Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷозаи кори"Сангтуда-1" тамдид нашуд. Раиси нерӯгоҳ аз камбуди барқ ҳушдор дод. ВИДЕО


Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон муҷаввизи “Сангтуда-1” яке аз нерӯгоҳҳои бузурги кишварро, ки 75 дарсади саҳмияҳояш аз Русия аст, моҳҳо боз тамдид накардааст.

Раҳбарияти нерӯгоҳ ҳушдор додааст, ки идомаи таъхиркорӣ дар дарёфти иҷозатнома барои кор, метавонад боиси мутаваққиф шудани кори ин нерӯгоҳ гардад.

Далер Ҷумъа, вазири энержии Тоҷикистон тасдиқ намуд, ки “Сангтуда-1” санадҳояшро барои дастрас намудани иҷозатнома ба онҳо пешниҳод кардааст, вале шарҳи бештар надод. Ӯ рӯзи 31-уми июл дар нишасти хабарии ниҳоди зери раҳбарияш ба пурсишҳои батакрори хабарнигорон посухи дақиқ надод ва нагуфт, ки чаро иҷозатномаи кори “Сантуда-1”-ро намедиҳанд.

Тоҷикистон муҷаввизи кори нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1-ро тамдид накардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

“Ин мавзӯъ характери корӣ дорад ва бевосита аз тарафи шахсони масъул баррасӣ хоҳад шуд. Ин як тарҳи муштарак аст, ки саҳмаш дар рушди энергетика бузург аст. Ҳарду муассисон мунтазам вохурӣ мекунанд барои чораҳои зарурӣ андешидан, ки нерӯгоҳ кору фаъолияти мунтазам дошта бошад. ”-афзуд, вазири энержӣ.

Ҷониби нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда 1" мегӯянд, сабаби таъхир дар додани муҷаввизи фаъолиятро намедонанд. Елена Андронова, масъули Дафтари матбуоти нерӯгоҳи “Сангтуда-1” дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, беш аз се бор ба Вазорати энержии Тоҷикистон барои дарёфти муҷаввиз муроҷиат кардаанд, вале то ҳол бенатиҷа мондааст.

“Сабабро нагуфтанд. Мо ҳам намедонем. Агар ҳамин хел идома ёбад, дар оянда шояд ки мо фаъолиятро қатъ кунем”-афзуд, ӯ.

Дар робита ба ин масъала, Александр Шевнин, директори “Сангтуда-1» ба вазири энержии Тоҷикистон муроҷиат карда будааст.

«Азия-плюс» хабар дода, ки нусхаи ин муроҷиатномаро дорад ва директори “Сангтуда-1" дар муроҷиаташ ҳушдор додааст, ки "таъхири минбаъдаи ҳалли мушкилот" метавонад боиси мутаваққиф шудани фаъолияти ин нерӯгоҳ гардад, ки "ба камбуди нерӯи барқ дар системаи энержии Тоҷикистон, бахусус дар давраи тирамоҳу зимистон ва қатъ шудани масрафкунандагон мунҷар мешавад”.

Ҳамчунин барои таъхир дар додани муҷаввизи фаъолият, нирӯгоҳ ба додситонии кулли Тоҷикистон муроҷиат намудааст.

Елена Андронова, масъули Дафтари матбуоти нерӯгоҳи “Сангтуда-1” мегӯяд, бори аввал аст, ки чунин мушкил ба миён меояд.

Аз сӯи нерӯгоҳ барои тамдиди ду иҷозатонома ба унвонии вазорат ариза пешниҳод шудааст, ки ҳардуяш ба фаъолиятҳои он рабт дорад. Аризаи якум беш аз ҳашт моҳ пеш ва дуввумӣ се моҳ боз дар баррасии Вазорати энержӣ қарор доштааст.

То ҳол маълум нест сабаби аслии чунин бархурди Вазорати энержӣ дар нисбати ин нерӯгоҳ чист. Вале масъулини нерӯгоҳ солҳост аз пардохт нашудани маблағи барқи тавлидшуда аз сӯи "Барқи тоҷик" шикоят доранд. Намояндагони "Барқи тоҷик" гуфта буданд, қарзро дар асоси тавоноӣ ва марҳила ба марҳила пардохт мекунанд.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, эҳтимол мушкили муҷаввиз ҳам ба баҳси Нерӯгоҳ бо "Барқи тоҷик" рабт мегирад.

Масъулини нерӯгоҳи барқии "Сангтӯда-1" мегӯянд, дар ним сол дар ҳаҷми 1 млрд. 376 млн киловатт-соат нерӯи барқ тавлид карда, ба ширкати "Барқи тоҷик" интиқол доданд. Тавлиди барқ назар ба ҳамин давраи соли гузашта 84 млн. киловат соат бештар будааст.

Аммо дар хабарномаи ширкати "Сангтӯда-1" омадааст, дар ним соли аввал, ширкати "Барқи тоҷик" танҳо то 31 дарсади маблағи барқро пардохт кардааст. Намояндагони ин неругоҳ гуфтанд, қарзи "Барқи тоҷик" аз "Сангтӯда-1" имсол 346 млн. сомонӣ зиёд шуда, ба 2,7 миллиард сомонӣ расидааст.

Ҳукумати Тоҷикистон чандин маротиба қарзи "Барқи тоҷик" аз неругоҳи "Сангтӯда -1"-ро аз ҳисоби андоз кам мекунад.

Нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" бо сармояи Русия дар дарёи Вахш сохта шуда, 75 дарсад саҳми он ба Русия ва 25 дарсади дигар ба Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG