Додгоҳи олии Тоҷикистон ба баррасии парвандаи шаш сарбоз ва афсаре шуруъ кардааст, ки пас аз паҳн шудани видеои латукӯби наваскарон боздошт шуданд. Ин навор як моҳ пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои манфиро ба бор овард.
Ба гуфтаи манбаъҳои Радиои Озодӣ, Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парвандаи шаш нафарро рӯзи 23-юми май оғоз кардааст. Як намояндаи додгоҳ маълумотро тасдиқ кард ва гуфт, мурофиа дар бинои додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Хуҷанд мегузарад. Судя ё додрасҳои Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олӣ як рӯз пеш дар Хуҷанд ҷамъ омадаанд.
Сарбозон Ҷонибек Қосимзода, Фахриддин Азимов, Аъзам Камолов, Маҳмадназар Нозимов, Ҳоҷиакбар Сайфуллоев ва подполковник Нузҳат Лазуриев ҷавобгар ҳастанд. Ин афсар то лаҳзаи боздошт сардори комендатураи якуми “Ворух” буд.
Панҷ сарбоз ба “вайрон кардани қоидаҳои оинномавӣ” муттаҳам мешаванд. Қисми 2-и моддаи 373-и Кодекси ҷиноӣ барои ин иттиҳом аз панҷ то даҳ сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Подполковник Нузҳат Лазуриев ба суистифода аз мақом ва баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ муттаҳам аст. Ин банди қонун (моддаи 391, қисми 3, банди “б”)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз ҳашт то дувоздаҳ сол зиндонро дар назар дорад.
Назари сарбозону афсари боздоштшуда ва наздиконашон дар робита бо парванда дастрас нест. Маълум нест, ки онҳо ба иттиҳоми эълоншуда то куҷо розианд.
Ин панҷ сарбоз муҳлати хидматро ба поён расонда буданд ва дар хонаҳояшон боздошт шуданд. Қазияи онҳоро додситони низомии Суғд давоми қариб як моҳ таҳқиқ кард.
Навори латукӯби сарбозон дар охири соли 2022 дар як қисми марзбонӣ сабт шудааст. Онро дар авҷи мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба артиш дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштанд. Мақомот мегӯянд, пахши навор ба рафти даъват таъсир надошт, ҳарчанд хашми бисёре аз корбаронро барангехт.
Бадрафторӣ ё “дедовшина” дар артиши Тоҷикистон дарди куҳна аст. Ҳар чанд вақт хабарҳо дар бораи захмӣ шудан ё фавти сарбозон ба расонаҳо роҳ меёбад. Ҳукумати Тоҷикистон моҳи октябри имсол ба Созмони Милал гуфтааст, аз соли 2019 то 2021 ва сабаби "риоят нашудани оинномаи низомӣ" бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расидаанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Гуфтугӯ