Ҳукумати Тоҷикистон созишномаеро бо Русия тасдиқ кардааст, ки муҳоҷирони тоҷик дер боз интизораш буданд.
Созишнома байни Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон ва Вазорати кору ҳифзи иҷтимоии Русияро раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон охири моҳи июни имсол имзо кард ва як нусхаи он рӯзи 15-уми август ба дасти Радиои Озодӣ расид.
Дар қарор аз мақомоти Тоҷикистон хоста шудааст, ки Қарордоди ҳамкориро дар бораи таъмини ҳаққи бознишастагӣ байни Тоҷикистону Русия аз моҳи сентябри соли 2021 мавриди иҷро қарор бидиҳанд.
Интизор меравад, бо ҳукми иҷро гирифтани созишнома ҳар муҳоҷири корие, ки дар Русия андози иҷтимоӣ мепардозад, бо расидан ба синни бознишастагӣ нафақа хоҳад гирифт.
Тоҷикистону Русия сари ин созишнома баҳси зиёде доштанд.
Душанбе мехост, Русия пули нафақаро ба Тоҷикистон бидиҳад ва намояндагони ҳукумат пулро ба муҳоҷирони бознишаста расонанд.
Русия ба ин шарт розӣ набуд ва мехост нафақаи муҳоҷиронро пардозад.
Бисёре аз муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Русия солҳои дароз кор кардаанд, баъд аз расидан ба синни нафақа аз Русия ҳаққи бознишастагӣ намегирифтанд.
Гуфтугӯ