"Барои ташхису табобат ба кишварҳои гуногун бурданд. Ду-се рӯз пеш аз Маскав ба Душанбе оварда, дар бемористони Қарияи Боло бистарӣ карданд. Дар ҳамонҷо даргузашт," -- гуфт яке аз мусоҳибони Радиои Озодӣ.
То кунун даҳҳо нафар, аз ҷумла баъзе аз овозхонҳои тоҷик, даргузашти Давлатманди Холро ба наздиконаш таслият гуфта, набудани ӯро барои фарҳангу ҳунари кишвар талафоти бузург номиданд. Мақомот ба таври расмӣ хабари марги овозхон ва иллати беморияшро нагуфтаанд.
Яке аз наздиконаш хабар дод, ки маросими видоъ бо ҳунарманд ва дафни ӯ рӯзи 19-уми феврал баргузор хоҳад шуд.
Давлатманди Хол 26‑уми октябри соли 1950 дар деҳаи Доғистони ноҳияи Шӯрообод, ҳоло ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, ба дунё омада, аз наврасӣ бо хондани сурудҳои мардумӣ шӯҳрат ёфт.
Оҳанги нахустини худро дар соли 1963 дар 13-солагӣ ва дар сӯгвории падараш хонд. Ин ҳунарманди маъруф қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ӯ навохтани бисёре аз созҳои мусиқӣ ва муҳаббатро ба ашъори Мавлоно Балхӣ аз падараш мерос гирифтааст.
Матни бештари сурудҳои ӯ ашъори Мавлоност. Зеро мегуфт, “дар ғазалиёти Мавлоно ғаразе нест ва аз сӯи дигар ба ашъори ӯ метавон ба роҳат оҳанг баст”.
Ӯ дар як суҳбаташ бо Радиои Озодӣ аз замони нооромиҳо дар Тоҷикистон ва таъсири он ба ҳунару зиндагии овозхонон ёдрас шуда, гуфта буд, аксари ҳамтоёнаш хомӯшу бекор буданд, бархе ҳам тарки кишвар намуданд.
“Мегӯянд, вақте овози тиру туфанг баланд, шуд овози мусиқӣ хомӯш мешавад. Садои тир ҳамаро хомӯш мекунад,” - гуфта буд ӯ.
Давлатманди Хол аз рӯи пеша меъмор буд, аммо умри худро сарфи бунёди кохи "Фалак" кард. Унвони ҳунарманди мардумии Тоҷикистонро дошт ва солҳо мудири дастаи давлатии “Фалак” буд.
Сурудаҳои Давлатманди Хол на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои форсизабон низ шунаванда доранд. Дар Эрон ӯро бо номи «Оқои дур машав» мешиносанд ва чанд сол қабл президенти собиқи Фаронса Жак Ширак барояш нишони тилоии кишварашро ҳадя карда буд.
Ба адвор (нота) даровардани таронаҳои “Фалак”‑ро маҳсули кори ин ҳунарманд медонанд.
Аз бойгонии Радиои Озодӣ:
Гуфтугӯ