Баёнияи вазири дифои Русия рӯзи 27-уми феврали имсол дар нишасте дар Маскав садо дод. Дар он вазъияти кишварҳои Осиёи Марказӣ низ баҳс шуд.
“Дар минтақа зиёда аз 100 ҳазор созмони ғайридавлатии ғарбгаро ҳаст, ки 16 ҳазор бахш ва намояндагӣ доранд. Ин созмонҳо дар пасманзари амалиёти вижаи низомӣ (Русия ҷангашро дар Украина чунин ном мебарад) фаъолияти зиддирусии худро ба таври чашмрас боло бурданд. Ҳадафи он коҳиш додани ҳамкориҳои низомӣ-фаннӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Русия аст,” -- изҳор дошт Шойгу.
Вазири дифои Русия аз ҳеч иқдоми мушаххас ном набурд.
Роман Василенко, муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон, гуфтааст, ӯ намедонад манзури Шойгу аз иқдомоти пешгирона чӣ аст. Ба гуфтаи Василенко, дар Қазоқистон наздик ба 18 ҳазор созмони ғайридавлатӣ фаъолият мекунанд ва онҳо “бахши муҳими ҷомеа” ва мавриди ҳимояти давлат ҳастанд.
Дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Намояндагони расмӣ дар Тоҷикистон дар мавриди баёнияи вазири дифои Русия ҳарфе нагуфтаанд. Вакилони порлумон низ дар ин мавзуъ бо хабарнигорони Радиои Озодӣ суҳбат накарданд.
“Овозаҳои зиёде ҳаст, ки мақомоти Русия ба шарикони худ дар Осиёи Марказӣ фишор меоранд, ки фаъолияти созмонҳои ғайридавлатии ғарбиро маҳдуд кунанд, ба вижа онҳоеро, ки дар масъалаи ҳуқуқи инсон кор мекунанд. То ҳол тағйироти ҷиддӣ вуҷуд надорад,” -- мегӯяд сиёсатшиноси мустақил Парвиз Муллоҷонов.
Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон назорат бар созмонҳои ғайридавлатӣ аз муддатҳо қабл барқарор шуда, сиёсатҳои Қазоқистон ва Қирғизистон барои муддати тӯлонӣ дар баробари фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ озодтар буданд.
Фишор бе асоси қонунӣ?
Соли 2023 дар Тоҷикистон наздик ба 700 созмони ғайридавлатӣ аз фаъолият боз мондаанд. Ин масъала махсусан пас аз саркӯби норозиён дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соли 2022 доғтар шуд. Тибқи омор бештари созмонҳо маҳз пас аз ин воқеаҳо баста шуданд.
Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон ҳангоми нишасти хабарӣ дар моҳи феврали имсол гуфт, бештари ин созмонҳо ба далели камбуди буҷа худашон аз байн рафтанд. Пештар намояндагони панҷ ташкилот дар ВМКБ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки мақомоти қудратӣ онҳоро ба эълони варшикастагӣ ва басташавӣ маҷбур карданд.
Сиёсатшинос Азиз Нуруллоев мегӯяд, фишор ба созмонҳои ғайридавлатӣ ва рӯзноманигорон як раванди умумӣ дар паҳнои пасошӯравист ва ба нафъи ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия аст. “Кремл талош дорад бо истифода аз ҳар роҳи мумкин таҷовузро бар хоки Украина машруъ ҷилва диҳад ва мубориза бо рақибони идеологӣ бахше аз ин мубориза аст. Мақомоти Тоҷикистон алоқаманд ба саркӯби мунтақидони худанд ва дар ин ҷо манофеи онҳо бо ҳам наздик мешавад, ба ин маънӣ, ки ниёз нест ҳамеша гӯш ба фармони Маскав бошад,” – гуфт Нуруллоев.
Таҳлили омори Вазорати адлияи Тоҷикистон дар соли 2023 нишон медиҳад, ки теъдоди баста шудани созмонҳо сол аз сол бештар мешавад. Ҳамин тавр, дар 4,5 соли охир дар кишвар 715 ташкилоти иҷтимоӣ сабти ном ва фаъолияти 1103 созмон қатъ шудааст. Ин омор дар соли 2022 ба сатҳи рекордӣ расидааст. Дар он сол тақрибан 500 созмони иҷтимоӣ, аз ҷумла сад созмон бо қарори додгоҳ, баста шудаанд.
Дахолат ва ё нерӯи нарм?
Моҳпора Киромова, рӯзноманигори мустақил, баёнияи вазири дифои Русияро дахолат ба корҳои дохилии кишварҳои Осиёи Марказӣ донист. "Муҳим нест, ки суҳбат сари кадом иқдоми пешгирона аст. Лаҳни суҳбат бисёр чизҳоро рӯшан мекунад. Дар лобалои суҳбатҳояш на танҳо таҳдиди мустақим ба созмонҳои ғайридавлатӣ, балки ҳаққи ҳокимият ва истиқлолу мардуми кишвар дида мешавад. Ин "нигаронӣ"-и Русия маънои дигар надорад," -- мегӯяд Киромова.
Як намояндаи созмони ғайридавлатӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳар гуна қудрати нарми эҳтимолӣ дар ҳоли ҳозир аз таблиғоти Русия дар Тоҷикистон сусттар аст, “зеро сафорат ва “Россотрудничество” бо фаъолон ва рӯзноманигорон бисёр наздик кор мекунанд”.
Дар миёни абзорҳои аслии қудрати нарми Русия дар Тоҷикистон коршиносон омили муҳоҷирони корӣ, телевизионҳои давлатии Русия ва расонаҳои русзабон, донишгоҳҳо ва мактабҳои русӣ, бунёди “Русский мир” ва барномаҳои дигари “Россотрудничество”-ро ном мебаранд. Солҳои охир дар расонаҳои Тоҷикистон матлабҳои бештаре бо тамаркуз бар Русия, нақши таърихӣ ва нави он дар барои Тоҷикистон нашр мешаванд.
Дар кишварҳои ҳамсоя чӣ мегузарад?
Намояндагони порлумони Қазоқистон дар охири моҳи январи имсол ба қонун “Дар бораи расонаҳо” ислоҳ ворид карданд, ки ба Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар ҳақ медиҳад, “дар сурати таҳдид ба амнияти миллӣ” аз додани парвонаи кор ба намояндагони расонаҳои хориҷӣ худдорӣ варзад.
Пешниҳоди ислоҳи қонун замоне дар порлумони Қазоқистон садо дод, ки Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар ба камияш парвонаи кори 36 корманди бахши қазоқии Радиои Озодиро дароз накард. Қонуни ба ин монандро дар охири моҳи январ яке аз кумитаҳои порлумони Қирғизистон ба баррасӣ гирифт. Коршиносон таъкид мекунанд, ки ин тағйирот барои рад кардани сабти “расонаҳои номатлуб” ва бидуни асос қатъ кардани фаъолияти расонаҳои қаблан сабтиномшуда ба ниҳодҳои давлатӣ озодии мутлақ медиҳад.
Порлумони Қирғизистон рӯзи 14-уми марти имсол қонунро “Дар бораи намояндагони хориҷӣ” қабул қард. Созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International аз президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов даъват кард, ки ба қонун вето гузорад. Бунгоҳи ҳуқуқии “Адилет” дар як таҳлилаш нишон додааст, ки он 98 дарсад ба қонуни Русия “Дар бораи агентҳои хориҷӣ” шабоҳат дорад.
Қонуни Русия дар бораи агентҳои хориҷӣ соли 2012 қабул шуд. Ин қонун ба Вазорати адлия ҳақ додааст, созмонҳои ғайритиҷоратие, ки аз хориҷа сармоягузорӣ мешаванд ва корҳои сиёсӣ мебаранд, "агенти хориҷӣ" бишуморад.
Қонундонҳо мегӯянд, меъёрҳое, ки чунин фаъолиятро мушаххас мекунанд, дар қонун ба таври рӯшан гуфта нашудаанд. Ин қонун ба мақомот иҷоза медиҳад ташкилотеро, ки дар заминаи фарҳанг, тиб, муҳити зист ва ҳуқуқи инсон фаъолият мекунанд, таъқиб кунанд. Дар натиҷа бисёре аз созмонҳо ба басташавӣ ва маҳдуд кардани фаъолияти худ маҷбур шуданд.