Дар ҳоле, ки сокинони атрофи корхона солҳост аз фаъолияти ин корхона, бахусус полоишгоҳи он шикоят доранд, масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯянд, вазъият ба ин ҳадд нигаронкунанда нест.
Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист 31-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, гуруҳи кории ҳукуматӣ фаъолияти корхонаи “Зарафшон” ва риояи меъёрҳои ҳифзи муҳити зистро дар он санҷид.
Мақомот: Ҷойи тарсу нигаронӣ нест
Саидусмон Судуров, корманди масъули Кумитаи муҳити зист дар шарҳи санҷиши гузарондашуда гуфт, онҳо лабораторияи сайёрро ба наздикии корхона бурда, ҳавои атрофро санҷиданд.
“Аз моддаҳои зиёноваре ки аҳолӣ мегӯянд, моддаҳои заҳрнок аз меъёр зиёд ошкор нашудаст. Вале вобаста ба вазиши шамол чанг аз меъёр зиёд ошкор карда шуд. Аз тарафи мақомотҳои назоратӣ чораҷӯӣ карда шуд, зарар ҳисоб ва ба корхона пешниҳод карда шуд ва рӯёнда шуд. Вале моддаҳои заҳрноке, ки мардум ҳарос доранд ва шикоят мебаранд, аз ҷониби лаборатория дар ин санҷиш ошкор карда нашуд,”-афзуд Саидусмон Судуров.
Корхонаи тиллои “Зарафшон”, ки 70 дарсадаш ба ширкати чинӣ ва 30 дарсадаш ба ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ дорад, дар фосилаи тақрибан 300-метрии деҳаи Хумгарони шаҳри Панҷакент ба истеҳсоли тилло машғул аст.
Сокинони ин ҷамоат солҳост аз фаъолияти ин корхона, бахусус полоишгоҳи он дар канори деҳа шикоят доранд. Бошандагони атрофи он талаб доранд, ки ё ин полоишгоҳ баста шавад ё онҳоро ба дигар ҷой кӯчонанд. Чун ба гуфтаи мардум, моддаҳои заҳрноке, ки ба полоишгоҳ партофта мешавад, саломатии онҳоро дар маърази хатар мегузорад.
Шикояти сокинон аз бад шудани взаъи саломатӣ
Асадулло Раҳмонов, сокини деҳаи Хумгарон, моҳи июни имсол дар суҳбат ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфт, “саҳар аз хоб мехезед аз тарафи полоишгоҳ буй мезанад, саратон чарх мезанад.”
Деҳаи Хумгарони шаҳри Панҷакент то 25 сол пеш, ба гуфтаи сокинонаш, табиати зебо ва обу ҳавои мусаффо дошт. Баъди бунёд шудани корхонаи азими истихроҷи тило он ҳамаро нобуд кардааст. Ба иддаои сокинон, баъди чанд соли фаъолияти корхона вазъи саломатиашон бад шуд.
Масъулини корхонаи «Зарафшон» ва ҳам мақомот талош мекунанд, таъсири манфии ин коргоҳи истихроҷи тиллоро ба муҳити зист кам нишон диҳанд. Масъулини корхона ва мақомот борҳо гуфтаанд, лоиҳаҳои корхонаи Зарафшон «бо сохторҳои дахлдор мувофиқа шуда,» «хулосаи экологӣ» доранд.
Аммо сокинони ҷамоати Хумгарон ба ин ҳарфҳо розӣ нестанд ва солҳост аз фаъолияти ба гуфтаашон зараровари корхонаи “Зарафшон” ба мақомот шикоят мекунанд. Сарфи назар аз норозигии сокинон, моҳи июли имсол, полоишгоҳи сеюми корхонаи Зарафшон ифтитоҳ шуд.
Мақомот мегӯянд, сокинони ҷамоати Хумгарон барои кӯчидан маблағ ва замин гирифтаанд, аммо намекӯчанд. Сокинон инро рад карда гуфтанд, танҳо як қисмати ками деҳа барои кӯчидан маблағ гирифтаанд.
КОРБАРОНИ АЗИЗ РАДИОИ ОЗОДӢ ДАР БОРАИ ТАЪСИРИ КОРХОНАҲОИ ЧИНӢ АЗ ҶУМЛА КОРХОНАИ “ЗАРАФШОН” БА МУҲИТИ АТРОФ, ТАҲҚИҚОТ АНҶОМ ДОДААСТ, КИ ДАР МОҲИ АВГУСТ ТАҚДИМИ ШУМО МЕШАВАД.
Гуфтугӯ