Ҳамлаи малах ба киштзорҳои мардум дар Фархор маҳсули кори чандинмоҳаи деҳқононро зери хатар қарор додааст. Кишоварзон, ки ба ҷамъоварии ҳосил омодагӣ медиданд, ҳоло бо селаи малах мубориза мебаранд.
Субҳоналлоҳ Нарзуллоев, як кишоварз аз деҳаи Меҳровари Фархор гуфт: “20 рӯз пас ғалла барои ҷаъмоварӣ омода мешавад, ҳозир вақте малах ҳамла кунад, онро пурра ба нестшавӣ мерасонад.”
Субҳоналлоҳ талош дорад 2,5 гектар заминашро, ки дар он пахта, ҷав ва юнучқа кишт кардааст, аз ин бало эмин нигаҳ дорад. Мегӯяд, малахҳо аллакай ба қисме аз пахтазораш зиён расонидаанд.
Ба гуфтаи ӯ малахҳо дар ду -се рӯзи ахир аз кӯҳдоманҳо ба водӣ фаромадаанд ва “Ҳоло 4 ҷуяк пахтаро дар қариб сад метр пурра кал кардааст, яъне ин қисми замин пурра холӣ шудааст, алаф надорад.”
Ба гуфтаи бархе аз кишоварзон, барои пешгирӣ аз ҳамлаи малах дар ноҳияҳо ба таври зарурӣ чораандешӣ намешавад.
Бино ба иттилои Муассисаи давлатии экспедитсияи мубориза бар зидди малах, имсол дар аксар мавзеъҳои Фархор, дар майдони беш аз 5 ҳазор гектар навъи малахи Марокашӣ паҳн шудааст. Муттахасисон яке аз омилҳо афзоиши малах дар ин қитъаҳоро, коркарди нодурусти замин, сари вақт обёрӣ нашудан ва таъмин набудани киштзорҳо бо доруҳои минералӣ гуфтаанд.
Малах барои деҳқонон як офат ба ҳисоб меравад. Ҳар баҳор ба киштзорҳои Тоҷикистон селаи малах ҳамла мекунад. Солҳои пеш ин ҳашарот садҳо гектар киштзору чарогоҳҳоро нобуд кардааст.
Малах дар як рӯз баробари вазни худ ғизо мехӯрад. Аммо селаи малах дар як рӯз ғизои 35 ҳазор одамро нобуд мекунад.
Муассисаи кишоварзии Созмони Милал чанде пеш эълон кард, ки ба маъракаи мубориза бо малах дар Тоҷикистону Узбекистон шиддат бахшида мешавад.
Бо ин ҳадаф рӯзҳои 4 ва 5-уми апрел дар 30 000 гектар замини минтақаҳои наздимарзии Хатлон муттахассисон ташхис гузаронидаанд.
Созмони Милал гуфт, баҳори соли 2022 дар ноҳияҳои аз малах осебдидаи Тоҷикистон, аз ҷумла дар Фархор, тақрибан 132 ҳазор гектар заминро дору зада, 20 ҳазор хоҷагиро аз балои малах эмин нигаҳ доштаанд.
Гуфтугӯ