Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷое барои рафтан надорем." Зиндагӣ дар канори "қабристон"-и хатарзо. ВИДЕО


Истиқлол (Табошаҳри собиқ). Акс аз бойгонӣ
Истиқлол (Табошаҳри собиқ). Акс аз бойгонӣ

"Қабристон"-и урани Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол ё Табошари собиқ ҷойгир аст. Мероси бозмонда аз Шӯравӣ, ки сокинон мегӯянд то ҳанӯз ҷабрашро мекашанд.

Инобат Ашӯрова яке аз онҳост. Ӯ мегӯяд, ҳар дафъа ҳавои номусоид роҳ гаштанро душвор ва дардҳоро афзун мекунад.

“Вақте туман (меғ) пайдо шавад, сар дард мекунад. Ба фикрам, ҳамон фақт радиатсия боло мешавад. Ман ҳамин хел ҳис мекунам. Дигарҳоро намедонам. Сарам сахт дард мекунад, фишорам боло меравад. Ба назди пизишк рафтам, чунин ташхис дод,” – нақл кард ӯ.

Вера Калашникова солҳои дароз дар шаҳри Истиқлол зистааст. Пештар омӯзгор буд, ҳоло фарроши як корхонаи давлатист. Таърихи шаҳрро қадам ба қадам ба ёд дорад. Аз ҷумла, тарзи муҳофизати мардумро аз урани хуфта.

“Пештар обпошҳо мегаштанд ва дар як рӯз се дафъа ба кӯчаҳо об мепошиданд. Ҳама ҷо тару тоза буд. Ҳоло дар шаҳр мегардӣ, боду ҳаво хуб нест. Барои ҳамин, дар баъзеҳо дарди дил, дарди пой, фишорбаландӣ дида мешавад. Баъзеҳо ҷавон мемиранд,” – гуфт ӯ.

Видеоро дар инҷо бинед:

Зиндагӣ дар канори “қабристон”-и хатарзо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:25 0:00

Дар ҳудуди шаҳри Истиқлол тақрибан 50 миллион тонна пасмонда ё партовҳои радиоактивро ба истилоҳ “гӯр” кардаанд. Қабри қурбониёни корхонаҳои тавлиди уран низ дар ҳамин шаҳр аст.

Ширкати "Росатом"-и Русия моҳи октябри имсол бар асоси як тарҳи байнидавлатӣ партовҳои радиоактивиро дар шаҳри Истиқлол ба зарфҳои оҳану бетонӣ ҷой дода, рӯйпӯш кардааст. Ба иддаои масъулони ширкат, вазъи радиатсионӣ то ҳадди поинтарин ва тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ коҳиш дода шуд.

"Мо дақиқ ва бо масъулияти том ба масъулони баландпояи кишвари бародари Тоҷикистон гуфта метавонем, ки кор сад дар сад иҷро шуд. Минтақа аз нигоҳи экологӣ безарар гардид. Чӣ хеле дар суҳбати раиси вилоят ва вазир зикр шуд, ҳамаи ин кор барои мардум ва ҳифзи саломати аҳолии вилояти Суғд татбиқ гардид. Ин барои мо муҳим аст," -- Николай Спасский, муовини мудири кулли "Росатом".

Сокинон чизи дигар мегӯянд, вале ҳамзамон меафзоянд, ба ғайр аз ин шаҳр, ки зодгоҳу ҷойи зисташон аст, феълан макони дигаре барои кӯчидан надоранд.

“Ман барои санҷиши саломатӣ ба пахтачинӣ рафтам. Онҷо худамро хуб ҳис кардам. Вақте баргаштам, ҳисси бадҳолӣ пайдо шуд. Лекин мо ҷойи дигар барои рафтан надорем. Мо дар инҷо таваллуд шудаву зиндагӣ дорем. Моро дар ҷойи дигар кӣ қабул мекунад?” – суол гузошт Инобат Ашӯрова.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG