Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуфтанд, имзо кун, тамом." Қарори ихроҷи 55 муҳоҷир баҳсӣ шуд. ВИДЕО


Додгоҳе дар вилояти Маскав дар мурофиае кӯтоҳ якбора 55 муҳоҷирро аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, муҳокима карда, қарори ихроҷи онҳоро баровард.

Ҳодиса якуним моҳ пеш рӯй дод, аммо баъзе аз муҳоҷирон бо қарор розӣ нестанд ва бозбинии онро талаб доранд. Мегӯянд, ки мурофиа шитобкорона ва бе риояи меъёрҳо гузашт. Мақомоти Русия қазияро шарҳ надодаанд.

"Аввал 20-25 касро ба толор дароварданд. Ҳар кадоме аз онҳоро ҳатто седақиқаӣ нигоҳ надоштанд. Сипас, мо, 20 каси дигарро даъват, карда пурсиданд, ки оё дар Русия хешованд дорем ва дар Русия издивоҷ кардаем ё не. Мо гуфтем, не,” – нақл кард муҳоҷири узбекистонӣ Абдурашид.

Вакилони мудофеъ мегӯянд, дар Шуъбаи пулис ва дар мурофиаи додгоҳӣ нақзи қонун сурат гирифтааст. Худи муҳоҷирон ҳам исрор доранд, ки муҳтавои ҳуҷҷатҳоро нафаҳмиданд, аммо зери фишор аз хидмати вакил ва тарҷумон даст кашиданд.

Абдурашид мегӯяд, “забони русиро хуб намедонам. Бо навбат ҳамаро садо карда, гуфтанд, ин коғазҳоро имзо кунед. Онҳо ба забони русӣ буданд. Мо бо навбат имзо кардем.”

“Баъд аз он ки моро ба идораи пулис бурданд, ду рӯз дар онҷо мондем. Ба мо 20-30 ҳуҷҷат дода, гуфтанд, ки ба ҷойҳои ишорашуда имзо гузорем. Вақте мепурсидем, ки ин чист, ҳеч ҷавоб надода гуфтанд, ки "имзо кун, тамом", -- идома дод Охун, муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон.

Охун, муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон
Охун, муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон

Панҷ муҳоҷир тасмим гирифтаанд, ки аз рӯйи ҳукми Додгоҳи Митиши вилояти Маскав шикоят кунанд. Онҳо умед доранд, ки бо мадади вакилони дифоъ тасмими додгоҳ мавриди баррасӣ қарор бигирад.

Ба гуфтаи вакил Наимҷон Давлатов, маҷбур кардани муҳоҷирон барои гузоштани имзо ба ҳуҷҷатҳое, ки мӯҳтавояшро нафаҳмидаанд, “қонуншиканӣ аст”. Ба қавли ӯ, дар додгоҳ бояд ба муҳоҷирон ҳуқуқи онҳо барои гирифтани тарҷумон ва адвокат фаҳмонда мешуд.

Наимҷон Давлатов афзуд: “Дар идораи пулис телефонҳояшонро гирифтаанд. Онҳо аз ҳуқуқи тамос бо адвокат ва аз имкони хабар додан маҳрум шуданд. Додрас моҳияти корро наомӯхта, ба таври автоматӣ қарор қабул кард. Вай бояд барои ҳар як парванд на камтар аз 15 дақиқа сарф мекард.”

Патенти баъзе аз муҳоҷирони дастгиршуда дар Маскав дода шуда буд. Тибқи қонунгузории муҳоҷирати Русия, патенте, ки дар пойтахт гирифта шудааст, ба шаҳрванди хориҷӣ ҳаққи корро дар вилояти Маскав намедиҳад. Баъзе аз муҳоҷирон таъкид мекунанд, ки чанде пеш ба Русия омада, барои ҷамъоварии пурраи ҳуҷҷатҳо фурсату пули кофӣ надоштанд.

Ҳуқуқдон Шӯҳрат Маҳмудов мегӯяд, “новобаста аз он ки шаҳрванди хориҷӣ ба кадом ҷиноят даст задааст, қонун ҳуқуқашро ҳифз мекунад. Аз ин рӯ, патент надоштан ё бо патенти шаҳри дигар кор кардан маънои онро надорад, ки ҳуқуқаш поймол гардад.”

Додгоҳи таҷдиди назар парвандаи муҳоҷиронро дигарбора барои баррасӣ фиристод. Агар далелҳои поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ тасдиқ гардад, имкон дорад, ки қарори додгоҳи марҳилаи якум бекор карда шавад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Мухолифати муҳоҷирони корӣ ба ихроҷашон аз Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00

Мақомоти Русия моҳи ноябри имсол гуфтанд, ки дар панҷ моҳи охир наздик ба сад ҳазор қонуншикании муҳоҷиронро ошкор карда, 15 ҳазор нафарро аз ин кишвар ронданд.

Маълум нест, чӣ теъдодашон аз кадом кишвар ҳастанд, вале ним сол боз муҳоҷирони тоҷик дар Русия зери фишори бесобиқа қарор доранд. Ҳомиёни ҳуқуқ бархӯрди пулисро бо муҳоҷирон хилофи қонунҳои башардӯстона медонанд ва Русияро барои амалҳои нажодпарастона танқид мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG