Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршинос: мошинҳои куҳна не, фурӯхтани "права" сабабгори садама аст. ВИДЕО


Мошинбозори Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ
Мошинбозори Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ

Раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, як сабаби асосии садамаҳои пурқурбонии вақтҳои охир дар кишвар, истифода аз мошинҳои куҳна аст. Ба ин хотир Хуршед Каримзода гуфт, аз 2-юми октябри имсол воридоти мошинҳои истеҳсолашон то соли 2013 ба Тоҷикистон манъ мешавад. Коршиносон мегӯянд, манъи воридоти мошинҳои куҳна дастрасии мардумро ба хариди нақлиёт кутоҳ мекунад ва барои кам кардани садамаҳо бояд фасодро дар ин бахш аз байн бурд.

Хуршед Каримзода
Хуршед Каримзода

Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумрук 11-уми август зимни нишасти хабарӣ гуфт, таҳлилҳо нишон додаанд, ки сабаби асосии ин садамаҳо истифода аз мошинҳои фарсуда мебошад ва манъи воридоти онҳо амри зарурӣ аст. Каримзода афзуд, тақрибан ду моҳ барои воридоти чунин мошинҳои воридотии фармоишшуда замони кофӣ аст.

“Он шаҳрвандоне, ки аллакай мумкин шартнома доштанд ё воситаҳои нақлиётии харидоришуда дар роҳ аст, муҳлати кофӣ аст. Аз кадом гӯшаи замин набошад давоми як моҳ ба Тоҷикистон дастрас карда мешавад,”-афзуд Каримзода.

Ба иттилои роҳбари Хадамоти гумрук, солҳои ахир даҳҳо ҳазор мошинҳои дасти дуввум аз кишварҳои аврупоӣ ба Тоҷикистон оварда шудааст, ки бештарашон хатарзо мебошанд. Танҳо имсол ба Тоҷикистон беш аз 22 ҳазор мошинҳои истифодашудаи аврупоӣ ворид шудааст.

Тоҷикистон вуруди мошинҳои куҳнаро манъ мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:49 0:00

Оғози соли 2018 низ ҳукумати Тоҷикистон вуруди мошинҳои тавлидашон то соли 2005-ро манъ ва сабабро ҳифзи муҳити зист гуфта буд. Хуршед Каримзода гуфт, ки баъд аз тасвиби ин қарори ҳукуматӣ тоҷирон талош мекарданд "бо иваз кардани вин-коди мошин ба кишвар мошинҳои истеҳсолашон то соли 2005-ро ворид созанд. Он замон мо якҷо ба масъулини ВКД санҷиши техникии мошинҳои воридшуда барои мушаххас кардани соли истеҳсолашонро роҳандозӣ кардем ва мардум фаҳмиданд, ки манъ аст, дигар ворид намекунанд".

Ҷаноби Каримзода афзуд, ки "дар се соли ахир ба Тоҷикистон ҳудуди 110 ҳазор мошинҳои тавлидашон то соли 2013 ворид карда шудааст, ки барои кишвари кӯчаке ба мисли Тоҷикистон хеле зиёд аст. Дар кишварҳои пешрафта барои безарар кардани чунин мошинҳо маблағ месупоранд, вале тоҷирони мо ба хотири арзониаашон онҳоро ба Тоҷикистон ворид месозанд ва мардум онҳоро харидорӣ мекунанд”.

Садама дар Файзобод, ки 11 касро қурбон кард
Садама дар Файзобод, ки 11 касро қурбон кард

Воридоти мошинҳои истеҳсолашон то соли 2013 баъди рух додани чандин садамаҳои мудҳиш дар кишвар манъ шуд. Дар чанде аз ин ҳодисаҳо аз ҷумла дар ноҳияи Файзобод мошинҳои куҳна бо ҳам бархӯрданд ва 11 кас ҳалок шуд. Коршиносон танҳо манъ кардани воридоти мошинҳои то соли 2013-ро роҳи ҳалли масъала намедонанд.

Зулфиқори Исмоилиён, таҳлилгари масоили иқтисодӣ ба ин назар аст, ки Тоҷикистон дар мавриди манъи воридоти мошинҳои қадимӣ набояд ба мисли кишварҳои пешрафта рафтор кунад.

Ба таъкиди коршинос, "баръакс бояд монанд, ки мардум рафта, мошинҳои арзонро биёранд, бихаранд. Ин ҷо масъала дигар аст, бояд фарҳанги ронандагиро дуруст ба роҳ монанд, "права"-ро нафурӯшанд, ронандаҳоро тарбият кунанд. Охир, чи хел мешавад, ки ба одами нахондагӣ калиду ҳуҷҷати ронандагӣ медиҳанду мегӯянд ронда гард?"

Аз аввали соли ҷорӣ дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон чанд садамаи пурқурбонӣ рух дод ва теъдоде аз сокинон дар онҳо ҷон бохтанд. Ин амр мояи нигаронии мақомоти баландпояи Тоҷикистон шуд ва раиси ҷумҳур роҳбарияти Бозрасии давлатии автомобилии кишварро иваз кард.

Ба Тоҷикистон воситаҳои нақлиёти дасти дуввум ворид карда мешавад, ки арзиши гумрукии онҳо нисбат ба мошинҳои нав паст аст. Дар дигар кишварҳо баръакс.

Нақлиёти автомобилӣ асосан аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, Чин, Куриё ва Амрико ворид карда мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG