Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чорзарби Блогистон". Нашри китоби нави Радиои Озодӣ 


Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ китоби наверо ба номи "Чорзарби Блогистон" дар шаҳри Прага, маркази Ҷумҳурии Чехия, нашр кард.

Китоб аз навиштаҳои чаҳор муаллиф фароҳам омадааст, ки ба қавли мудири Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ Салими Аюбзод, "ҳар кадом намояндаи наслҳои гуногун буда, сабку нигоҳу оҳангу навои худро доранд".

Блогҳои донишманди саршинос Акбари Турсон, сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо ва рӯзноманигорон Раҷаби Мирзо ва Зеварбону Рауфӣ дар солҳои 2006-2023 дар сомонаи Радиои Озодӣ нашр шудаанд. Китоб аз чаҳорсад саҳифа иборат аст.

Дарди маҳалгароӣ, нигоҳе ба се даҳаи истиқлоли Тоҷикистон, камбуди мақомоту бархӯрдашон бо мушкилоти мардум, ҳуқуқи занон, таҳдидҳо ба суботу амнияти кишвар аз мавзуъҳои асосии навиштаҳост.

"Онҳо ба суоле посух меҷӯянд, ки Тоҷикистон ҳоло дар куҷои таърихи худ аст ва ба кадом самте роҳ пеш гирифтааст," – гуфт мудири Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ.

Ӯ афзуд: "Ин китоб ҳушдор аз хатарҳоест, ки Тоҷикистон дар баробари онҳо истодааст ё ба онҳо наздик мешавад ва чӣ гуна метавонад дар ин шароит роҳи худро идома диҳад."

Радиои Озодӣ соле пеш китоби "Роҳи душвори сулҳ"-ро нашру паҳн кард. Дар он китоб бори аввал матни пурраи мусоҳибаҳои Эмомалӣ Раҳмон, Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Абдулмаҷид Достиев ва дигарон нашр шуданд.

Нусхаи электронии "Чорзарби Блогистон" ба зудӣ дар сомонаи Радиои Озодӣ дастрас мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG