Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршинос: "Баҳси ҷанги Ғазза дар Саудӣ рамзӣ буд" ВИДЕО


Рӯзи 11-уми ноябр намояндаи 57 кишвари исломӣ дар Арабистони Саудӣ ҷанг дар Ғаззаро баҳс карданд.
Рӯзи 11-уми ноябр намояндаи 57 кишвари исломӣ дар Арабистони Саудӣ ҷанг дар Ғаззаро баҳс карданд.

Бӯҳрон дар Ховари Миёнаро бисёр кишварҳои мусалмоннишин маҳкум карданд. Дар поёни ҷаласае, ки рӯзи 11-уми ноябр дар Арабистони Саудӣ баргузор шуд, раҳбарони ин кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, ба хатми билофосилаи амалиёти низомӣ дар Ғазза даъват карда, тавзеҳи Исроилро, ки гуфтааст, аз худ дифоъ мекунад, рад карданд.

Дар ин ҷаласа, аз ҷумла, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз "таъсиси давлати Фаластин” пуштибонӣ намуда, “кушта шудани аҳолии осоишта”-ро маҳкум кард.

Комбиз Фаттоҳӣ, раиси Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ гуфт, ин нишастҳо бештар рамзӣ ҳастанд ва ба хатми ҷанг дар Ғазза таъсиргузор нестанд. Ӯ гуфт, дар шароити кунунӣ Исроил ба гапи созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои аврупоӣ гуш надодааст. Амрико, шарики аслии Исроил низ ин кишварро барои оташбас фишор намеорад.

“Агар кишварҳои исломӣ даври ҳам мешинанд ва мавзегириҳое мекунанд, маъмулан асаре надорад,”—гуфт Комбиз Фаттоҳӣ.

ҲАМОС рӯзи 7-уми октябр ба Исроил ҳамла кард ва садҳҳо нафарро кушт. Комбиз Фаттоҳӣ мегӯяд, ҳамлаи ҲАМОС бесобиқа буд ва посухи Исроил низ собиқа надорад. “Ин ҷанг бесобиқа аст. Чун дар гузашта ҳеч гоҳ ҲАМОС ба ин шева вориди Исроил нашуда буд ва 1200 нафарро қатли ом накарда буд. Вокуниши Исроил ҳам бесобиқа аст. Ман дар ҷангҳои соли 2012-2014 дар дохили Ғазза будам ва ҷангҳо дар чанд ҳафта тамом мешуд. Исроил нерӯи заминӣ ба ин шакл намефиристод,”—гуфт ӯ.

Видеои суҳбат бо Комбиз Фаттоҳиро инҷо тамошо кунед:

"Мавқеъгирии кишварҳои исломӣ дар ҷанги Ғазза чӣ таъсире хоҳад гузошт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00

Ҷанги Исроил бо гурӯҳи ҲАМОС як моҳ боз дар Ғазза давом дорад. Дар ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза беш аз 11 ҳазор нафар кушта шудааст, ки аксарашон занону кӯдаконанд. Исроил мегӯяд, ҲАМОС-ро нобуд мекунад, чун 1200 нафарро моҳи гузашта дар хоки ин кишвар кушт ва беш аз 200 нафарро гаравгон гирифтааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG