Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев гуфтааст, барои шомил шудани кишвараш ба Иттиҳоди Русия ва Беларус ниёзе нест.
"Ахиран президенти Беларус Александр Лукашенко пешниҳод кард, ки Қазоқистон ба давлатҳои муттафиқ дохил шавад. Ман шӯхиашро қадр кардам. Фикр мекунам, ба ин ниёзе нест, зеро иттиҳодияҳои дигари ҳамгироӣ, пеш аз ҳама Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳаст. Дар мавриди силоҳи ҳастаӣ бояд гуфт, ки он ба мо лозим нест, чун мо ба Шартномаи паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ ва Шартномаи манъи озмоишҳои силоҳи ҳастаӣ шомил шудаем. Мо ба уҳдадориҳои худ дар доираи ин санадҳои байнулмилалӣ содиқ мемонем", - изҳор доштааст президенти Қазоқистон дар шарҳи изҳороти Лукашенко.
Пештар хабаргузории КазТАГ суханҳои Лукашенкоро дар мавриди даромадани Қазоқистон ба Иттиҳоди Русия ва Беларус барои силоҳи ҳастаӣ нашр карда буд.
Тоқаев 24-уми май дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё дар шаҳри Маскав ба шомилшавии кишварҳо ба Иттиҳоди Русия ва Беларус мухолифат кард. Вай гуфт, созмони дигари ҳамгироӣ вуҷуд дорад, ки Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон узви он ҳастанд.
Гуфтугӯ