“Аз кишварҳои дӯсту бародар ва шарикони рушд даъват ба амал меорам, ки дар иҷрои нақша ва стратегияҳои созандаи Тоҷикистон ҳамкории рӯзафзун дошта бошанд,” – гуфт муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ Исматуллоҳ Насриддин рӯзи 27-уми феврал.
Ӯ ҳадафро аз нишаст талошҳои Тоҷикистон барои ҷалби бештари сармояҳои хориҷӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ номид.
Хуршедаи Қодир, муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ, Қазоқистону Чин, Русия, Люксембург, Итолиё, Амрико, Бритониё, Олмон, Туркия ва Узбекистонро аз даҳгонаи кишварҳои асосии сармоягузор ба иқтисоди ҷумҳурӣ ном бурд.
Вай гуфт, кишвар муваффақ шудааст дар соли 2023-юм 2,7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид кунад. "Ин 113,6 миллион доллар нисбат ба соли 2022 бештар аст," – иттилоъ дод Хуршедаи Қодир.
Видеоро дар инҷо бинед:
Тоҷикистон дар чанд соли охир барои ҷалби сармояи бештари хориҷӣ минбарҳои гуногуни ҷаҳониро истифода ва тарҳу пули ҳангуфтеро барои ин ҳадаф харҷ мекунад. Мақомот аз раванди рӯ ба афзоиши ҷалби сармояи хориҷӣ суҳбат мекунанд, аммо иқтисоддонҳо ин талошҳоро барои рушди иқтисод ноокофӣ медонанд. Баръакс, ба будани монеаҳои гуногун ишора мекунанд.
Фозилҷон Фатҳуллоев, иқтисоддони тоҷик, як сабаби суст будани воридоти сармояҳои хориҷиро ба иқтисоди кишвар қарзи зиёди берунӣ (3,6 миллиард доллар) донист. Ӯ се сабаби дигари чандон хуб набудани фазои сармоягузориро чунин номбар кард:
- Набудани амнияти сармоя ва имтиёзҳо барои сармоягузорон;
- Надоштани нерӯи барқи кофӣ ва доимӣ;
- Вуҷуди унсури фаровони фасод.
“Дар баъзе аз ҳолатҳо сармоягузор ҳавасманд аст, ки ширкати хурдро дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад, лекин унсурҳои фасод вуҷуд дорад, ки мақомоти мубориза бо коррупсия нисбат ба онҳо чораҷӯӣ ҳам намекунанд,” – шарҳ дод Фатҳуллоев.
Дар баробари фасод, инҳисорӣ (монополӣ) будани бахшҳои муҳими иқтисод ва зери нуфузи доираҳои наздик ба хонаводаи ҳоким қарор доштани тиҷоратҳои бузургро низ аз иллатҳои камтаваҷҷуҳии сармоягузорони хориҷӣ медонанд.
Созмони Шаффофияти Байнулмилал ё Транспаренси Интернешнл дар гузорише рӯзи 30-юми январ Тоҷикистонро дар миёни 180 кишвар дар ҷойгоҳи 162 қарор дод, ки аз поинтарин зинаҳо дар радабандӣ аст.
Абдулло Ашӯров, рӯзноманигор ва шореҳи иқтисодӣ, мегӯяд, дар баробари 93 дар сад кӯҳсор будани кишвар, монеаҳои маъмурӣ низ монеи ҷалби сармояи бештар мешаванд: “Сармоягузор мебинад, ки дар ҷумҳурӣ низоми додгоҳӣ мустақил ҳаст ё не. Дар сурати ғасб шудани моликияташ дар кишвар, тавассути Додгоҳ метавонад аз худаш дифоъ кунад ё не? Мо медонем, ки баҳогузории созмонҳои байнулмилалӣ дар бораи мустақилии Додгоҳ дар Тоҷикистон чӣ мегӯяд.”
Мақомоти давлатӣ захираҳои бузурги сарватҳои табиӣ, аз ҷумла филизоту сангҳои гаронбаҳо, зарфиятҳои гардишгарӣ ва омилҳои дигарро аз ҷумлаи имкониятҳои ҷолиби худ барои сармоягузорон медонанд.
Аммо коршиносон ва ниҳодҳои байнулмилалӣ нокофӣ будани зерсохтҳо, бозори бисёр хурд, ҳамсоягӣ бо Афғонистон, баста будани роҳҳои транзитӣ бо Қирғизистон ва мавқеи ҷуғрофии мушкил барои боркашониро аз монеаҳои ҷиддии дигар барои ноком шудан дар ҷалби сармояҳои хориҷӣ медонанд.
Гуфтугӯ