"Роғун", "Норак", "Сарбанд"...
Тоҷикистон бо назардошти афзоиши талабот ба нерӯи барқ нақша дорад то соли 2030 тавлиди онро аз ҳисоби нерӯгоҳҳои бодиву офтобӣ то 70 мегават бештар кунад. Ин нукта дар нишасти “Энержии босамар дар Тоҷикистон” рӯзи 25-уми октябр дар Душанбе садо дод.
Сорбон Холмуҳаммадзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, гуфт, тавлиди нерӯи барқро аз ҳисоби манобеи энергияи сабз бештар мекунанд.
“Дар ҳафт соли оянда аз ҳисоби ба кор андохтани нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, азнавсозии нерӯгоҳҳои дигари барқӣ обӣ, ба монанди “Норак”, “Сарбанд”, “Қайроққум” иқтидори энержии Тоҷикистон иловатан 4000 мегаватт нерӯи барқ хоҳад гирифт,” – шарҳ дод ӯ.
Иттиҳоди Аврупо, ки солҳои охир ба энергияи сабз рӯ овардааст, мехоҳад, таҷрибаи худро бо Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа дар миён гузорад.
Раймундас Кароблис, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе, гуфт, ба аҳди худ барои мусоидат дар рушди соҳаи энергетика дар Тоҷикистон содиқ мондаанд.
“Мо бахусус ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” дар Бадахшон мадад мекунем. Ин тарҳ дар таъмини муназзами минтақа бо нерӯи барқ ва содироти барқи изофӣ ба Афғонистон ёрӣ хоҳад расонд,” – гуфт Раймундас Кароблис.
Видеоро дар инҷо бинед:
То замоне ки...
Дар ин нишаст гуфта шуд, ки Тоҷикистон ҳоло дар ростои тарҳрезии сиёсати энержӣ ва механизми истифодаи босамари он қарор дорад. Созмонҳои байнулмилалӣ инро фурсати муносибе барои табодули таҷриба донистанд. Саломе Штайб, мудири Оҷонси Швейтсария дар Тоҷикистон, гуфт, бояд тамаркуз сари мудирияти шаффофу посухгӯ бошад.
“Таъйини таърифаҳои худкифо ва насби системаҳои муосири пардохти ҳаққи он, ки оғоз ёфтааст, бояд дар саросари Тоҷикистон ба роҳ монда шавад. Ин роҳи дуруст аст. Ҳамзамон бояд ба мудирияти посухгӯ ва шаффоф тамаркуз кунем,” – илова кард ӯ.
Коршиносон бар инанд, ки зиёд будани манобеи тавлиди энергияи сабз метавонад таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷиро барои бунёди нерӯгоҳҳои бодӣ, офтобӣ ва обӣ ба Тоҷикистон ҷалб кунад.
Ҳасан Асоев, коршиноси масоили экологӣ, рӯзи 25-уми октябр гуфт, барои рушди энергияи сабз дар Тоҷикистон мушкили молӣ вуҷуд дорад: “Бовар дорем, дар натиҷаи сармоягузории созмонҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон Тоҷикистон метавонад, на танҳо худ, балки як қисми минтақаро бо энергияи сабз таъмин намояд.”
Суҳбатҳо дар бораи афзоиши тавлиди энергияи сабз дар ҳолест, ки сокинони Тоҷикистон ҳар сол дар тирамоҳу зимистон бо маҳдудият нерӯи барқ мегиранд. Баъзе аз мунтақидону иқтисоддонҳо бар инанд, ки то замоне мудирияти дуруст ва шаффофият дар низоми фурӯши барқ ва ҷамъоварию истифодаи маблағи он таъмин нашавад, бунёди нерӯгоҳҳои нав ва афзоиши тавлиди барқ наметавонад мушкилро пурра ҳал кунад.
Ба қавли иқтисоддон Фозилҷон Фатуллоев, “корхонаҳое ҳастанд, ки барои ҷомеа маълум нест чӣ қадар барқ истифода мебаранд ва чӣ миқдор ҳаққи истифодаи онро мепардозанд.”
Вуҷуди фасод дар низоми энержии Тоҷикистон солҳо боз танқид мешавад. Ҳарчанд мақомот дар нишастҳои расмӣ пайваста аз бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузург ва истиқлоли энергетикӣ суҳбат мекунанд, вале тавре ба назар мерасад, даст ёфтан ба чунин истиқлол на дар амал, балки ҳамчун як шиор мондааст.
Гуфтугӯ