Канибек дар Русия ба ҳайси "курйер" кор мекунад. Ба муштариён хӯрок мерасонад. Мегӯяд, новобаста аз кори зиёд рӯза гирифт.
“Соли сеюм аст, ки дар хориҷ аз кишвар ҳастам ва рӯза мегирам. Мо 12-13 ва баъзан то 14 соат кор мекунем. Ин душвор нест, зеро кори мо сабук аст. Мо бо мошин ё дучарха кор мекунем,” – нақл кард ӯ.
Бо наздик шудани ифтор, супориш зиёд ва Канибек серкор мешавад: "Бояд ҳамаро сари вақт бурда расонем. Дар роҳ ягон чиз мехӯрем. Дар ду соати аввал ба ҳамин тарз рӯзаамонро мекушоем. Пас аз кор ба хона меравем ва ба серӣ хӯрок хӯрда, хоб меравем.”
Сайқал дар яке аз тарабхонаҳо фаррош аст. Ба мисли муҳоҷирони дигар 12 соат кор мекунад. Ӯ ҳам рӯзадор аст. Мегӯяд, кораш чандон вазнин нест.
“Гирифтани рӯза мушкил нест. Раҳбарият дар ҷойи кор мефаҳмад моро. Ман зиёд хаста намешавам. Кори худро иҷро мекунам. Моҳе як бор тамоми тарабхонаро пок мекунем. Ҳамон вақт каме мушкил аст, рӯзҳои дигар осон аст,” – афзуд ӯ.
Як рӯҳонӣ мегӯяд, занони ҳомила, беморон, шахсони солманд ва онҳое, ки дар сафар ҳастанд, узр доранд.
“Агар одам дар як ҷойи дигар то 15 рӯз бимонад, ӯ иҷоза дорад, ки рӯза нагирад. Баъд аз 15 рӯз аллакай мусофир дониста намешавад. Вале даҳ рӯз дар як шаҳр ва даҳ рӯзи дигар дар ҷойи дигаре бошад, ӯ мусофир аст. Дин ба ӯ иҷоза медиҳад, ки рӯза нагирад, вале вақте баргашт, бояд бидорад,” – афзуд ӯ.
Идораи мусулмонони Қазоқистон гуфтааст, соати зиёди корӣ барои рӯза надоштан сабаб намешавад. Дар Идораи мусулмонони Қирғизистон мегӯянд, дар чунин шароит рӯзадорон бояд ҳангоми хӯрдани ғизо аз кор танаффус бигиранд.
Дар Тоҷикистон ҳам ин баҳс солҳо боз ҷой дорад. Се сол пеш, ҳангоми ба ҳавои гарм рост омадани моҳи Рамазон, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба кишоварзон машварат дода буд, ки ҳангоми кор дар саҳро аз гирифтани рӯза худдорӣ кунанд.