Маориф, тандурустӣ...
"15 ҳолат ба соҳаи маориф; 16 ҳолат ба соҳаи тандурустӣ; 6 ҳолат дар ҳукуматҳои маҳаллӣ, 2 ҳолат дар Хоҷагии коммуналӣ ва 1-ҳолатӣ ба вазорати нақлиёту кишоварзӣ, Кумитаи замин, Саридораи бойгонӣ ва Оҷонси беҳдошти замин рост меояд," – гуфт Нигора Муқимӣ, намояндаи Оҷонси мубориза бо коррупсия. Суҳбати ӯ дар нишасти матбуотӣ ва рӯзи 15-уми августи имсол садо дод.
Хонум Муқимӣ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки оё кори хешовандони наздик дар миёни мақомоти баландпояи Тоҷикистон низ ошкор шудааст ё не, гуфт, феълан танҳо ҳамин миқдор қонунвайронкуниро фош карданд.
Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, омори Оҷонси мубориза бо коррупсияро "нодуруст" номид. Ба бовари ӯ, миқдори воқеии чунин мавридҳо бамаротиб бештар аз рақамҳои пешниҳодист.
"Ин мушкил аз маъмурияти раиси ҷумҳурӣ сар карда тамоми ниҳодҳои давлатиро то сатҳи ҷамоатҳо фаро гирифтааст. Боис ба таассуф аст, ки маҳз робитаҳои хешутаборӣ ва авлавият додан ба чунин муносибатҳои асримиёнагӣ рафти татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва таҳаввулоти иҷтимоӣ ва сиёсӣ ва ҷиҳати самаранок истифода намудани барномаҳои қабулшудаи давлати Тоҷикистонро халалдор кардааст," – шарҳ дод ӯ.
"Чашм мепӯшанд"
"Ин амр тааҷҷубовар ҳам нест, зеро Оҷонси мубориза бо коррупсия солҳои охир ҷинояткоронро танҳо дар миёни устодон ва пизишкон меҷӯяд," -- илова кард Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигори тоҷики муқими Аврупо.
Ба қавли ӯ, "мутаассифона, ба мавридҳои бешумори фаъолияти хешовандон дар сохторҳои қудративу низомӣ чашм мепӯшанд. Намояндаҳои як оила дар ин сохторҳо даҳсолаҳо боз мақомдор ҳастанд ва касе наметавонад ба зидди онҳо амале анҷом диҳад."
Transparency International ё Шаффофияти Байнулмилал дар аввали соли 2022 гуфт, ки "аксарият дар Тоҷикистон бовар доранд, порагирӣ, азхудкунии пули давлат, хешутаборбозӣ ва мавридҳои дигар аз масоили паҳншуда мебошад."
Як пурсиши сарироҳӣ дар Душанбе ҳам маълум кард, ки назарҳо ба кори якҷояи хешовандон дар мансабҳои муҳим яксон нест.
"Хешутаборӣ дар ҳокимият аз азал буд,"– гуфт яке аз роҳгузарон. Дигаре афзуд, "вақте хешовандон дар як ниҳод кор мекунанд, ҳатто агар мутахассиси олиҷаноб бошад ҳам, наметавонад бар хилофи наздиконаш фаъолият кунад."
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдон ва мудири созмони иҷтимоии "Перспектива+", ба ин назар аст, ки хешутаборбозӣ дар кишварҳои демократӣ тақрибан аз байн рафта, ҳоло бештар дар кишварҳои шарқӣ мондааст. Ӯ ба унвони мисол гуфт, то чанд сол пеш аз фаъолияти Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбекистон тавсиф мешуд, вале ҳоло ӯ духтари 38-солаи худро мушовири асосӣ дар ҳукумат таъйин кард.
"Ҳар давлат новобаста аз маҳал ва наздикии хешутаборони мақомдор бояд аз кадрҳои беҳтарину арзанда истифода кунад. Ҳатто ректорони донишгоҳҳоро бубинед, ки қариб ҳамагӣ аз як ҷоянд. Баръакс, ҳукумат бояд аз кадрҳои бегона истифода барад ва ин кор ба фоидаи ҳукумат мешавад," – афзуд ӯ.
Видеоро дар инҷо бинед:
Кӣ дар куҷо?
Тибқи қонунгузории Тоҷикистон ба феҳристи хешовандоне, ки кори якҷояи онҳо дар сохторҳои давлатӣ манъ аст, зану фарзанд, бародар, падару модар, хоҳар, бародарзода, хоҳарзода... тағо, хола ва амак дохил карда шудаанд.
Мухолифони ҳукумати Тоҷикистон раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро пайваста ба хешутаборбозӣ (непотизм) ва инҳисор (монополия)-и қудрат танқид мекунанд. Ӯ падари ҳафт духтар ва ду писар аст.
Писараш Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбест. Духтараш Озода Раҳмон раиси Дастгоҳи иҷроияи президент аст ва духтари дигараш Рухшонаи Эмомалӣ сафир дар Бритониё ва Ирландияи Шимолӣ. На президент ва на наздиконаш дар мавриди иттиҳомҳои хешутаборбозӣ дар ниҳодҳои расмӣ ибрози назар накардаанд.
Гуфтугӯ