Деҳа дар наздикии сарҳади Узбекистон бо Тоҷикистон ҷойгир аст, 65 километр дуртар аз маркази ноҳияи Шаҳрисабз. Чор тарафи онро кӯҳҳои осмонбӯси Ҳисор иҳота намудааст. То соли 2018 сафари сайёҳону хориҷиён ба он ҷо бисёр маҳдуд буд, ҳоло боз аст.
“ПАНОҲГОҲ”
Дар бораи чӣ гуна пайдо шудани деҳа ва номи он фарзияҳо бисёр аст.
Баъзе аз онҳоро омӯзгор Рӯзибойи Қурбониён чунин нақл кард: “Ин факти аниқ аст, ки дастаҳои охирини Муқаннаъ дар ҳамин кӯҳи мо шикаст хӯрдаанд. Кӯҳи Сиём ҳам дар ҳамин атроф воқеъ аст. Ин қуллаи баландтарини Узбекистон ба ҳисоб меравад. Дар байни он кӯҳ сангро канда, як бошишгоҳ сохтаанд. Деҳаи мо барои бисёриҳо паноҳгоҳ буд. Махсусан барои таъқибшавандагон ва барои аҳли тасаввуф аз Самарқанду Бухоро. Азбаски инҷо аз шаҳрҳо дур буд, паноҳгоҳи шайхони бузург буд”.
“Забони моро, албатта, забони кӯҳнаи эронӣ ва Рӯдакӣ мегӯянд. Чунки агар таърихи омадани мардуми моро кофтуков кунем, дар давраи истилои Чингизхон ба доманакӯҳҳо паноҳ бурдаанд. Мардуми тоҷик урфу одат, забонашро аз дасти муғулҳо гирифта гурехтааст. Мо чунин таърих дорем,” – идома дод Муҳаммадалии Ғозӣ, сокини Ғелон.
ЯК АСРИ ЯК ҲОДИСА
Ҳарчанд деҳаи Ғелон дар наздикии қуллаи баландтарини Узбекистон ҷой дорад, дар таърих пастиҳои зиёдро таҷриба кардааст. Ба қавли Рӯзибойи Қурбониён, “халқ ҳам дар давраи муғулҳо, ҳам дар давраи манғитҳо ва ниҳоят солҳо пеш зери таъқиб буд. Агарчи халқро нест накарданд, ҳаракат шуд, ки урфу одат, маданият, бозёфтҳоро нест кунанд.”
Таърихнигорон ва мардуми деҳа аз ҳама давраи ваҳшатбортарини ҳаёти Ғелонро баъд аз ҳодисаи соли 1925 медонанд.
“Роҳбари босмачиҳо, ки ҳоло озодихоҳон мегӯянд, як гурӯҳро ба деҳаи мо фиристодааст, то андозро бигиранду ба мо кордор нашаванд. Ддар роҳ омадан ба фикре мерасанд, ки 4-5 духтари бокираро ҳам илова кунанд. Кадом мард розӣ мешавад, ки духтарашро бароварда ба онҳо диҳад? Ҳеч кас. Мардум истодагарӣ карда, онҳоро рондаанд. Баъд роҳбарашон зиёда аз 100 босмачиро фиристода, амини деҳаро бо ҳамроҳонаш ба дарахти тут баставу бо шамшер пора кардаанд,” – нақл кард Рӯзибойи Қурбониён.
Раҳимқул Нуралиев, омӯзгор ва китобдори деҳаи Ғелон, мегӯяд, ки “он замон сесад хонаро алов заданд, мардумро паронданд ва дар баъзе маълумот зиёда аз 270 нафарро куштанд. Дар ин лавҳа номи 54 кушташуда ҳаст. Ба ин ҳодиса сад сол пур мешавад. Худо насиб карда бошад, соли оянда садсолагии ҳамин таърихамонро мегузаронем. Ғамангез бошад ҳам, бояд ин саргузаштамонро донем.”
Бо гузашти солҳо ба мардуми деҳа муяссар шудааст, ки макони таърихии Ғелонро эҳёву нигаҳдорӣ кунанд ва ба ояндагон мерос гузоранд. Ин аст, ки ҳоло инҷо макони аслии сайёҳони дохиливу хориҷӣ гардидааст ва одамон барои зиёрату доухонӣ низ меоянд.
АНЪАНА: ЧӢ РАФТ, ЧӢ МОНД?
Деҳаи Ғелон ба шаҳрҳои Китоб ва Самарқанд наздик аст, вале баъзе аз унсурҳои хонадорӣ, хонасозӣ, деҳқонӣ, ҷашну сур ва расму оинҳои мухталиф аз бошандагони атрофи он фарқ дорад.
Яке аз анъанаҳои боқимонда сохтмони хонаҳо бо усули синҷкорӣ аст. Махсусияти ин расм дар он аст, ки хонаи ҳамдигарро бо ҳашар месозанд ва хишту кулӯхи онро занҳо мечинанд. Яъне, бунёди қисмати асосии иморати навро ба дӯши занҳо мегузоранд, то дар он хона меҳру муҳаббат ва самимият поянда бошад.
Абдусамеъ Самеев, устои деҳаи Ғелон, гуфт “ошёнаи якуми хонаро аз бетону арматура, ошёнаи дуюмро аз чӯб месозем ва баъд дар байни девор кулӯх мемонем. Ин дар вақти заминҷунбӣ ва дар офтоб бисёр мустаҳкам аст. Нисбат ба хишт. Дар мо чӯб бисёр аст. Хокро бо пул кашонда меорем”.
Вале ба гуфтаи мардуми деҳа бо мушкилоти замон баъзе аз ҳунарҳои қадимӣ ба тадриҷ аз байн меравад. Ба гунаи мисол дар гузашта дар ин деҳ ҳар як кӯчаву гузар растаҳои оҳангарии худро доштааст. Аммо ҳоло ангуштшумор мондааст. Яке аз оҳангарони деҳ сабаби онро чунин шарҳ дод: “Оҳангарӣ кам шуд, чунки ангишт гарон аст. Як килояшро ба ҳазор суми узбекӣ мехарем. Фақат вақти зимистон аз ноябр то феврал дар дӯкон кор мекунем. Дар баҳор гандумкорию деҳқонӣ мекунем.”
“МАКТАБУ КИТОБХОНА ҲАСТ, КИТОБ НЕСТ”
Ғелон ду мактаби миёна ва як коллеҷ дорад. Мактабҳо ва коллеҷ дар биноҳои наву муосир ҷой гирифта, аз нигоҳи таҷҳизоту васоили таълим камбуд надоранд. Таълим ба тоҷикист ва узбекиро ҳамчун забони давлатӣ меомӯзанд. Вале омӯзгорону хонандагон шикоят доранд, ки ба мисли даврони Шӯравӣ ба забони тоҷикӣ китоби фаровон надоранд.
Рӯзибойи Қурбониён, омӯзгор, олим ва сокини Ғелон, гуфт, “ду китобхонаи бузург доштем. Якеаш китобхонаи мактаб буд. Теъдоди китобҳои бадеияш ба зиёда аз 6 ҳазор нусха мерасид. Дигаре китобхонаи деҳа аст, ки 9-9,5 ҳазор китоб дошт. Фақат бадеӣ, илмию дарсӣ не. Мехостед китоби “Шоҳнома”, мехостед Девони Ҳофиз, мехостед понздаҳҷилдаи Алишер Навоӣ дастрас буд. Дар солҳои 2011-2012 як сиёсате пайдо шуд, ки ҳам дар мактабҳои узбекӣ ва ҳам тоҷикӣ якбора китобҳои соли таълифашон то 1992-ро бардоштанд. Ҳамаашро гирифта бурданд.”
Раҳимқул Нуралиев, омӯзгор ва китобдори деҳаи Ғелон: “Мо мӯҳтоҷи китобҳои забони тоҷикӣ ҳастем. Хусусан ҷавонон ва фарзандонамон. Узбекӣ, русӣ, англисӣ, фаронсавӣ ҳам мехонем, лекин китоби аслии тоҷикимон кам аст. Мо бисёр ҳам муҳтоҷи бахусус китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ҳастем. Ба китобхона монем, одамон мехонанд. Китобхонаро соли 2021 таъсис додем ва ҳоло чунин ҳол дорад”.
Ҳудуди 5300 нафар дар деҳа зиндагӣ мекунанд ва тақрибан 1000 нафарашон дар муҳоҷирати корӣ ҳастанд. Боқимонда асосан ба кишоварзӣ (картошкапарварӣ) машғуланд. Аҳолии деҳа хешу ақрабои ҳамдигар буда, аҳлона зиндагӣ мекунанд.
Достони видеоиро дар инҷо бинед:
Гуфтугӯ