Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намозгузорон нагузоштанд масҷиде дар Русия тахриб шавад. ВИДЕО


Масҷид бо пули намозгузорон бунёд шуда, ҳар намози ҷумъа то 500-600 нафар меоянд
Масҷид бо пули намозгузорон бунёд шуда, ҳар намози ҷумъа то 500-600 нафар меоянд

Намозгузорон нагузоштанд масҷидашон дар шаҳри Лобняи вилояти Маскав вайрон карда шавад. Навори видеоии ин саҳнаро корбарон ба телевизиони "Настоящее время" фиристоданд.  

Ҳафтаи гузашта, пеш аз намози ҷумъа ходимони полис бо булдозер ба назди як масҷиди мусалмонон дар шаҳри Лобняи вилояти Маскав рафтанд, то ки онро тахриб кунанд.

Нашрияи Ислом-нюс менависад, ин ҷо ҳар намози ҷумъа 500-600 нафар ва дар намози ид то 9 ҳазор нафар намоз мегузоранд. Хабарнигорон мегӯянд, ки дар ин наздикиҳо масҷиди дигаре нест. То соли гузашта масҷид дар қаламрави маъмурии шаҳри Лобня ҷойгир буд, ҳоло бошад ба ҳудуди маъмурии ноҳияи Митиши дохил мешавад. Ду сол пеш додгоҳи шаҳри Митиши ҳукм баровард, ки бинои масҷид ғайриқонунӣ сохта шудааст.

Нашрияи Ислом Нюс менависад, ки намозгузорон ин дафъа пеши роҳи тахриби масҷидро гирифтанд. Полис мошинҳоро дур карду нақшаи кандани масҷид ба баъд вогузор гашт. Мақомот як ҳафта вақт доданд, ки мушкил ҳал карда шавад.

Масҷид ба Анҷумани мусалмонони Русия марбут аст ва бо пули намозгузорон сохта шудааст. Намояндагони ҷомеаи маҳаллии мусалмонон гуфтанд, ки вақтҳои охир санҷиши ниҳодҳои қудратӣ то рафт бештар мешавад ва дар шабакаҳо таблиғоти зидди мусалмонон афзоиш ёфтааст.

Дар Маскав намозгузорон аз тахриби масҷид пешгирӣ карданд, вале маълум нест то кай?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:35 0:00

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG