Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фоида камтару зиён бештар." Чаро пулҳои фиристодаи муҳоҷирон беқурб шуд? ВИДЕО


ruble rate
ruble rate

Рубли русӣ дар Тоҷикистон дар се ҳафтаи ахир рӯ ба уфт аст. Агар дар аввалҳои июн ҳазор рубл баробар бо 125 сомонӣ буд, акнун ин маблағ дар бонкҳои тиҷорӣ 115 сомонист. Коҳиши тавоноии рубл қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро нигарон кардааст, чунки рӯзгори онҳо ба пули муҳоҷирон бастагӣ дорад.

Ба Рисолат Имомова, сокини шаҳри Ваҳдат ҳар моҳ наздиконаш аз Русия рубл мефиристанд, то қарзи бонкияшро баргардонад. Поинравии қурби рубл пӯшондани қарзро барои ӯ душвортар кард.

Вай мегӯяд, "қарзро бо пули тоҷикӣ гирифта будем, агар пешина барин қурби рубл баланд мебуд, қарзамонро барвақт маҳкам мекардам. Ҳозир, ки поин омадааст, намешавад. Барои ҳамин зарари калон дида истодаем"-афзуд, ӯ.

назди шуъбаи "Амонатбонк"-и Душанбе
назди шуъбаи "Амонатбонк"-и Душанбе

Мисли Рисолат назди дари бонкҳои кишвар афроди дигарро низ дидан мумкин аст, ки хабари боз ҳам коҳиш ёфтани қурби рубл онҳоро нороҳат мекунад. Азбаски даромади онҳо ба воситаи наздикони муҳоҷирашон бо рубли русӣ аст, мегӯянд, ҳоло чизи зиёде харида наметавонанд.

"Як писар дорам, ки дар Русия аст. Ҳамонро нигоҳ мекунем, ки кай пул мефиристад. Дастнигари вай ҳастем. Пеш нағз буд, ҳозир пасти бад. Ҳозир 2 ҳазор рубли русӣ равон кард, 238 сомонӣ шуд"-, гуфт, Мукаррам Бобоева, сокини шаҳри Душанбе.

Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:

Пули фиристодаи муҳоҷирон дар Тоҷикистон беқадр шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

Баҳром Шарифов, иқтисодшиноси тоҷик се ҳафта қаблдар суҳбат ба Радиои Озодӣ, беқурбшавии рубли русиро ба ҷанги Русия дар Украина пайванд дода буд. “Якум, таъсири таҳримҳое, ки кишварҳои Ғарб ба иқтисодиёти Русия ҷорӣ кардаанд, дуюм, маҳдуд кардани тиҷорат бо кишварҳои аврупоӣ, нафту газу дигар маҳсулот, ки хеле даромади асъории бузург меовард ба Русия. Сеюм, фурӯши нафту газ ба давлатҳои Шарқ бо нархи паст,"--гуфта буд коршинос.

Таҳлилгарон мегӯянд, ҳарчанд поин рафтани қурби рубл таъсири мусбате ҳам ба иқтисоди Тоҷикистон дорад, аммо таносуби мусбату манфӣ бузург ва бар зарар аст.

Абдуманнон Шералиев
Абдуманнон Шералиев

Абдуманнон Шералиев, таҳлилгари иқтисодӣ, рӯзи 10-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, коҳиши қурби рубл метавонад ба арзиши маҳсулоти воридотӣ аз Русия ба кишвар, таъсир гузорад.

"Албатта, поин рафтани қурби рубл ба қимати маҳсулоте, ки аз Русия ба Тоҷикистон ворид мешавад, таъсир дорад, яъне қиматҳо поинтар мераванд. Аммо фарқи байни воридоту интиқоли пули муҳоҷирон, ки аз ин кишвар ба Тоҷикистон ворид мешавад, ҳудуди 7-8 баробар аст, фарқи расмии он. Пас хулоса ин аст, ки зарари поинравии қурби рубл, аз фоидаи он бештар аст. Ҳамчунин бо поин рафтани қурби рубл маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба Русия низ қиматаш поин меравад»-, шарҳ дод, Абдуманнон Шералиев.

Пас аз ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳрим ҷорӣ карданд ва он замон қурби рубл ба таври назаррас поин фаромад, вале дертар каме "ҷон" гирифт. Ҳоло дигарбора рӯ ба поин ниҳодааст.

Дар худи Русия низ арзиши асъораш дар баробари доллари амрикоӣ поин рафта, як доллар ба 92-94 рубл баробар шудааст. Ба назари бархе иқтисоддонҳои ин кишвар ошӯби нофарҷоми Евгений Пригожин бо гуруҳаш "Вагнер" ва талаботи зиёд ба арзи хориҷӣ дар Русия сабаби поин рафтани қурби рубли русӣ шудааст.

Чунин вазъият ба ҷайби муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия бетаъсир намемонад, зеро маҳсулоте, ки аз хориҷа бар ивази доллар ба ин кишвар ворид мешаванд, нархаш боло меравад.

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯйи кору маоши муносиб ба Русия мераванд ва ин кишвар яке аз манбаъҳои асосии даромади хонаводаҳо ба шумор меравад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ҳар тағйир дар арзиши рубл ба вазъи зиндагии онҳо таъсир хоҳад гузошт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG