Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 200 ҳазор бемори дил. Чаро "муҳаррик"-и бадани тоҷикон "суст" шудааст? ВИДЕО


Маркази бемориҳои қалб
Маркази бемориҳои қалб

Акбаршо Ҷонаков бори дуввум аст, ки беҳуш шуда меафтад. Дарди дил ин сокини 66-солаи шаҳри Душанберо ба чунин ҳол овардааст. Ӯ 13 сол боз гирифтори бемории қалб аст.

Мегӯяд, дармонҳои фармудаи табибонро ҳамеша ва сари вақт истифода мебарад, вале бори дуввум аст, ки ба шӯъбаи наҷоти Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил меафтад.

Акбаршо Ҷонаков
Акбаршо Ҷонаков

"Дар хона афтида беҳуш шудам, маро ба ин ҷо оварданд. Табобати нағз карда истодаанд, табибон, ҳамшираҳои шафқат ҳамеша болои сарам ҳастанд,”-афзуд ӯ.

Дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор нафар ҳамтақдири Акбаршо Ҷонаков ҳастанд.

Як радабандии ҷаҳонӣ Тоҷикистонро аз рӯи фавти сокинонаш бар асари бемориҳои қалб миёни 183 кишвар дар ҷойи аввал гузоштааст. Ба навиштаи саҳифаи “World of Statistics” ва ё “Омори ҷаҳонӣ” дар Твиттер, аз 100 ҳазор сокини Тоҷикистон 389 нафарашон аз бемориҳои гуногуни дил мефавтидаанд.

"World of Statistics" намегӯяд, ки ин омор чӣ гуна бароварда шудааст, аммо ададҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар ин радабандии ҷаҳонӣ ҷойи аввал, Озарбойҷон ва Узбакистон дар мақоми дуввум ва сеюманд.

раддандие, ки мақомот қабул надоранд
раддандие, ки мақомот қабул надоранд

Тибқи нишондодҳои ин саҳифа, аз ҳама кам дар кишварҳои Кореяи ҷанубӣ, Фаронса ва Ҷопон сокинон аз бемориҳои қалб мефавтидаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори саҳифаи “World of Statistics”-ро дар бораи Тоҷикистон қабул надоранд.

Баҳодур Зокиров, мудири шӯбаи давлатии "Наҷот" дар Маркази ҷумҳуриявии дармони дил мегӯяд, феълан дар Тоҷикистон 219 ҳазору 100 гирифтори бемории дил ба қайд гирифта шудааст.

"Аз ин 3 ҳазору 910 нафар аввалин бор ба бемории дил гирифтор шудаанд. Дар маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил дар давоми ним сол 2 ҳазору 865 бемор муолиҷа шуда, рухсат шудаанд,"-афзуд ӯ.

Зокиров омори марги сокинон аз бемориҳои қаблро дақиқан нагуфт, вале афзоиши гирифторшавӣ ба бемориҳои дилро тасдиқ кард.

Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:

Чаро дили тоҷикон сусту осебпазир шудааст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:15 0:00

Қаҳрамони гузориши мо Акбаршо ва шояд бисёр беморони дил намедонад, ки чаро ба ин беморӣ гирифтор шудаанд. Табибон бар ин назаранд, ки сабабу омилҳои гирифторшавӣ ба бемориҳои дил мухталиф буда, солҳои ахир доираи он васеътар шудааст. Пизишкон бемории қалбро хатарзо арзёбӣ намуда, ҳамзамон таъкид мекунанд, ки сокинон на ҳамеша паёмадҳои онро ҷиддӣ қабул мекунанд.

Баҳодур Зокиров, пизишки тоҷик сабаби гирифторшавӣ ба бемориҳои қалбро ғизоҳои тезтайёр, нӯшобаҳои нерӯафзову спиртӣ, тағйири иқлим, буҳронҳои магнитӣ, истифодаи барзиёди телефону таҷҳизоти мобилӣ ва садамаҳои равонӣ мебинад. Ӯ ҳамчунин аз ҷавоншавии бемории қалб нигаронӣ кард:

Баҳодур Зокиров
Баҳодур Зокиров

"Худи ҳамин сол дар 23 солагӣ сактаи миокард ба қайд гирифтем. Дар ҷавонҳо, ки солҳои пеш ин чиз ба қайд гирифта нашуда буд".

Баъзе сокинон бар инанд, ки сахтиҳои рӯзгор сабаби асабонияту ошуфтагияшон шуда, дар ниҳоят бемории дил мешаванд.

“Ҳоло мушкилот зиёд, намедонем дар бораи кадомаш фикр кунем ва аз чӣ роҳҳо ҳал кунем. Ҳамин камбудиҳои рӯзгор аст, ки аз стресс, аз зиёд фикр кардан ахир касалии дил мешавем”-афзуд, Сироҷиддин Ҳафизов, истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода.

Тибқи иттилои расмӣ, ба Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои қалб дар як шабонарӯз аз 50 то 100 нафар муроҷиат мекардаанд.

Дар ин марказ ва дигар беморхонаҳои давлатӣ мегӯянд, табобати бемории қалб барои пиронсолон ройгон аст. Вале борҳо шикоят шудааст, ки на ҳама тавонистаанд, аз ин имконият саривақт истифода баранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG