Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолон – "туъма"-и саркӯбҳо дар Тоҷикистон ва Узбекистон


Крис Риклтон

Тазоҳуроте, ки соли 2022 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мухтори Қароқалпоқистони Узбекистон сар зад, боис ба саркӯби хунин шуд. Дар ҳарду минтақа даҳҳо нафар кушта ва садҳо кас боздошту зиндонӣ гардиданд.

Коршиносон мегӯянд, дар ин гирудор бештар ҷомеаи шаҳрвандӣ қурбонӣ шуд. Режимҳои худкома дар Тоҷикистон ва Узбекистон ҳомиёни барҷастаи ҳуқуқ, рӯзноманигорон ва пешвоёни маҳаллиро нишон гирифтанд. Ба қавли Стив Свердлов, профессори Донишгоҳи Калифорнияи Ҷанубӣ, ҳадаф дар ҳарду минтақаи мухтор як буд ва он ҳам пахши садои норозиён.

Ба иттилои расмӣ, дар ҳодисаҳои моҳи майи соли 2022 дар ВМКБ-и Тоҷикистон 29 нафар кушта шудаанд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ тасдиқи марги 34 нафарро гирифтанд.

Дар моҳи июли ҳамон сол нерӯҳои амниятии Узбекистон ба зидди норозиёни ислоҳи Қонуни асосӣ, ки ба мақоми Ҷумҳурии Мухтори Қароқалпоқистон дахл дошт, оташ кушоданд. Ба иттилои Тошканд, 21 нафар ба ҳалокат расид.

Мақомоти Тоҷикистон ва Узбекистон аксари онҳоеро, ки қурбонии саркӯб шуданд, ба таблиғи ҷудоихоҳӣ ва барангехтани хушунат гунаҳкор карданд. Созмонҳои ҳуқуқи башар иттиҳомҳоро сиёсӣ медонанд.

ДУШАНБЕ АЗ ЧӢ НОРОҲАТ БУД?

Яке аз чеҳраҳои саршинос дар маркази саркӯбҳо дар Бадахшони Тоҷикистон ҳомии ҳуқуқ ва рӯзноманигор Улфатоним Мамадшоева аст. Ӯро дар моҳи декабри соли гузашта ба 21 сол зиндон маҳкум карданд. Радиои Озодӣ моҳи майи имсол иттилоъ гирифт, ки ҳукм ба иҷро даромадааст ва ӯро аз Боздоштгоҳи муваққатӣ ба зиндони занонаи шаҳри Норак бурданд.

Пас аз боздошти Мамадшоева шавҳари собиқи ӯ, Холбаш Холбашов, ҳам дастгир шуд. Телевизиони давлатии Тоҷикистон тобистони соли 2022 навореро пахш кард, ки гуё зану шавҳар эътироф мекунанд, ки ба тарҳрезӣ ва ташкили эътирозҳо дар ВМКБ мадад кардаанд.

Ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз он Мамадшоева дар суҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанбе даст доштанашро дар эътирозҳо рад кард. Баъд аз анҷоми мусоҳиба шахсони ношинос ба рӯзноманигорон ҳамла карда, таҷҳизотро бо худ бурданд. Мусоҳибаи Улфатхоним Мамадшоева ҳеч гоҳ пахш нашудааст.

Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашов
Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашов

Як манбаи огоҳ аз парвандаи Мамадшоева, ки нахост номаш фош шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро барои матлабҳои танқидӣ ва гузоришҳои пайиҳамаш дар бораи куштори Гулбиддин Зиёбеков аз ҷониби нерӯҳои Тоҷикистон дар соли 2021 маҳкум карданд. "Ин ҳодиса ӯро ҳамчун зан - модар ором нагузошт. Вай натавонист, дар канор истад", - гуфт манбаъ.

Мушкили Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва нобоварии байни ҳукумати марказӣ ва мардуми маҳаллӣ аз замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97 об мехӯрад. Дар ҷараёни низоъ раҳбарони маҳаллӣ, аз қабили Мамадшоева ва Холбашов дар канори Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик (ИНОТ) буданд.

Пас аз имзои Созишномаи сулҳ президент Эмомалӣ Раҳмон ҳар гуна мухолифати сиёсиро дар гӯшаҳои Тоҷикистон аз байн бурд, ба ҷуз аз Бадахшон. Дар ин минтақаи кӯҳӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ шакл гирифт. Роҳбарони, ба истилоҳ, ғайрирасмӣ ё мардумӣ пайдо шуданд. Душанбе аз он нороҳат буд, ки ин афрод дар маҳал обрӯ ва нуфузи фаровон доштанд.

Аксар сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайравони мазҳаби исмоилия, як шохаи шиа, ҳастанд. Бунёди Оғохон, ки аз сӯи пешвои рӯҳонии исмоилиён таъсис ёфтааст, тарҳҳои зиёди иқтисодӣ ва хайрияро дар Бадахшон ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон сармоягузорӣ ва иҷро кардааст.

Ба гуфтаи соҳибназарон, ҳоло фазои ҷомеаи шаҳрвандӣ танг мешавад. Аз замони саркӯб шудани тазоҳуроти моҳи май, нерӯҳои амниятии Тоҷикистон теъдоде аз пешвоёни саршиноси маҳаллиро таъқиб, боздошт ва дар баъзе маврид куштаанд. Касонеро, ки мухолифи кӯшишҳои Душанбе барои пурра зери назорат даровардани минтақа дониста мешуданд.

Тазоҳурот дар Хоруғ, 16-уми майи 2022
Тазоҳурот дар Хоруғ, 16-уми майи 2022

Дар аввали моҳи майи имсол, дар остонаи солгарди саркӯби эътирозгарон, намояндаи панҷ созмони ғайридавлатӣ дар ВМКБ шикоят карданд, ки ҳукумат ба онҳо фишор овардааст, то ихтиёрӣ ба кори худ поён бахшанд. Як намояндаи созмони ғайридавлатӣ дар минтақа ба Радиои Озодӣ гуфт, "ба назар мерасад, мақомот ба созмонҳои [мо] ниёз надоранд".

Сухангӯйи ҳукумати ВМКБ гуфт, танҳо созмонҳои ғайридавлатие, ки "бо гурӯҳҳои ҷиноӣ дар минтақа робита доштанд" баста мешаванд. Вай афзуд, "дар ойиннома ва ҳуҷҷатҳои дигари созмонҳо қонуншикании зиёде ошкор шуд". Замира Дилдорбекова аз Пажӯҳишгоҳи Исмоилия дар Лондон мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, ҳар гуна фаъолияти шаҳрвандонро, ки ба ақидаи мақомот, бо ҳар роҳе ва дар ҳар вақт ба режим таҳдид мекунанд, аз байн бибарад.

ПОЁНИ "ГАРМӢ" ДАР УЗБЕКИСТОН

Дар пайи тазоҳуроти бесобиқаи зиддиҳукуматӣ дар Ҷумҳурии Мухтори Қароқалпоқистон дар Узбекистон низ мақомот шахсиятҳои маъруфи иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳуқуқшинос ва рӯзноманигор Давлатмурод Тоҷимуродовро боздошту зиндонӣ карданд.

Вай ба гуноҳи кӯшиши сарнагун кардани ҳукумати маҳаллӣ ба 16 сол зиндон маҳкум шуд. Вакили мудофеи ӯ, Сергей Майоров, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ Тоҷимуродовро "маҳбуси сиёсӣ" номид, ки ҳукумат хатоҳояшро ба гардани ӯ бор кардааст. Хатое, ки Майоров ба он ишора мекунад, тасмими мақомот барои маҳрум кардани ду миллион аҳолии Қароқалпоқистон аз ҳаққи баргузории референдум барои ҷудо шудан аз Узбекистон аст.

Давлатмурод Тоҷимуродов
Давлатмурод Тоҷимуродов

Тоҷимуродов ва фаъолони дигари иҷтимоӣ ошкоро зидди ин тасмим баромаданд. Маҳз боздошти ӯ дар рӯзи 1-уми июли соли 2022 сабаби эътирози густурда дар шаҳри Нуқус, маркази Қароқалпоқистон, шуд. Баръакси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон, Қароқалпоқистон ҷумҳурии мухтори дорои парчам ва порлумони худ аст. Забони қароқалпоқӣ, ки ба қазоқӣ монанд аст, мақоми расмӣ дорад.

Пас аз саркӯби хунини тазоҳурот ҳукумат тағйиротро дар бораи мақоми Қароқалпоқистон бекор кард. Бо ин вуҷуд, ҷумҳурии мухтор аз ҷониби ҳукумати марказии Узбекистон зери назорати сахт аст ва ҳалқаи фаъолият дар инҷо нисбат ба минтақаҳои дигари Узбекистон тангтар.

Тоҷимуродов дар мурофиа аз талошҳои раисиҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев барои гузарондани ислоҳот аз соли 2016 ба ин тараф баҳои баланд дод. Вай гуфт, ин тағйирот ба фаъолон имкон медиҳад, ки масъалаҳоро дар миён гузоранд ва баҳс кунанд. Аммо бисёре аз коршиносон мегӯянд, хушунатҳои соли гузашта орзуи ислоҳи вазъро дар ин кишвари авторитарӣ нақше бар об кард.

Оқилбек Муродов, як фаъоли қароқалпоқ дар Қазоқистон, мегӯяд, ончи ҳоло дар Қароқалпоқистон мегузарад, ояндаи ислоҳот ва озодиро дар Узбекистон муайян хоҳад кард. "Тошканд барои Қароқалпоқистон кадом сиёсатеро пеш гирад, натиҷаашро дар тамоми Узбекистон хоҳем дид," –афзуд Муродов.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG