Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуфт, ки ба "Ислоҳ" менависам, дастгир шуд" ВИДЕО


Шахсони наздик ба Камолиддин Шарофов мегӯянд, ӯ дар боздоштгоҳе дар Хуҷанд аст
Шахсони наздик ба Камолиддин Шарофов мегӯянд, ӯ дар боздоштгоҳе дар Хуҷанд аст

Маъмурони амниятӣ як сокини бознишастаро дар шаҳри Исфара дастгир кардаанд, аммо шарҳ надоданд, ки чаро. Наздиконаш мегӯянд, ӯ баъди баҳс дар масъалаи даъвати ҷавонон ба артиш ба ифротгароӣ гумонбар шуд. Камолиддин Шарофови 70-соларо дар Боздоштгоҳи муваққатӣ дар Хуҷанд нигоҳ медоранд.

Ба иттилои дарёфтӣ, баҳс дар бораи хидмати ҳарбӣ рӯзи 5-уми майи имсол дар идораи ҷамоати Сурхи Исфара сурат гирифтааст. Яке аз хешовандони Камолиддин Шарофов ба шарти фош нашудани номаш рӯзи 15-уми май гуфт, “ӯро пас аз он боздошт карданд, ки аз мақомот хост, дуруст рафтор кунанд, вагарна ба Радиои Озодӣ ва “Ислоҳ ТВ” шикоят менависад.”

“Як дӯсти Камолиддин Шарофовро барои ҳозир нашудани фарзандаш ба хидмат ба идораи ҷамоат даъват карданд. Дар онҷо гуфтаанд, писарашро аз Русия биорад. Ҳамон вақт Шарофов мегӯяд, набояд бо падар ҷанҷол кунед, балки писарашро аз Русия биёред. Ҳама гап аз инҷо сарчашма мегирад," – нақл кард ӯ.

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, пас аз ин ҳодиса мақомоти интизомӣ “беш аз як ҳафта” аъмоли Камолиддин Шарофовро санҷидаанд. “Дар ин ҳангом гуё маълум кардаанд, ки ӯ ба воситаи телефони ҳамроҳаш ба наворҳои “Ислоҳ ТВ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шуда, “лайк” гузоштааст ва чандеро ба дӯстонаш фиристодааст,“ – афзуд ҳамсуҳбати мо.

Сомонаи “Ислоҳ” (мудираш Муҳаммадиқболи Садриддин) ва саҳифаҳои вобаста ба онро, ки наздик ба як гуруҳи мухолифон дар Аврупост, дар Тоҷикистон мамнуъ эълон кардаанд.

Кӯшиши мо барои гирифтани шарҳи мақомот дар вилояти Суғд то ин дам бенатиҷа буд. Камолиддин Шарофов дар суҳбат бо пайвандон тасдиқ кардааст, ки ба зидди ӯ бар асоси ифротгароӣ парванда кушоданд, вале инки бо иттиҳом розист ё на, маълум нест.

Марди 70-соларо барои "Like" боздошт кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00

Камолиддин Шарофов соҳиби панҷ фарзанд буда, дар гузашта омӯзгорӣ ва соҳибкорӣ кардааст. Пайвандонаш мегӯянд, ин оила ба сахтӣ рӯз мегузаронад ва ба киро кардани вакили мудофеъ низ имкон надорад.

Бори аввал нест, ки сокинони Тоҷикистонро барои дидан ё гузоштани “лайк”-у ба дигарон фиристодани навори вобаста ба мухолифон боздошту зиндонӣ мекунанд. Додгоҳи вилояти Хатлон панҷ моҳ пеш ду мансабдор, як хабарнигор ва як сокини ноҳияи Панҷро барои ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ аз озодӣ маҳрум кард.

Мавлуда Боймуродзода, мудири пешини маорифи ноҳияи Панҷ, Абдураҳмон Иззатмандов, хабарнигори телевизиони давлатии “Ҷаҳоннамо” ва Зоидов, сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёриро дар ин ноҳия ба ҳамкорӣ бо “Ислоҳ ТВ” гунаҳкор донист. Мақомот гуфтанд, чор маҳкумшуда аз вазъи маориф дар ноҳияи Панҷ ба шабакаи “Ислоҳ ТВ” шикоят кардаанд.

Дар гузашта боздошту муҷозоти сокинон барои нашри маълумоти танқидӣ дар шабакаҳои иҷтимоиро созмонҳои ҳомии ҳуқуқ "таъқиб барои танқид" номида буданд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, Тоҷикистон бо баҳонаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ озодии баёнро саркӯб ва норозиёнро зиндонӣ мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG