Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дод мезад, ки даматонро гиред." Шикояти муҳоҷирон аз дағалии пулиси Русия. ВИДЕО


Рафтори кормандони пулис бо муҳоҷирон
Рафтори кормандони пулис бо муҳоҷирон

Муҳоҷирони тоҷик аз муносибати дағалу таҳқиромези кормандони пулис дар Санкт-Петербург шикоят карданд. Рӯзи 21-уми сентябр даҳҳо муҳоҷири тоҷик ҳангоми тамдиди сандаҳояшон ба таҳқиру таҳдид рӯ ба рӯ шуданд. 

Дар наворҳое, ки муҳоҷирон ба Радиои Озодӣ дида мешавад, ки кормандони пулис ба сари муҳоҷирон дод мезананд: “Чӣ магар нофаҳмо аст? Даматонро гиред. Шумо фақат зуриро мефаҳмед. Ором истед, гӯсфандҳо,”-дод мезанад як корманди пулис.

Муҳоҷирон гуфтанд, ки дар назди идораи пулис навбат тӯлонӣ буд ва бархе ҳатто аз шаб онҷо буданд. Онҳо дар зери борону ҳавои сард маҷбур буданд, ки соатҳо интизор бошанд.

Яке аз муҳоҷирон мегӯяд, “бояд аз шаб инҷо дар навбат истод ва то саҳар интизор шуд. Рост, хоб нокарда рост меистӣ. Инҷо маъюбон, куҳансолон ва аза ҳама миллатҳо барои сабти ном ҳастанд. Эҳтиром ба муҳоҷирон ба сифр баробар аст. Намедонам, инҷо чӣ мегузарад, вале онҳо шикоят мекунанд, ки ғайрирусҳо хуб нестанд. Чаро онҳо худро ислоҳ намекунанд.”

Бархе муҳоҷирон ба ҳукумати Санкт Петербруг муроҷиат кардаанд, то шароити макони тамдиди санадҳоро беҳтар кунанд, чун мушкил кам шавад. Мақомот ҳанӯз ба муроҷиати муҳоҷирон посух надодаанд.

Ним соли ахир фишор болои муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба маротиб афзоиш ёфтааст. Муҳоҷирон ҳамеша аз бархурди бади мақомоти рус шикоят мекунанд. Мақомоти рус худи муҳоҷиронро дар нақзи тартибот гунаҳкор медонанд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Муҳоҷирон аз бадрафтории афсарони умури дохилии Санкт-Петербург шикоят доранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:58 0:00

XS
SM
MD
LG