Гурӯҳе аз зиндониёни тоҷик аз мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд, барои идомаи адои ҷазо онҳоро ба ватан баранд, вагарна ба ҷанги зидди Украина фиристода мешаванд. То ин дам хабари беш аз 20 маҳбуси тоҷик аз Украина омадааст ва боқимондаҳо ҳам тарс доранд, ки ин сарнавишт ба сари онҳо меояд.
Зиндониёни тоҷик дар Русия мегӯянд, то ҳол даъватҳо барои рафтан ба ҷанг дар Украина идома дорад. Аз ҷумла дар зиндони шаҳри Қазони Тотористон, ки даҳҳо маҳбуси тоҷик онҷо нигаҳдорӣ мешаванд.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Як маҳбуси тоҷик, ки ба далели амниятӣ нахост номаш зикр шавад, аз Радиои Озодӣ хост, ин паёми онҳоро ба мақомоти тоҷик расонем:
“Агар ба Тоҷикистон набаред, ба ҷанг мебаранд. Ба мардуми худамон пул ва ваъдаҳои дигар дода, даъват карда истодаанд, бисёрашон ба ин ваъдаҳо дода шудаанд. Аз тамоми давлатдорони тоҷик хоҳишу илтимос дорем, ки мардуми худамонро ба кишвари худамон баранд. Қирғизистон бисёри шаҳрвандони худро бурд, онҳо хеле зиёд буданд ин ҷо. Ҳоло теъдоди ками онҳо мондааст. Падару модарҳои мо аз хабарҳо дар бораи аз зиндон ба ҷанг бурдани муҳоҷирон ва кушта шудани онҳо нигарон ҳастанд,”-гуфт, маҳбуси тоҷик аз Қазон.
Маҳбусони тоҷики зиндони Қазон мегӯянд, барои ба ватан фиристодан ба ҷамъиятҳои тоҷикон ва намояндагиҳои Тоҷикистон дар Русия расонданд, аммо натиҷа маълум нест.
Ин ҳамсуҳбати мо афзуд, тақрибан 30 зиндонии тоҷик барои рафтан ба ҷанг розӣ шудаанд. Аксаран онҳо нафароне будаанд, ки аз 10 то 18 сол ҳукми зиндон доранд. «Намедонем ба инҳо чӣ ваъда кардаанд. Бо ҳар як кас алоҳида алоҳида суҳбат карданд. Бисёри мардумро пули калон ваъда кардаанд,”--- афзуд маҳбуси тоҷик аз зиндони Қазон.
Мақомот: дархост нагирифтем
То ҳоло аз маҳбасҳои Русия садҳо нафар, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон ба майдонҳои ҷанги Украина бурда шудаанд. Ин кор қаблан аз сӯйи ширкати хусусии ҳарбии "Вагнер" ва бо ваъдаи афв сурат мегирад. Акнун аз сӯйи мақомот ва Вазорати дифои Русия сурат мегирад.
Маҳбусони тоҷик дар зиндони Қазони Русия мегӯянд, барои ба Тоҷикистон фиристодан, чанд маротиба ба ба Додситонии кулли Тоҷикистон ҳам муроҷиат кард, аммо боз ҳам бенатиҷа. Додситонии кулл пештар гуфта буд, дархости шаҳрвандонро барои аз зиндонҳои Русия ба Тоҷикистон овардани наздиконашон баррасӣ хоҳанд кард. Ин ниҳод нагуфтааст, то ҳол чӣ шуморе аз чунин афродро ба Тоҷикистон интиқол додааст.
Як намояндаи консулгарии Тоҷикистон дар минтақаи УФА – и Русия гуфт, бо маҳбусони тоҷик дар ин минтақа тамос доранд, аммо дар бораи ба Тоҷикистон фиристодан, дархост нагирифтаанд. Масъули консулгарӣ гуфт, агар аз зиндониён чунин муроҷиат гиранд, барои баррасӣ ба Тоҷикистон мефиристанд.
Чанде пеш Сафорати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ тасдиқ карда буд, ки аз муҳоҷирони зиндонии тоҷик дар бораи эҳтимоли сафарбар шудан ба ҷанг шикоят гирифтаанд. Сафорат дар номааш навишта буд, мавзуъро пайгирӣ мекунад, аммо дар бораи натиҷаи он хабар дода нашуд.
“Эҳтимоли ба ҷанг бурдан асос намешавад”
Масъулини намояндагиҳои Тоҷикистон дар Русия ва бархе аз ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, тартиби овардани муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон осон нест ва як марҳилаи тӯлониро дар бар мегирад.
Ҳуқуқдони тоҷик Бахтиёр Насруллоев мегӯяд, интиқоли маҳбусон аз Русия ба Тоҷикистон бар асоси созиши байни додситонҳои кулли ду кишвар ва бар пояи конвенсияи Минск анҷом мешавад. Аммо ба гуфтаи ҳуқуқшинос, барои овардани маҳбус бояд Тоҷикистон далели муҳиму ҷиддӣ пешниҳод кунад.
“Вақте наздикони маҳбус ё худаш муроҷиат мекунад, Додситонии кулли Тоҷикистон пурра меомӯзад, ки бо қадом асос маҳбусро овардан мумкин аст. Агар зарур дониста шавад, ба Додситонии Русия муроҷиат карда кафолат медиҳад, ки маҳбус давоми ҷазоро дар Тоҷикистон мегузаронад. Баъд тамоми ин ҳолатҳо боз дар Русия омӯхта мешавад. Агар иҷоза диҳанд ва ду тараф розӣ шавад, мефиристанд. Вале барои ин ягон сабаби ҷиддӣ бояд бошад. Ин, ки эҳтимолияти ба ҷанг бурдан вуҷуд дорад, асос буда наметавонад.”- гуфт, ҳуқуқдон.
Зиндонҳои Тоҷикистон пур аст?
Аммо ба гуфтаи бархе аз ҳомиёни ҳуқуқ як далели мушкил будани интиқоли маҳбусон ба Тоҷикистон, эҳтимол пур будани зиндонҳо аст. Ба гуфтаи Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик, барои ҳамин ҳукумат кушиш мекунад, ки шаҳрвандони зиндониро аз Русия нафиристанд.
«Дар гузашта ҳам овардани маҳбусон мушкил буд, маҳбусони тоҷик худашон ҳам намехостанд ба Тоҷикистон баргарданд. Чун дар зиндонҳои Тоҷикистон шароит бадтар аз Русия аст,»-афзуд Шуҳрат Қудратов.
Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, агар мақомоти тоҷик ба мушкили зиндониёни тоҷик расидагӣ накунанд, эҳтимол шумори бештари маҳбусони тоҷик аз зиндонҳои Русия бо ҳар роҳе ба ҷанг бурда шаванд.
Омори тозаи маҳбусони тоҷике, ки дар зиндонҳои Русия нигаҳдорӣ мешаванд, дастрас нест. Намояндагиҳои Тоҷикистон дар Русия ҳам аз ироаи ин омор худдорӣ мекунанд. Бар асоси маълумоти расмӣ, то ду соли пеш, беш аз даҳ ҳазор тоҷик дар боздоштгоҳ ва зиндонҳои Русия нигаҳдорӣ мешуданд.
Ҳоло дақиқ нест, ки чӣ теъдод аз маҳбусони тоҷикро ба ҷанги Украина бурдаанд. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон моҳи август ба хабарнигорон гуфта буд, дар бораи ба ҷанг сафарбар шудани тақрибан сад муҳоҷири тоҷик хабар доранд.
Тоҷикистон таҷрибаи табодули зиндониёнро бо кишварҳои дигар аз ҷумла бо Қирғизистонро дорад. Аммо дар бораи табодули зиндониён миёни Русия ва Тоҷикистон дар солҳои ахир хабару оморе нашр нашудааст. Танҳо бо талаби Тоҷикистон чандин мунтақидони ҳукумат, дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон фиристода шудаанд.
Гуфтугӯ