Кумитаи Норвежии Ҳелсинкӣ (Norwegian Helsinki Committee) мегӯяд, мақомот дар бештар аз ду ҳафтаи охир пайвандони чанде аз мухолифонро дар минтақаҳои кишвар бе барқ ва бе об гузоштаанд.
"Аз Душанбе даъват мекунам, ки фишорро ба аъзои хонаводаи мунтақидон бас кунад," – гуфтааст дабири кулли Кумитаи Норвежии Ҳелсинкӣ Берит Линдеман.
Ӯ рӯзи 25-уми октябр дар изҳороте аз шарикони демократии Тоҷикистон ҳам хост, Душанберо барои чунин рафтораш ба посухгӯйӣ кашанд.
"Вақте мақомоти Тоҷикистон пайвандони мунтақидонро бе муҳокима ҷазо медиҳанд, натанҳо муҷозоти дастҷамъиро таҷриба мекунанд ва волоияти қонунро зери по менамоянд, балки ба озодиҳои бунёдӣ дар дохили Иттиҳоди Аврупо низ таҳдид доранд," -- гуфт Линдеман.
Дар тақрибан се ҳафтаи охир чор намояндаи мухолифони ҳукумат ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки мақомот наздиконашонро дар Тоҷикистон бе барқ гузоштаанд.
- Ойишамо Абдуллоева, модари Шарофиддин Гадоев, яке аз намояндагони мухолифон, рӯзи 12-уми октябр тасдиқ кард, ки комилан барқ надорад.
- Ойиша Мирзоева, модари раиси "Гурӯҳи 24" Сӯҳроби Зафар ва хоҳари генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев, гуфт, мақомот сими барқи хонаашро буриданд.
- Фарҳод Одинаев, фаъоли тоҷик дар Аврупо, мегӯяд, кормандони Идораи барқи шаҳри Ҳисор сими барқи хонаашонро кандаанд.
- Як намояндаи дигари мухолифон аз вилояти Хатлон бо шикояти ҳамсон ба Радиои Озодӣ гап зад, вале нахост номи худашу наздиконаш нашр шавад.
Кумитаи Норвежии Ҳелсинкӣ бар илова мегӯяд, мақомот дар ноҳияи Ашт сими барқи се хешованди Илҳомҷон Ёқубов, узви Паймони Миллӣ, эътилофи чор созмони мухолифи ҳукуматро низ буриданд. Ҳар сеи онҳо дар аввали моҳи октябр дастгир ва танҳо баъд аз маҳкум кардани Илҳомҷон Ёқубов дар видео озод шуданд.
Фаъолони тоҷик дар хориҷа ба Кумитаи Норвежии Ҳелсинкӣ гуфтаанд, теъдоди зиёди хонаводаҳо аз "қатъи ҳадафмандонаи нерӯи барқ" осеб диданд, вале аз тарси интиқомгирии мақомот чизе намегӯянд.
Мақомоти Тоҷикистон расман дар ин бора шарҳе надодаанд.
Намояндагони мухолифон мегӯянд, баъд аз тазоҳурот ҳангоми сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон, мақомот хешовандони онҳоро дар Тоҷикистон боздошту шиканҷа карданд. Онҳо алайҳи раиси ҷумҳурӣ шиор дода, ба мошини нишастааш тухм ҳаво дода буданд.
Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) рӯзи 6-уми октябр дар гузорише гуфт, ҳудуди 50 нафар аз наздикони эътирозгарони Берлин дар Тоҷикистон дастгир ва бархе баъд аз бозпурсӣ раҳо карда шудаанд.
Гуфтугӯ