Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти паҳлавонони тоҷик аз Боку бе медал


Tajikistan,Dushanbe city, Nurali Emomali, tajik judist.
Tajikistan,Dushanbe city, Nurali Emomali, tajik judist.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо «Heydar Aliyev Baku Grand Slam 2023», ки рӯзҳои 22-24-уми сентябр дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку – баргузор шуд, натавонистанд медал бигиранд.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқоти бонуфуз 446 варзишгар (264 мард ва 182 зан) аз 61 кишвари панҷ қораи олам иштирок карданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳашт варзишгар шомил буд, ки дар рақобатҳо миёни мардҳо ширкат варзиданд:

-60 кг – Муҳаммадсолеҳ Қувватов

-66 кг – Эмомалӣ Нуралӣ

-73 кг – Маҳмадшариф Наҷмиддинов

-81 кг – Шодмон Ризоев

-90 кг – Ҷаҳонгир Маҷидов

-100 кг – Эмомризо Анварзода

+100 кг – Мансур Раҳмон

+100 кг – Шакар Мирмамадов

Аз байни паҳлавонони тоҷик танҳо Эмомалӣ Нуралӣ, қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон, натиҷаи хубтар нишон дод. Ӯ дар вазни то 66 кило пас аз чаҳор пирӯзӣ ба рақибонаш Страҳинҷа Бунчич (Сербистон), Важа Маргвелашвили (Гурҷистон), Абрек Нагучев (AIN, дастаи байналмилалии бетараф) ва Тал Фликер (Исроил) ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Вале Эмомалӣ дар нимфинал аз Такеши Такеока (Ҷопон) мағлуб шуд. Сипас ӯ барои медали биринҷӣ қувваозмоиро ба Давид Гарсия Торне аз Испания дар чанд сонияи ибтидои рақобат бохт ва дар натиҷа мақоми панҷумро соҳиб гашт.

Дарвоқеъ, дар Боку Маҳмадбек Маҳмадбеков, писарамаки паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков, ки дар шаҳри Иркутски Русия ба сар мебарад, дар ҳайати дастаи бетараф (AIN) дар вазни то 73 кило барандаи медали биринҷӣ гардид. Аммо ин натиҷа ӯро чандон хушҳол накард, зеро ки Маҳмадбек чаҳор бор медали тиллои “Grand Slam“ ё “Тоскулоҳи бузург”-ро ба даст овардааст.

Ғолибону ҷоизадорони «Heydar Aliyev Baku Grand Slam 2023»:

Мардон

-60 кг

1. Рамазон Абдуллоев (Озарбойҷон)

2. Ғамзат Заирбеков (AIN)

3. Вон Ҷон Ким (Кореяи Ҷанубӣ)

4. Румаин Валадиер Пикард (Фаронса)

-66 кг

1. Яшар Наҷафов (Озарбойҷон)

2. Такеши Такеока (Ҷопон)

3. Гарсия Торне (Испания)

4. Денис Вйеру (Молдова)

-73 кг

1. Ҳидоят Ҳайдаров (Озарбойҷон)

2. Петру Пеливан (Молдова)

3. Маҳмадбек Маҳмадбеков (AIN)

4. Шаҳром Аҳадов (Узбекистон)

-81 кг

1. Зелим Тскаев (Озарбойҷон)

2. Шамил Борчашвили (Австрия)

3. Антонио Эспозито (Испания)

4. Кеня Коҳара (Ҷопон)

-90 кг

1. Михаил Иголников (AIN)

2. Ивайло Иванов (Булғористон)

3. Михаэл Зганк (Туркия)

4. Кристиан Тот (Маҷористон)

-100 кг

1. Иля Суламанидзе (Гурҷистон)

2. Матвей Каниковский (AIN)

3. Зелим Котсоев (Озарбойҷон)

3. Аурелин Диессе (Фаронса)

+100 кг

1. Инал Тасоев (AIN)

2. Гурам Тушишвили (Гурҷистон)

3. Ерассил Кажибоев (Қазоқистон)

4. Тамерлан Башаев (AIN)

Дар ҳисоби медалҳо бо дарназардошти рақобатҳо миёни мардон ва занон мунтахаби Озарбойҷон бо касби 5 медал (3 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) мақоми аввалро азони худ кард. Мунтахаби Гурҷистон бо касби 3 медал (1 тилло ва 2 нуқра) мақоми дувум ва мунтахаби Ҷопон бо касби 4 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) мақоми севумро соҳиб шуданд. Мунтахаби Тоҷикистон бо як мақоми панҷум дар байни 61 даста дар ҷойи 27-ум қарор гирифт.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқот 154 000 евроро ташкил медод. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва нишони биринҷӣ 1500 евро ҷоизаи молӣ дарёфт карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG