Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Wikipedia-и тоҷикӣ 20-сола шуд. Мушкилу пешрафт кадом аст? ВИДЕО


Гурӯҳе аз ҷавонон дар як маҳфиле дар Душанбе 20-солагии Википедия (Wikipedia)-и тоҷикӣ, яке аз донишномаҳои ройгонро таҷлил карданд. Манбаи иттиллое, ки ҳоло мардуми зиёде аз он истифода мебаранд, агарчӣ иттиллои ноқис дар он кам нест.

Соли 2004, расо баъд аз се соли таъсиси Википедия (Wikipedia), гурӯҳе аз ҷавонон бахши тоҷикии ин донишномаи озодро таъсис доданд. Масъулони бахши тоҷикии Википедия гуфтанд, агарчи онҳо маълумотро аз Донишнома (Энсиклопедия)-и тоҷикӣ ва баъзе аз махзанҳои илмӣ гирифта, ба донишномаи озод мегузоранд, "ин кор кофӣ нест".

"Як сайёҳ пеш аз онки ба Тоҷикистон биояд, ё ба ҳар ҷои дигар равад, аввал дар Интернет ҷустуҷӯ мекунад. Маълумот мегирад. Махзанҳои ҷусторӣ пеш аз ҳама Википедияро пешниҳод мекунанд. Агар мо аксҳои онро нав накунем, аксҳои 20 сол пешро монем, сайёҳ гумон мекунад, ки Тоҷикистон бист сол қафо мондааст," – гуфт Зинҳор Насриддинзода, яке аз мубтакирони Википедияи тоҷикӣ.

Ҳоло Википедияи тоҷикӣ зиёда аз 111 ҳазор мақола дошта, дар ҷаҳон дар ҷойи 70-ум аст.

Пеш бурдани кори донишномаи озод асосан ройгон ва хайрия будааст. Корбарони бештари пойгоҳ мақолаҳоро аз китобҳо ва маҷаллаву маъхазҳои дигар ба Википедия илова мекунанд.

Фарангис Қурбонова, устоди Донишгоҳи миллӣ мегӯяд, "Википедияи тоҷикӣ ба забони тоҷикӣ мақола дорад, ки ба ҳама кумак мекунад. Унвонҷӯён, муҳаққиқон ва донишҷӯён метавонанд аз Википедия ба таври васеъ ва самарбахш истифода баранд."

Бо гузашти 20 сол аз таъсиси Википедияи тоҷикӣ сару садоҳо дар бораи ғалату камбудҳо дар матну арқоми мақолаҳои ин донишнома кам нестанд. Мудирони пойгоҳ онро ба кам будани сафи ризокорон пайванд доданд.

Дӯстмурод Саид, яке аз мудирони Википедияи тоҷикӣ, гуфт, “дар Википедияи англисӣ намояндагони беш аз 130 давлати ҷаҳон ҳастанд. Онҷо назар ба Википедияи русиву арабиву туркӣ саҳву хато камтар аст. Масалан, намешавад дар Википедияи англисӣ Синоро турк гуфт. Чунки сарчашмаҳои муътабартар, сарчашмаҳои қадимӣ Синоро тоҷик гуфтаанд. Ҳеч тоҷик намедарояду бинад, ки дар мақола чӣ гуфта шудааст."

Бахши тоҷикии Wikipedia ба мисли бахшҳои дигари он аз тарафи довталабон вироишу такмил мешавад. Ҳар нафар метавонад дар ин донишнома маълумоте илова ё хатоеро ислоҳ кунад. Танҳо шарти асосӣ такя кардан ба сарчашмаҳои боэътимод аст.

Мудирони шӯрои тоҷикии ин донишнома умед доранд, ки шумораи довталабон барои такмилу пурра кардани он зиёд мешавад.

“Даъват дорам, ки Википедияро содда нагиранд. Дар Википедияи форсиву русиву ангилисиву туркӣ ҳам бояд фаъол бошем. Ҳар вақте аз дигар Википедияҳо бехабар мемонем, дигар миллатҳо ҳамон ақидаҳову ҳамон зеҳнияте, ки худашон доранд дар википедияҳои худашон бор мекунанд. Чун касе нест ки вокуниш нишон диҳад," – афзуд Дӯстмурод Саид.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Википедияи тоҷикӣ 20-сола шуд, онро дидаед?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:07 0:00
XS
SM
MD
LG