Маҳдудият барои расонаҳои хориҷӣ дар Қазоқистон
Ниҳодҳои қонунгузори Қирғизистон ва Қазоқистон тақрибан ҳамзамон барои ислоҳ ва тағйир додани қонунҳои нозир бар фаъолияти расонаҳо пеш мераванд. Намояндагони порлумони Қазоқистон дар охири моҳи январ тарҳи иловаҳоро ба қонун “Дар бораи расонаҳо” пешниҳод карданд, ки “дар сурати таҳдид ба амнияти миллӣ” ба Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон иҷоза медиҳад аз додани парвона кор ба намояндагиҳои расонаҳои хориҷӣ ва хабарнигорони онҳо даст кашад.
Ин тағйирот ба хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ, ки барои гирифтани эътиборнома муваффақ нашуданд, иҷозаи кор намедиҳад. Дар сурати нақзи қонун, тибқи ислоҳоти нав, Вазорати корҳои хориҷаро вазифадор мекунанд, ки фаъолияти расонаҳои хориҷиро қатъ кунад.
Пешниҳоди ислоҳи қонун замоне дар порлумони Қазоқистон садо дод, ки Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар дастикам парвонаи кори 36 корманди бахши қазоқии Радиои Озодиро дароз накард. Никита Шаталова, вакили порлумони Қазоқистон ва яке аз ташаббускорони тарҳи қонун, мегӯяд, ҳамзамонии ислоҳи қонуни марбут ба расонаҳои хориҷӣ ва надодани эътиборнома ба хабарнигорони Радиои Озодӣ “танҳо як тасодуф аст”. Ба гуфтаи вай ислоҳи қонун метавонад аз таҳаррукот ва дахолат дар умури дохилии Қазоқистон пешгирӣ кунад.
Аммо, ин иқдом боис ба сарусадоҳои густурдае дар Қазоқистон шуд. Мунтақидон онро идомаи иқдомҳои мақомоти Русия медонанд, ки расонаҳои озод ва либерол аз саҳнаи қонунӣ канор зада шуданд ва қонуни навро хатари мустақим барои озодии сухан медонанд.
Зиндонӣ кардани рӯзноманигорон ва маҳдудиятҳои нав дар Қирғизистон
Тарҳи қонуни мушобеҳ дар охири моҳи январ дар Қирғизистон рӯи даст гирифта шуд. Дар дастгоҳи иҷроияи президент қонуни ҳозираро куҳнашуда ва тарҳи навро “Дар бораи расонаҳо” посух ба чолишҳои нав донистанд.
Аммо, ба гуфтаи коршиносон, ин санад барои иҷроӣ шудани усули озодии сухан таҳдиди ҷиддӣ аст. Дар таҳлили Бунёди иҷтимоии “Муассисаи сиёсатгузории расонаҳо” зикр шудааст, ки дар сурати қабули ин қонун, ниҳодҳои давлатӣ барои рад кардани сабти “расонаҳои номатлуб” ва бидуни асос қатъ кардани фаъолияти расонаҳои қаблан сабтиномшуда озодии мутлақ медиҳад.
Ин тарҳ дар пасманзари боздошти 11 хабарнигори собиқ ва феълии пойгоҳи хабарии “Temirov LIVE”, ки ду моҳ дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор доштанд, ба баҳс гузошта шудааст. Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон сабаби боздошти хабарнигоронро даъват ба беназмиҳои оммавӣ медонад, аммо Болот Темиров, бунёдгузори тарҳи “Temirov LIVE”, кори хабарнигории онҳоро далели аслӣ мешуморад.
Иқдоми зарурӣ?
Дидбони Ҳуқуқи Башар, Ҳамкории Байнулмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон (IPHR), Кумитаи Ҳелсинкӣ, Федератсияи Байнулмилалии Ҳуқуқи Башар ва дигарон дар як баёнияи муштарак аз мақомоти Қирғизистон хостанд, то парвандаҳои ҷиноиро алайҳи теъдоде аз расонаҳо, ки ба баҳонаи “таблиғи ҷанг” ва “даъват ба беназмии оммавӣ” боз шудаанд, қатъ кунад.
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) дар мусоҳиба бо пойгоҳи хабарии “Кабар” рӯзи 19-уми январ дар шарҳи қазия гуфт, мақомоти баландпояи давлат “маҷбуранд чунин иқдоми пешгиронаро рӯйи даст бигиранд, чун ин мустақим ба амнияти миллӣ рабт дорад.”
Пайравӣ аз Душанбе
Боздошти рӯзноманигорон, маҳдудият ва бозхонди парвонаи кори хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ равишҳое дар Тоҷикистон мебошанд, ки боис ба танқидҳои пайвастаи мақомоти тоҷик аз тарафи созмонҳои байнулмилалӣ мегардад. Танҳо дар ду соли охир дар кишвар ҳашт рӯзноманигор ба муддатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд.
Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) дар аввали моҳи январи имсол аз мақомоти Тоҷикистон ба далели зиндонӣ кардани теъдоди зиёде аз рӯзноманигорон дар соли 2023 ва ҳифзи мақоми риққатбори пештоз дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ интиқод кард.
Сиёсатшиноси тоҷик, Азиз Нуруллоев, мегӯяд, низомҳои Осиёи Марказӣ бо ҳадафи ҳифзи мақоми нухбагони сиёсӣ аз равишҳои демократӣ ақибнишинии комил нишон медиҳанд.
“Ин як навъ посух ба равандҳоест, ки дар ҷаҳон дар ҳоли иттифоқ уфтодан аст. Дар ҳоле ки ҷаҳони мардумсолор ба таври фазояндае дар ҳоли боз шудан аст, мардум ба иттилоот ва шаффофият дастрасии бештаре пайдо мекунанд, низомҳои иқтидоргаро инро таҳдиде барои аз даст додани мавқеи худ медонанд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки байни Русия ва Чин қарор доранд, аз равишҳои онҳо истифода мекунанд ва мавриди ҳимояташон қарор мегиранд”, - мегӯяд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.
Таҳдид ба амнияти миллӣ
Досим Сатпаев, сиёсатшинос ва коршиноси равобити байнулмилал, дар суҳбат ба пойгоҳи Exclusive таъкид кардааст, ки фишор бар расонаҳо дер ё зуд боис ба “кӯрии мудирият” хоҳад шуд.
“... Як нуктаи бисёр муҳим ин аст, ки дар шароити инқилоби иттилоотӣ талош барои мубориза бо фазои иттилоотӣ монанди мубориза бо осиёби бодӣ аст. Кишварҳои Осиёи Марказӣ Кореяи Шимолӣ нестанд, ки метвон онҳоро аз ҳама чиз бурид. Ҳатто монанди Чин ҳам нестанд, ки як низоми бастаи худро эҷод кардааст. Мо инро намепазирем ва худро бахше аз майдони иттилоотии ҷаҳонӣ медонем”, - мегӯяд коршинос.
Ба гуфтаи вай, “ҳазфи бозигарон худ боис ба эҷоди холигоҳ ва пайдо шудани бозигарони бегона мегардад, ки алайҳи амнияти миллӣ кор хоҳанд кард”.
Гуфтугӯ