Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи беш аз 50 кило ҳашиш дар марзи Узбекистон бо Тоҷикистон


Дар гузаргоҳи марзии "Ойбек" дар марзи Узбекистон бо Тоҷикистон марзбонон ва кормандони гумруки Узбекистон мошинеро боздошт карданд, ки дар дохилаш маводи мухаддир дошт.

Дар ин бора Раёсати гумруки вилояти Тошканди Узбекистон хабар медиҳад.

Маводи мухаддирро дар дохили зарфи газ ва сӯзишвории мошин ҷойгир карда будаанд.

Ташхиси мақомоти Узбекистон нишон додааст, ки ба ин тартиб, талош шудааст, 52,8 кило ҳашиш ва бештар аз 3 кило ҳероин ба Узбекистон интиқол дода шавад.

Тафтиши пешакӣ аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар робита ба ин хабар вокунише нишон надодаанд.

XS
SM
MD
LG