Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳбари ихроҷшудаи Sputnik афсари Хадамоти махсуси Русия будааст


Виталий Денисов дар либоси ҳарбӣ
Виталий Денисов дар либоси ҳарбӣ

Роҳбари хабаргузории "Sputnik Молдова" Виталий Денисов, ки 13 сентябр аз Молдова ихроҷ ва вурудаш барои 10 сол манъ шуд, корманди маркази 72-уми хадамоти махсуси Русия будааст. Дар ин бора расонаи The Insider хабар медиҳад.

"Денисов ба рӯзноманигорӣ робитаи наздике надорад ва эҳтимол меравад, ки вай афсари маркази 72-уми хадамоти махсус аст ва барои таъмини манфиатҳои Раёсати марказии иктишофии Русия дар хориҷ, хабарпароканӣ ва дурӯғпароканӣ мекунад", - хабар медиҳад The Insider.

Денисов зодаи вилояти Закарпати Украина аст, ки соли 1992 омӯзишгоҳи низомиву сиёсии шаҳри Лвовро хатм кардааст. Вай аз ёд кардани савганди Украина худдорӣ варзида ба Маскав кӯч бастааст, менависад The Insider.

Денисов дар гузашта корманди нашрияи марказии Вазорати мудофиаи Русия "Красная звезда" буд. Ҳамчунин дар нашрияи "Трибуна за рубежом" - нашрияи наздик ба мақомоти махсуси Русия мақолаву гузориш нашр мекард.

Ба навиштаи The Insider, вай соли 2016 рутбаи сарҳанг (полковник)-ро соҳиб шудааст. Соли 2019 роҳбари Sputnik дар Осетияи Ҷанубӣ, дертар дар Озарбойҷон ва соли 2022 дар Молдова таъйин шуд. Назари Денисов дар робита ба ин хабар мавҷуд нест.

Мақомоти муҳоҷирати Молдова ба далели "хатар ба амнияти миллӣ" Денисовро 13 сентябр аз он кишвар ихроҷ карданд. Денисов гуфт, "ба вай иҷоза надодаанд, ки анҷомашро ҷамъ кунад".

Баъд аз ҳамлаи густардаи Русия ба Украина мақомоти Молдова дастрасӣ ба сомонаи "Sputnik Молдова"-ро маҳдуд карданд. Ба гуфтаи мақомоти Молдова, "Sputnik" метавонад "дурӯғпароканӣ кунад, ки ба зарари амнияти миллӣ тамом шавад".

XS
SM
MD
LG