Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин аз "хато" ва "истеъдод"-и Пригожин гуфт. ВИДЕО


Владимир Путин
Владимир Путин

Президенти Русия пас як рӯзи суқути ҳавопаймо дар наздикии Твер, ки эҳтимол мудири ширкати ҳарбии "Вагнер" Евгений Пригожин дар дохилаш буд, дар бораи ин ҳодиса ибрози назар кард. Вай 24-уми август тавассути телевизион "ба хонаводаи ҷонбохтагони ҳодиса" ҳамдардӣ намуд ва онро "фоҷиа" номид.

Владимир Путин дар бораи марги Пригожин, ки ҳанӯз расман тасдиқ нашудааст, чизе нагуфт, аммо дар бораи ӯ чун дар замони гузашта сухан ронд. "Ман Пригожинро муддати дароз, аз ибтидои солҳои 90-ум медонистам," – гуфт Путин.

Вай афзуд, Пригожин дар зиндагӣ ба "иштибоҳҳои ҷиддӣ" роҳ дод, аммо ба "натиҷаҳои зарурӣ" даст ёфт. "Ҳам барои худаш ва ҳам замоне ки барои манфиатҳои умумӣ аз ӯ дар ин бора хоҳиш кардам," – илова намуд президенти Русия.

Путин дар идома аз Пригожин "тоҷири боистеъдод" ном гирифт, ки натанҳо дар дохил, балки дар хориҷи Русия, бахусус Африқо ба тиҷорати маъдану сангҳои гаронбаҳо машғул буд. Раиси ҷумҳури Русия ҳамагӣ ду моҳ пеш ӯро "хоин" хонда буд.

Дар ҳоле ки Путин гуфт, сабаби суқути ҳавопайморо таҳқиқ хоҳанд кард, хабаргузории Reuters аз қавли таҳлилгарони низомии амрикоӣ навишт, Вашингтон бовар дорад, ки як мушак аз дохили хоки Русия ҳавопаймои ҳомили Пригожинро сарнагун кардааст.

Ҳавопаймое, ки гумон меравад мудири "Вагнер" дар дохилаш буд, рӯзи 23-юми август дар роҳ аз Маскав ба Санкт-Петербург дар Твер афтод. Касе аз мусофирон ва сарнишинҳои ҳавопаймои “Embraer-600"-и истеҳсоли Бразилия зинда намондааст.

“Росавиатсия”, Оҷонси нозир ба бехатарии парвозҳои Русия, иброз дошт, ки дар рӯйхати мусофирони ҳавопаймои сарнагуншуда номи раиси “Вагнер” – Евгений Пригожин ва муовини ӯ Дмитрий Уткин ҳам сабт шудааст. Хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Русия ба хабаргузории давлатии РИА Новости иттилоъ дод, ки дар макони суқути ҳавопаймо ҳашт ҷасад ёфт шуд, аммо номи онҳоро ошкор накард.

Саҳифаи зери назорати гурӯҳи “Вагнер” дар Телеграм марги Пригожинро тасдиқ кард. "Серая Зона" Пригожинро "қаҳрамон" номид ва навишт, ки ӯ аз дасти "хоинони ватан" ба қатл расид.

Ҳамин саҳифа дар гузорише дигар иддао кард, ки Пригожин дар ҳавопаймои дигари гурӯҳи “Вагнер” буд ва он ҳавопаймо дар вилояти Маскав ба замин нишаст. Ин маълумотро то ҳол ягон манбаи дигар тасдиқ накардааст.

Аз "ошпази Путин" то "пешвои зархаридон"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:28 0:00

Пригожин ду моҳ пеш муқобили фармондеҳони баландрутбаи низомии Русия исёни кӯтоҳмуддате бардошта, сипас бар пояи созиш бо Кремл розӣ шуд, ки ҳамроҳи зархаридонаш ба Беларус кӯчад.

Дар ҳамин ҳол, бахши беларусии Радиои Озодӣ рӯзи 24-уми август гузориш дод, ки қариб сеяки хаймаҳои аъзои “Вагнер” дар ин кишвар барчида шуданд. Манбаъ баъд аз омӯзиши наворҳое, ки 23-юми август аз ширкати Planet Labs дастрас кард, ба ин натиҷа расидааст.

Ба ҳисоби бахши беларусии Радиои Озодӣ, дар қисмати шимолии урдугоҳ дар наздикии шаҳри Осипович 129 хайма буд. То ин дам 65 хаймаро бардоштаанд. Дар ғарби урдугоҳ аз 64 хайма 27 ва дар қисмати марказӣ аз 80 хайма 9 хаймаро аз байн бурдаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG