Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз вазъи таълими хатти форсӣ дар мактабҳо то баҳси тағйири хат. ВИДЕО


Дар Тоҷикистон, таълими хатти форсӣ дар макотиби миёна ҳатмист, вале на ҳамаи шогирдон бо ин хат пурра хондаву навишта метавонанд. Дар кишвар хатти кирилӣ роиҷ аст, ҳарчанд рӯшанфикрони тоҷик аз нахустин рӯзҳои истиқлол ҷонибдори гузариш ба хатти форсӣ ҳастанд.

Довуд Тоҷиддинзода, хонандаи синфи чоруми муассисаи таълимии хусусии “Нури ирфон” шаҳри Ҳисор талош дорад, хатти ниёгонашро омӯзад ва аз осори илмию адабиӣ баҳра барад. Озар гуфт: “Аз синфи 3 омухтани алифбои ниёгонро оғоз карда будем, то ҳоло хонда истодаем. Ин фан барои ман маъқул аст. Шавқовару осон аст.”

Аммо на ҳама ҳамсолони Озар имкон доранд, дар даҳсолагӣ бо алифбои ниёгон ошно шаванд. Дар аксари мактабҳои Тоҷикистон хонандагон аз синфи ҳафт ва ҳашт ба омӯзиши ин хат шурӯъ мекунанд. Он ҳам тибқи нақша танҳо то ду соат дар як ҳафта тадрис мешавад.

Се даҳсола пеш ҳадаф аз ҷорӣ кардани таълими алифбои ниёгон тадриҷан гузаштан ба ин хат буд. Аммо дар ин муддат танҳо як қишри кӯчаки ҷомеа онро фаро гирифтааст:

Дориюши Раҷабиён, хабарнигори тоҷики муқими Аврупо, гуфт, омӯзиши ин хат дар мактабҳои кишвар ноқис аст. “Бо вуҷуди он ки медонем, ҷомеаи маданӣ ва ба вижа рушанфикрони тоҷик дар Тоҷикистон пайваста дар тӯли сиву чанд сол талош карданд, ки ба хатти худӣ баргарданд ва онро яке аз сутунҳои аслии ҳуввият ва худшиносии миллӣ медонанд, вале мутаассифона ин хоста ва ормони давлат нест. Монеи аслӣ унҷост. Бисёре аз омӯзгороне, ки дар Тоҷикистон хатти ниёконро ба шогирдони худ, мутаассифона дониши худи онҳо комил нест ва ноқис аст, ба ҳамин далел донише, ки мунтақил мекунанд ба шогирдони худашон наметавонад комил бошад.”- афзуд, Дориюши Раҷабиён.

Хати форсиро дар мактабҳо дуруст меомӯзанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:45 0:00

Ин хабарнигори тоҷик мегӯяд, истифода нашудани хатти ниёгон дар зиндагии рузмарра сабаби яккатозии хатти кириллӣ ва забони русӣ дар Тоҷикистон шудааст: “Онҳо медонанд, ки бештар ба хотири вобастагии сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон ба Русия ба эҳтимоли зиёд ниёзашон ба забони русӣ хоҳад буд. Ба ҳамин далел ҳам мебинем, ки бештари падару модарон пули зиёдеро ҳазина мекунанд, масраф мекунанд, барои он ки фарзандонашон забони русиро фаро бигиранд. Чаро? Фикр мекунам ба эҳтимоли зиёд рӯзе рузгоре дар Русия хоҳад буд, муҳоҷират хоҳад кард”- гуфт, Дориюши Раҷабиён, хабарнигори тоҷики муқими Аврупо.

Аммо теъдоде аз рӯшанфикрони тоҷик, иллати рушд накардани хатти форсиро дар солҳои истиқлоли Тоҷикистон ба монеъ шудани Русия ба он ва пуштибонии шадиди ин кишвар аз хатти киррилӣ медонанд.

Мансабдорони тоҷик якбора бесавод шудан аҳолиро дар сурати бозгашт ба хатти форсӣ монеаи асосӣ мешуморанд.

Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфт, “ Имрӯз дар асри 21, асри иттилоот, асри электронӣ аз як системаи хат ба системаи хатти дигар гузаштан аз мантиқ фарсахҳо дӯр аст. Таҷрибаи ҷаҳонии кишварҳои дуру наздик нишон медиҳад, ки мардумро даҳсолаҳо, садсолаҳо қафо бурдан аст.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, рӯзноманигор ва китобдори тоҷик бар ин аст, ки барои тағйири хат ҳукумат ба омодагии хуб ва як барномаи дарозмуддат зарурат дорад. “Мо дер ё зуд ба хатти форсӣ мегузарем. Ба гумонам як барномаи махсуси давлатӣ бояд таҳия шавад. Чунки яку якбора гузаштан мисли аз форси ба лотинӣ ва аз лотинӣ ба киррилӣ гузаштанамон боз миллат бесавод мешавад. Ман пешниҳод менамоям, ки агар ҳукумат бихоҳад, як барномаи 20 сола бояд таҳия кунад, ки кӯдак аз синфи 1 то хатми донишгоҳ дар ҳама зинаҳо ҳуруфоти форсӣ бихонад. Баъди 20 сол гузаштан осонтар мешавад.”

Як иллати дигари ҳарос аз алифбои ниёгонро Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар пайванд додани он ба дин ва адабиёти динӣ медонад.

Ҷонибдорони гузариш ба хатти форсӣ далел меоранд, ки гузаштани кишварҳои ҳамсояи туркзабони Осиёи Марказӣ ба хатти лотинӣ омили таҳкими истиқлолияти онҳост ва ахиран ҳатто Украина гуфтааст, аз алифбои кириллӣ даст хоҳад кашид.

Баҳси эҳёи алифбои қадимии тоҷикон, ки бо амри ҳукумати шӯравӣ ду бор иваз шуд ва ин мардумро аз гузаштаи худ ҷудо кард, аз охири солҳои 1980-ум сар шуда, ҳоло, пас аз 35 соли қабули қонуни забони давлатӣ дар ҳамон нуқтаи аввал бозмондааст.

Бахше аз мардум хостори бозгашт ба хати ниёгони худанд, бахше ин эҳтимолро рад мекунанд. Агар дар қонуни замони шӯравӣ номи забон "тоҷикӣ-форсӣ" буд, пас аз расидан ба истиқлолият вожаи "форсӣ" аз қонуни забон берун андохта шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG