Бо талаби баъзе аз созмонҳои молии байнулмилалӣ, маҳдудият ҷорӣ шудааст. Аз ҷумла, муҳлати тақдими имтиёз на бештар аз панҷ сол хоҳад буд. Аммо ташвиши соҳибкорон дар бораи онки сабукӣ бештар ба ширкатҳои "худӣ" дода мешавад, ҳамчунон мондааст.
Бо ҳадафи рушд?
Нарзулло Маликзода, муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, рӯзи 15-уми феврал гуфт, ҳангоми таҳияи Кодекси нав мутахассисон аз созмонҳои байнулмилалӣ буданд ва чанд мавшарати онҳо пазируфта шуд.
“Аз ҷумла, дар моддаи 32-и Кодекси андоз маҳдудиятҳо гузошта шуданд. Дар Кодекси пешина чунин набуд. Дар аксар ҳолат имтиёзҳои андозӣ бемуҳлат буд, лекин дар Кодекси нав муҳлат маҳдуд карда шуд ва имтиёзҳои андозии иловагӣ наметавонад аз 5 сол зиёд бошад,” – шарҳ дод ӯ.
Сандуқи Байнулмилалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ қаблан дар гузоришҳои худ гуфтаанд, ки имтиёз додан ба ширкатҳои алоҳида таҷрибаи хуб нест, чун рақобати носолимро ба вуҷуд оварда, буҷети кишварро аз даромад маҳрум мекунад.
Дар Кумитаи андози Тоҷикистон эътироф карданд, ки дар натиҷаи имтиёзу сабукиҳо ба ин ё он бахшу соҳа ба буҷет ҳудуди 6 миллиард сомонӣ камтар пул ворид шудааст.
Баъзе аз соҳибкорон иддао мекунанд, ки асосан ширкатҳои ба истилоҳ худӣ ё наздик ба мансабдорони баландпоя аз сабукиҳо баҳраваранд. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, гуфт, кам кардани андоз ва додани имтиёзҳо “бо ҳадафи рушд ва дастгирии ин ё он соҳа аст”.
“Даҳҳо корхонаи нав бо ҷойҳои корӣ таъсис ёфтанд. Агар ба рақамҳои омор ва гумрук нигоҳ кунем, дар муқоиса ба панҷ сол пеш аллакай воридоти баъзе мавод, ба монанди тухму гӯшти мурғ кам шудааст ё пурра аз байн рафт,” – гуфт вазири молия.
“Айни замон бе имтиёз ғайриимкон аст. Имтиёз онҳоро ба рушд ҳавасманд мегардонад. Лекин минбаъд давра ба давра онҳоро ба тартиб даровардан зарур аст,” – шарҳ дод Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз.
Коршиносон мегӯянд, давлат бояд барои ҳамаи ширкатҳо қоидаи ягонаро муайян кунад ва набояд ширкатҳои алоҳида аз имтиёзи молиётӣ (андозӣ) бархӯрдор гашта, дигарон зери бори андоз қомат хам бикунанд.
Феълан чанд корхонаи коркарди нахи пахта ва бештаре аз корхонаҳои истихроҷи маъдани гаронбаҳо аз пардохти молиёту таърифаҳои гумрукӣ пурра ё қисман озоданд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Чаро андоз сарборӣ аст?
Абдулло Ашӯров, рӯзноманигор ва шореҳи иқтисодӣ, мегӯяд, бо пешниҳоди созмонҳои байнулмилалии молӣ вазъ андаке беҳбуд ёфтааст: “Агар бо кишварҳои ҳамсоя қиёс кунем, бояд эътироф кард, ки мизони андоз дар Тоҷикистон дар асл чандон гарон нест, аммо муҳити соҳибкорӣ, ҳаҷми бисёр хурди иқтисод, даромади ками мардум боис мешавад, ширкатҳо рушд накунанд. Бинобар ин, андозсупорӣ барои ширкатҳо сарборӣ аст.”
Дар ҳоле ки соҳибкорон ва моликони ширкатҳои дигар аз сарбории гарони андоз шикоят мекунанд, дар Тоҷикистон ширкатҳои наздик ба ҳукумат имтиёз мегиранд ва аз пардохти андозу боҷҳои гумрукӣ озод мешаванд.
Аз ҷумла, ширкати хусусии "Амирӣ" ба муддати 10 сол аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод шуд. Мувофиқи санадҳое, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, ин ширкат ба Давлатов Зарифбек Шарифович тааллуқ дорад. Ӯро яке аз домодҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон медонанд.
Пеш аз ин, чанде аз ширкатҳои муштараки Тоҷикистону Чин аз имтиёзҳои андозӣ бархурдор шуда буданд. Тоҷикистон ширкатҳои “Ҳуаксин Ғаюр Семент” ва “Ҳуаксин Ғаюр Индастриал”-ро, ки ба Акбар Ғуломов, писари муовини нахуствазири собиқ Асадулло Ғуломов мутааллиқ аст, низ аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод карда буд.
Дар охири соли 2022 ҳукумати Тоҷикистон "Мармарӣ", ширкати азими чорво ва парандапарвариро дар ҷануби Тоҷикистон, барои овардани 140 номгӯй молу маҳсулот аз хориҷа аз пардохти боҷи гумрукӣ ва молиёт (андоз) озод кард. Ҷустуҷӯи Радиои Озодӣ нишон дода буд, ки ин ширкатро шахсони наздик ба Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари президенти Тоҷикистон, роҳбарӣ мекунанд. Мақомот дар ин маврид ҳеч ишорае накардаанд.
Гуфтугӯ