Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба мо об даркор аст, об, об..." Шикояти сокинони Адрасмон. ВИДЕО


Сокинони як шаҳраки саноатӣ дар шимоли Тоҷикистон аз норасоии об шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, то замони фаъол будани корхонаи маъдантозакунии Адрасмон шароити зиндагӣ дар ин ҷо хуб буд, аммо баъди қатъи кори он вазъият душвортар шуд.

“Дар як ҳафта як дафъа об медиҳанд”

“Обро аз кӯча мекашонем. Об аз баҳор боз нағз намеояд. Ҳар боре шиддаташ баланд шавад, ба кӯчаҳо меояд ва аз онҷо мекашонем. Дигар вақт об надорем,” – мегӯяд Малоҳат, сокини шаҳраки Адрасмон.

Аксар сокинони шаҳраки Адрасмон чанд соли охир бо ин мушкил рӯбарӯянд. Дар ин ҷо беш аз 16 ҳазор кас ва бештари онҳо дар биноҳои баландошёна зиндагӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, машаққати обкашонии бошандагони биноҳои чандқабата зиёдтар аст.

Қандинисо Каримова, сокини шаҳраки Адрасмон, гуфт, “дар як ҳафта як дафъа об медиҳанд. Онҳое, ки насос доранд, ҳамон вақт мегиранд, агар насос набошад, ҳатто ба ошёнаи якум ҳам об намебарояд. Дар ошёнаҳои баланд барои истифодаи ҳоҷатхона ва ҳаммом бисёр азоб мекашем. Пули обро ҳар моҳ медиҳем. Аз 5 то 7 сомонӣ барои ҳар метри мукаабаш. Вақте мушкили набудани обро мегӯем, дар ҷавоб мешунавем, ки насос майда ва ё кӯҳна шудааст."

Мақомот эътироф мекунанд, вале...

Шаҳраки Адрасмон бо бузургтарин корхонаи маъдантозакуниаш дар гузашта маъруф буд ва мардуми деҳаҳои атроф барои шароити хуби зисту ҷои кораш ин ҷо омадаву муқимӣ гардидаанд. Вале тақрибан 10 сол мешавад, ки корхона аз кор мондааст ва таъсири он ба зиндагонии мардум ҳам расидааст. Сокинон мегӯянд, солҳост, ки мақомот дар ҳалли мушкилоташон оҷиз мондаанд.

Ба қавли Моҳнисо Ёқубова, “раиси ҷамоат чор бор нав шуд. Ба ҳамаашон шикоят кардаем. Дигарҳо нараванд ҳам, ман ҳамроҳи як холаам рафта, арзу додамонро мекардем. Дар идораи ҷамоат агар маҷлис шавад, бо иштироки шаш нафар онро мегузаронданд, моро намемонданд, дар паси дар мешиштем. Ба мо об даркор аст, об, об...”

Масъулони идораи обёрии шаҳрак ҳастии масъаларо эътироф мекунанд ва онро ба мушкилоти фаннӣ рабт медиҳанд. Абдуфаттоҳ Умматов, сардори Идораи хидматрасонии коммуналию манзилии шаҳраки Адрасмон, меӯяд, “масъалаи танқисии об ба он вобаста аст, ки насосу муҳаррикҳои обкашонӣ кӯҳнаву корношоям шудааед. Рӯз ба рӯз истифода кардани он мушкил мешавад.”

Масъулони хадамоти коммуналию манзилӣ мегӯянд, барои ҳалли мушкилот ба созмонҳои байнулмилалие ба мисли Фонди Оқохон муроҷиат кардаанд ва интизори ҷавобанд. Сокинон мегӯянд, азбаски бо ин мушкил зиндагӣ кардан душвор шудааст, роҳҳои дигари ҳалли онро ҷустуҷӯ доранд.

Абдулҳамид Раҳмонов, сокини шаҳраки Адрасмон, гуфт: “Ҳисоб кардем, барои ҳаллаи масъалаи об 8 миллион рубли Русия зарур аст. Бо соҳибкорон ва муҳоҷирон маслиҳат кардем. Пулро ҷамъ карда, барои аҳолиро бо об таъмин кардан насосҳои нав мехарем.”

Видеоро дар инҷо бинед:

Сокинони Адрасмон аз камобӣ азият мекашанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:24 0:00

Норасоии оби ошомиданӣ танҳо хоси шаҳраки Адрасмон нест. Сокинони чанд деҳаву шаҳрҳои дигари Тоҷикистон низ аз ин мушкил шикоят доранд ва мақомот ҳамвора мегӯянд, ки масъаларо зина ба зина ҳал мекунанд. Маълум нест, чунин ҳалли тадриҷӣ чӣ қадар давом хоҳад кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG