Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзгори муҳоҷир: "Корфармои олмонӣ ба ман мисли узви оилааш муносибат мекунад". ВИДЕО


Олмон (Германия) муҳоҷирони кории тоҷикро қабул мекунад.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:30:32 0:00

Олмон (Германия) муҳоҷирони кории тоҷикро қабул мекунад.

Ҳар вақте дар рӯ ба рӯйи инсон як дар баста мешавад, ӯ имкон дорад дарҳои дигареро боз кунад.

Қаҳрамони шумораи навбатии барномаи “Рӯзгори муҳоҷир” Қосим Талбиев аст, ки дар Олмон унвони “Видзуҳтер”-и тоҷикро касб карда, парваришгари дӯстодоштаи чорвои як хоҷагии деҳқонӣ гардад.

Қосим Талбиеви 30-сола яке аз 11 фарзанди як оилаи деҳқони тоҷик аст. Мегӯяд, ба ҷуз ӯ касе дар хонавода маълумоти олӣ надорад. Ва шояд агар дар соли 2009-ум як қарори шаҳрдорӣ дар бораи манъи нигаҳдориву парвариши чорво дар ҳудуди пойтахт намебаромад, ӯ ҳам пушти курсии Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон наменишаст ва зиндагиаш шакли дигар мегирифт.

Ҳоло қаҳрамони мо аз рӯи ихтисосаш ҳамчун духтури ҷонварон ё ветеринар дар як фермаи шахсӣ дар шаҳри Фрайбург кор мекунад. Аммо ба гуфти ӯ, аз ӯҳдаи дигар корҳои хоҷагидорӣ низ мебарояд ва маоши кофӣ низ мегирад.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ҳаргиз тасаввур намекард, пешаи интихобкардааш, ки аз нигоҳи аввал дилгиркунандаву бозоргир нест, ӯро ба Олмон мебарад. Дар ин кишвар Қосим худро бегона ҳис намекунад. Мегӯяд, як вижагии кор дар Олмон ин аст, ки корфармоён фориғболиву бемасъулиятиро намепазиранд.

Ба нақли Қосим дар ин охирҳо хоҳишмандони кору зиндагӣ дар Олмон зиёд аст. Ӯ мегӯяд, барои расидан ба ин мақсад яке аз шартҳо омӯхтани забон ва албатта устуворӣ барои расидан ба мақсад мебошад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG