Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден: Путин ва ҲАМОС дар ҷанг аз як усул истифода мекунанд


Президенти Амрико, Ҷо Байден, амалҳои раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин ва гурӯҳи фаластинии ҲАМОС-ро, ки дар Амрикову Аврупо созмони терористӣ эълон шудааст муқоиса ва ба ҳам монанд кард.

Байден дар як таҳлиле дар нашрияи The Washington Post гуфтааст, усул ва ҳадафҳои ҳарду дар ҷанг бо Украина ва Исроил ба ҳам монанд аст.

Президенти Амрико, "бадкории бесобиқа"-и ҲАМОС ва таҷовузгариҳои Владимир Путин алайҳи Украинаро номбар карда, суол гузоштааст, ки оё ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад, пеши роҳи амалкардҳои Русия ва ҲАМОС-ро бигирад?

“Ҳам Путин ва ҳам ҲАМОС ба он талош доранд, ки давлатҳои демократии ҳамсояи худро аз харита пок кунанд. Путин ва ҲАМОС умед доранд, бо ба ҳам задани суботи минтақа ва эҷоди бесарусомонӣ фоида ба даст меоранд”- навиштааст, Байден ва таъкид кардааст, ки Амрико “ба ин иҷоза нахоҳад дод.”

Ба навиштаи президенти Амрико, ҷаҳон дар пешорӯи интихоб қарор дорад, ки оянда аз он вобаста хоҳад буд. Байден гуфтааст, зарур аст, ки даъват ё чолишҳои Путин ва ҲАМОС-ро қабул кард ва ба амалишавии нақшаҳои онҳо имкон надод

Бахши аслии таҳлили Байден дар нашрияи The Washington Post ба муноқиша дар Ховари Миёна бахшида шудааст. Ба гуфтаи вай Амрико талошҳои Исроилро барои дифоъ аз худ дар пайи ҳамлаи ҲАМОС пуштибонӣ мекунад, аммо илова кардааст, ки фаластиниҳо ҳақ доранд, соҳиби давлати худ бошанд.

Президенти Амрико гуфтааст, барои марги ғайринизомиёни фаластинӣ, аз ҷумла кӯдакон дар навори Ғазза сахт андӯҳгин аст. Вай ҲАМОС- ро ба он айбдор кард, ки аз мардуми одӣ ҳамчун сипари зинда истифода мекунад.

Ба қавли президенти Амрико, ҳадафи аслӣ ҳоло расидан ба субот дар Ховари миёна аст. Бо хотима ёфтани муноқиша ба таъкиди Байден, бояд давлати мустақили Фаластин таъсис дода шавад,

XS
SM
MD
LG