Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WP: Барои оташбас дар Ғазза созиши пешакӣ ҳосил шудааст


Дар гуфтугӯҳо бо миёнаравии Қатар ва иштироки ИМА, Исроил ва "Ҳамос" барои оташбаси панҷрӯза дар навори Ғазза созиши пешакӣ ҳосил шудааст.

Нашрияи "Washington Post" (WP) бо истинод ба манбаъҳои огаҳ аз шартҳои созишнома иттилоъ дода, ки қарор аст "Ҳамос" дар асоси ин тавофуқ 50 асири дигарро озод кунад.

Дар Шурои амнияти миллии ИМА гуфтанд, то ҳол созишномае ба имзо нарасидааст. Мақомоти Исроил низ чунин созишеро рад карданд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Исроил аз гузинаи созиши пешин барои раҳоии 50 гаравгон даст кашид. Дар маҷмӯъ теъдоди асирони "Ҳамос" ба 240 нафар мерасад.

Расонаҳо менависанд, ки фишорҳо ба Девони вазирони сарвазир Бенёмин Натаняҳу ҳам дар худи Исроил ва ҳам аз ҷониби ИМА барои раҳоии гаравгонҳо афзоиш меёбад.

XS
SM
MD
LG