Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баста шудани "Сементи Душанбе". Сабаб олудагии ҳаво ё корхонаи домоди президент?


Ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, ки фаъолияти яке аз корхонаҳои қадимтарини истеҳсоли семент дар Тоҷикистон то охири имсол боздошта шавад, зеро ҳавои шаҳри Душанберо бисёр олуда мекунад. Хабаргузории давлатии “Ховар” рӯзи 18-уми июл хабар дод, ки қарори манъи фаъолияти корхона дар ҷараёни ҷаласаи ҳукумат қабул шудааст.

Дар хабар омадааст, “корхонаи мазкур, ки солҳои 40-уми асри гузашта сохта шудааст, имрӯзҳо умуман ба талабот ҷавобгӯ набуда, таъсири бевоситаи худро ба экологияи шаҳр ва сокинони он расонида истодааст.”

Ҳанӯз соли 2019 мақомоти Тоҷикистон хабар дода буданд, ки корхонаи "Сементи тоҷик", ки дар қисмати шимолии шаҳри Душанбе ҷойгир аст, аз фаъолият монда ба ҷои он дар як маҳаллаи наздик ба он корхонаи нави сементбарорӣ фаъол хоҳад шуд. Қарор аст дар ҷойи кунунии корхонаи “Сементи тоҷик” биноҳои истиқоматӣ ва корхонаи қаннодӣ бунёд мешавад.

корхонаи нави сементи Душанбе
корхонаи нави сементи Душанбе

Кофтукоби Радиои Озодӣ нишон дод, ки олуда кардани ҳаво зоҳиран сабаби ягонаи қатъи фаъолияти корхонаи сементи Душанбе нест. Соли 2019 Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки дар шафати дасти рост ва каме болотар аз ҳудудҳои кунунии корхонаи "Сементи тоҷик", як корхонаи дигар аз тарафи ширкати "Фароз" сохта мешавад. Тибқи иттилои дарёфтӣ ин корхона бунёд шуда, ҳанӯз маълум нест, ки кай ба кор оғоз мекунад. Ба иттилои мақомот "Фароз", ширкати вобаста ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳанӯз соли 2019 корашро бас кардааст. Як пажуҳиши Радиои Озодӣ дар моҳи декабри ҳамон сол маълум кард, ки ин барҳамхӯрӣ танҳо барои бартараф кардани калимаи "Фароз" буд ва аксар ширкатҳои он ба таври гуё мустақилона ё бо номи дигар кори худро давом дода, масири даромадашон тағйир накардааст.

Корхонаи истеҳсоли семент дар канори шаҳри Душанбе аст ва яке аз корхонаҳои олудасозандаи ҳаво дар пойтахти Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.Ин корхонаҳои истеҳсоли семент ҳамеша мавриди нигаронии фаъолони муҳити зист ва ҳам сокинони атрофи корхона буд. Бо болотар рафтани ҳарорат дар тобистони имсол ҳаво дар Душанбе олудатар ва барои сиҳатии инсон хатарноктар шудааст. Бори аввал аст, ки ҳукумат барои олуда кардани ҳаво фаъолияти як корхонаи азими саноатиро бозмедорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG