Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро нархи газ дар Тоҷикистон боло рафт? ВИДЕО


Нархи гази моеъ, ки бештари мошинҳо дар Тоҷикистон бо он ҳаракат мекунанд, камчину гарон шудааст. Баъзе аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ба мисли "Газпром" чанд рӯз боз газ надоранд ва тоблуҳояшон холист.

Дар нуқтаҳои дигари фурӯши сӯзишворӣ як литр гази моеъ аз 7 то 7,5 сомонӣ арзиш дорад. Он дар аввали моҳи августи имсол тақрибан се сомонӣ буд.

Тоҷирони маводи сӯхт дар назди дурбин сабаби якбора афзудани нархи газро нагуфтанд. Намояндагони Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон вазъро "муваққатӣ" номиданд. Сокинон мисли ҳамеша аз оқибатҳои гаронии нархи газ ташвиш доранд.

"Газ гарон шуд, аммо бояд кор кунем. Ба мусофирон ҷабр мешавад. Нархи роҳкиро мувофиқ гирад, мусофиронро мебарем, вагарна намеравем," – гуфт ронандае ба номи Ҳабибулло дар шаҳри Хуҷанд.

Ронандаи дигар, Давлат Носиров, мегӯяд, "меравему меоем, ҳеч фоида намемонад. Ҳама барои фоида кор мекунад. Агар ҳамин хел нарх боло равад, маҷбурем ба кори дигар гузарем."

Гази моеъ дар муқоиса ба бензин арзонтар аст ва аз ин рӯ бештари ронандагон дар Тоҷикистон аз он истифода мебаранд.

Намояндагони Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон рӯзи 24-уми октябр гуфтанд, чунин раванд ба арзиши гази воридотӣ аз Қазоқистон вобаста аст. Бахши калони гази моеъ ба Тоҷикистон аз Қазоқистон меояд.

Барномаи озуқаи Созмони Милал дар гузорише сабаби гаронии сӯзишвориро ба камтар ворид шудани он аз хориҷа пайванд дод. Арзёбии ин ниҳод, ки нархи маҳсулотро дар бозорҳои кишвар пайгирӣ мекунад, бар асоси гуфтаҳои тоҷирон сурат гирифтааст.

Болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ҳамеша мояи нигаронии сокинон аст. Бо гарон шудани маводи сӯхт, роҳкиро ва хӯрокворӣ низ қимат хоҳад шуд. Ин шабу рӯз нархи баъзе маҳсулот, аз қабили орду равған андаке "ҷаҳидааст".

Дар Тоҷикистон 14 ширкат ба интиқоли гази моеъ машғуланд. Баъзе аз ин ширкатҳоро ба мансабдорони радаи аввали кишвар пайванд медиҳанд.

Тоҷикистон ба далели надоштани имконоти коркарди нафт, газу бензинро аз хориҷ ва асосан аз Русияву Қазоқистон мегирад. Ба иттилои расмӣ, дар нимсолаи аввали соли равон ба кишвар беш аз 450 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст.

Баъзе аз бозоршиносон бар инанд, ки барои ҳалли мушкил ба тоҷирон бояд сабукӣ дод ва бозор аз монополия ё инҳисори ширкатҳои алоҳида озод гардад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Чаро нархи газ дар Тоҷикистон боло рафт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG