони гирифтор кардани чанд мард ба вируси норасоии масунияти одам ё ВИЧ/СПИД боздошт кард.

Ба гуфтаи мақомот, ин зан медонист, ки мубтало ВИЧ аст, вале ба танфурӯшӣ машғул буд.

Аксари заноне, ки бо чунин иттиҳом боздошт мешаванд, назарашон дастрас нест ва наздикон низ аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекунанд.

Созмонҳои иҷтимоӣ дар гузоришҳои худ борҳо гуфтаанд, ки бештари мардону занон ҳангоми иртиботи ҷинсӣ ба ВИЧ/СПИД гирифтор мешаванд. Ба гуфтаи намояндагони ин созмонҳо, мардоне, ки дар Тоҷикистон аз хидмати танфурӯшон истифода мебаранд, рифола истифода намекунанд ва занони танфурӯш низ инро ҷиддӣ намегиранд.

Шумораи дақиқи танфурӯшон дар Тоҷикистон маълум нест, вале соли 2017 Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки беш аз 500 зани танфурӯшро дар Душанбе боздошт кард ва наздик ба 100 тани онҳо гирифтори бемориҳои сироятӣ ҳастанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG