Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазирони Узбекистону Русия дар Маскав мулоқот мекунанд


Парчамҳои Русия ва Узбекистон
Парчамҳои Русия ва Узбекистон

Абдулло Орипов, нахуствазири Узбекистон бо ҳамтои русаш Михаил Мишустин рӯзи 18 сентябр дар Маскав гуфтугӯ мекунад.

Расонаҳои Русия навиштанд, ду сарвазир масоили тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиро баррасӣ хоҳанд кард.

Тошканду Маскав барномаи маҷмӯии ҳамкориҳои иқтисодии байниҳукуматиро барои солҳои 2022-2026 амалӣ месозанд.

Дар доираи ин барнома ду кишвар тасмим доранд, ки гардиши молро афзоиш диҳанд. Дар поёни соли 2022 гардиши мол байни ду кишвар ба 8,7 млрд доллар расида буд, ки нисбати соли 2021 26 дарсад бештар баҳо дода мешуд.

XS
SM
MD
LG