Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ночаспо ва шубҳанок". Назари коршиносон ба ривоят ва фактҳои қазияи "Крокус"


Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав, 24-уми марти 2023
Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав, 24-уми марти 2023
  • Ҳамла даҳшатнок буд, вале боздоштшудаҳо ба иҷрокунандагони он чандон монанд нестанд.
  • Шеваи боздошти гумонбаршудагон ошкор ва намоишкорона буд, аммо муҳокима дар додгоҳ махфӣ ва пӯшида баргузор гашт.
  • Нерӯҳои зудамал, Горди Русия ва полис дар наздикии ҷойи воқеа буданд, аммо дер расиданд.
  • Гумонбаршудагонро на субҳи рӯзи дигар, балки ҳамон нимишабӣ боздошт карда буданд, вале танҳо субҳ ба навор гирифтанд (шояд такроран саҳнасозӣ карданд).

Инҳо ва чандин мавриди дигари марбут ба ҳамлаи террористӣ ба толори “Крокус Сити Ҳол” дар канораи Маскав дар миёни коршиносон шакку шубҳа ва суолҳоеро халқ кардааст, ки мақомоти Русия ҳанӯз ба онҳо посухи рӯшан ва боварбахш надодаанд.

5 Ё 6 СОАТИ НОМАЪЛУМ

Мақомоти Русия гуфтанд, 11 нафарро бо гумони даст доштан дар ин ҳамла боздошт карданд. Бино бар наворҳо, боздошти чаҳор нафар субҳи 23-юми март ба амал омадааст. Вале "Медиазона" бар пояи наворҳои назорати суръати ҳаракат дар роҳ гуфт, боздошт наздикии нимашаб ва 100 километр пештар аз ҷойи эълонкардаи мақомот сурат гирифтааст. Дар ин байн, яъне тақрибан 5 ё 6 соат, аз сари боздоштшудаҳо чӣ гузаштааст, маълум нест.

Владимир Осечкин
Владимир Осечкин

Ҳолати ҷисмонии онҳо нишон медиҳад, ки сахт шиканҷа шудаанд. Ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқ, Владимир Осечкин, ин шиканҷа ба дараҷае сахт будааст, ки яке аз онҳо дар додгоҳ нимабеҳуш буд ва дигаре мисли "зомбӣ" рафтор мекард. Осечкин мегӯяд, бо онҳо ҳангоми боздошт тавре рафтор шудааст, ки гуё гунаҳкор будани онҳо ва ҳама ҷузъиёти дигар барои мақомот рӯшан аст ва чизе аз боздоштшудаҳо донистан намехоҳанд.

Ин ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, ҳар кишвар агар террористи воқеиро боздошт кард, аввал талош мекунад, аз ӯ маълумоти бештаре барои таҳқиқи ҳодиса дарёфт кунад. Дар ин ҳолат, ба қавли ӯ, мақомоти рус фавран ба шиканҷаи шадиди боздоштшудаҳо оғоз карданд ва мисле рафтор карданд, ки "барояшон иттилои муҳими дорои аҳамияти оперативӣ лозим ҳам нест."

ҶОЙИ БОЗДОШТ

Алишер Илҳомов
Алишер Илҳомов

Наздикии марзи Украина ва дар дурии қариб панҷ соат роҳ аз Маскав. Дар ин масир мошини гумонбаршудагон 6 бор қоидаҳои роҳро вайрон кардааст. "Чаро нозирони роҳ дар фосилаи 130 километр, ки чанд нуқтаи аҳолинишин аст, роҳи ин мошинро нагирифтанд ва иҷоза доданд, ки то наздикии марз бирасад? Танҳо хеле бояд террористи аблаҳ буд, ки ба ҷои пинҳон шудан дар макони наздике роҳи дарозеро барои фирор интихоб кунӣ. Чунин ба назар мерасад, ки касе онҳоро барои фирор кардан ба ин самт ташвиқ кардааст," -- мегӯяд Алишер Илҳомов, таҳлилгар аз Лондон.

Алекс Кокчаров, аз созмони S&P Global Market Intelligence низ ин ҳаракати айбдоршудагонро зери шубҳа мебарад: “Марз бо Украина ҳоло хатти пеши ҷанг аст. Аз минтақаи Брянск ба Украина ягон гузаргоҳ нест. Марз пур аз низомӣ аст. Ин ҷо низомиёни мусаллаҳи рус ва нерӯҳои ФСБ хеле зиёданд.”

Нашрияи "Комсомолская правда", чопи Маскав, дар навори видеоӣ нишон додааст, ки нерӯҳои махсус бо ёрии паҳпод ё дрон пинҳонгоҳи гумонбаронро дар бешазор пайдо кардаанд. Аммо нашрия нагуфтааст, чаро паҳпод ё бесарнишинҳо фирориёнро дар масири роҳ ва пеш аз расидан ба наздикии марз пайгирӣ накардаанд.

Алишер Илҳомов ин суолҳоро низ матраҳ мекунад, ки "чаро ҳамлагарон мошинашонро иваз накарданд? Маъмулан, террористон мошинашонро ҳангоми фирор иваз мекунанд, то касе изашонро наёбанд. Аз як дӯст ё шиноси худ харидани мошин барои ҳамлаи террористӣ низ тааҷҷубангез аст, чун маъмулан афроде, ки дар зеҳн нақшаи ҷиноят доранд ё аз нафари ношинос мошин мехаранд ё аз мошини дуздидашуда истифода мекунанд."

Даромадгоҳи "Крокус Сити Ҳолл", 22-юми марти 2024
Даромадгоҳи "Крокус Сити Ҳолл", 22-юми марти 2024

“ҲАМЛАИ БОИҶОЗА”?

Би-би-сӣ менависад, аз пойгоҳи Горди миллии Русия, ки дар фосилаи 3 километр аз Крокус буд, ҳатто пойи пиёда метавонистанд, дар 15 дақиқа расанд. Дар худи бино ва ҳамон маҳалла ду шӯъбаи пулис буд, ки яке пурра мусаллаҳ ва ҳам нерӯҳои махсуси зудамал ба Крокус дер расиданд.

Як афсари бознишастаи нерӯҳои махсуси КГБ-ФСБ ба шарти пинҳон мондани номаш ба Би-би-сӣ гуфтааст, як ниҳоди амниятӣ ҳамеша омода аст ва мебоист бо нахустин хабар “бо чархбол, мошин ё ҳатто хар” ба ҷойи воқеа мерасид ва бахшҳои дувум ва савум аз паси он, вале чунин нашуд.

Мақомоти интизомии Русия тасдиқ кардаанд, ки кормандони шуъбаи пулис, воқеъ дар наздикии маҷмааи “Крокус Сити Ҳолл” дар панҷ дақиқа пас аз хабари тирандозӣ дар назди ин бино ҳозир шудаанд. Алишер Илҳомов мегӯяд, суоле беҷавоб аст, ки чӣ тавр ҳамлагарон замоне ки пулис ба он ҷо расида буд, бидуни муқобилият, озодона бо мошин ҷойи ҳодисаро тарк кардаанд. Таваққуфгоҳи ин маҷмаа ду баромадгоҳ дорад. Тибқи маъмул пас аз чунин ҳамла мақомот фавран дастури бастани роҳҳоро дода мешавад.

Мақомоти Русия мегӯянд, чунин дастур дода шуд, вале бо вуҷуди ин мошини гумонбарони ҳамла то вилояти Брянск расид.

Ба гуфтаи рӯзноманигор Анвар Деркач, ҳодиса воқеан терористӣ буд, вале далелҳои мантиқӣ нишон медиҳанд, ки Русия натавонист аз он ҷилавгирӣ кунад, сари вақт вориди кор шуда, одамонро наҷот диҳад. “Натавонист ё иҷоза дод, ки он рӯй диҳад.”

Амрико ва Бритониё аввали ин моҳ ба шаҳрвандонашон ҳушдор доданд, ки аз рафтани ба ҷойҳои серодам худдорӣ кунанд, чун эҳтимоли сар задани ҳамлаи террористӣ вуҷуд дорад. Онҳо мақомоти Русияро низ огоҳ карданд. Алишер Илҳомов мегӯяд, вақте кишварҳои абарқудрат ҷиддӣ ба Русия дар ин бора ҳушдор доданд, вале боз ҳам аз ин ҳамла пешгирӣ нашуд, чунин ба назар мерасад, ки касе манфиатдор буд, ки чунин иттифоқ биафтад.

ТОҶИКОН

Нахуст Кумитаи тафтишотии Русия бе пешниҳоди далелҳои раднопазир шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзовро гумонбарони асосии ҳамлаи террористӣ эълон кард ва додгоҳ низ ба ҳабси онҳо амр дод.

"Крокус Сити Ҳолл", 23-юми марти 2024
"Крокус Сити Ҳолл", 23-юми марти 2024

Гуруҳи ваҳшатафкани “Давлати исломӣ” ё ДОИШ бо нашри наворе, ки дар он чеҳра ва садоҳо тағйир ёфта буд, эътироф кард, ки ҳамла кори “сарбозон”-и ин гурӯҳ аст. Кишварҳои ғарбӣ низ бар ин боваранд. Аксар коршиносон мегӯянд, ба ҳамлаи террористӣ будани ҳодиса шубҳа надоранд, вале ба рафтори мақомоти рус ва инки то куҷо гумонбарони аслӣ боздошт шудаанд, шак доранд.

Президенти иттифоқи "Афсарони гуруҳи Алфа", Алексей Филатов ба шабакаи телевизионии TV5-и Русия гуфтааст, ба назари ӯ, ҳамларо ба камияш се гуруҳ анҷом додаанд: яке тирандозӣ кардааст ва дувумӣ ҳамзамон чанд нуқтаи биноро оташ зада, афроди дигар дар беруни бино бо раҳнамоӣ ба ҳамлаварон вазъияти берунро ба онҳо хабар додааст. Дар акси ҳол имкон надошт ҳамаи ин амалиёт дар 18 дақиқа ва аз тарафи 4 нафар иҷро шавад. Вай ҳамчунин мегӯяд, бовар надорад, ки ин амалиёт кори ДОИШ бошад.

Аммо ба ақидаи Алишер Илҳомов, дар мавриди инки ин ҳамларо афроди марбут ба ДОИШ анҷом додаанд, шубҳа кам аст ва ДОИШ ҳам инро эътироф кард. Аммо агар ба бархе далелҳои пешакӣ нигоҳ кунем, чунин ба назар мерасад, ки мақомоти Русия барои ин шароит фароҳам кардаанд.”

Анвар Деркач, рӯзноманигори муқими Украина, мегӯяд, ба рафтори мақомоти рус дар ин ҳодиса имкон надорад, ки бидуни шубҳа нигоҳ кард. Ӯ гуфт, шиканҷаро онҳо ошкоро онҳо навор гирифтанд ва ба мардум нишон доданд, вале ҳукми боздошти гумонбарон дар терроризмро пушти дарҳои баста содир карданд.

"Мо дар навор дидем, афроде, ки ба сӯи издиҳом тир мепаронанд, аз автомати АК-12 истифода мекунанд, ки ин яке аз силоҳи пешрафтае аст, ки ҳанӯз на ҳама артиши Русия ба он дастрасӣ доранд. Дар дасти онҳо ин силоҳ буд, вале Бастрикин ба Путин ҳисобот дод, ки ҳамлагарон ду силоҳи АК-74 доштанд," -- гуфт Анвар Деркач.

Ин аксро Кумитаи тафтишотии Русия нашр кард
Ин аксро Кумитаи тафтишотии Русия нашр кард

Расонаҳои Русия бе шакку тардид гумонбарони аслӣ тоҷиконро муаррифӣ кардаанд ва мақомоти ин кишвар бе пешниҳоди ҳеч далел ба даст доштани Украина дар ин ҳамла ишора мекунанд.

Олга Романова, раҳбари бунёди иҷтимоии “Зиндониҳои Русия”, низ мегӯяд, аз нигоҳи вақт, рафтори кормандони мақомот, сабти шиканҷа кардани боздоштшудаҳо, фирори аблаҳонаи гумонбарон номувофиқатӣ мебинад. Ба гуфтаи ӯ, агар ба ҳарфи мақомоти рус бовар кунем, ин нафарон ба ҳадде дар кори худ касбӣ амал кардаанд, ки хадамоти махсуси Русия аз он бехабар монд, вале саволе беҷавоб аст, ки чӣ тавр ин афроди хеле "боҳуш" ин гуна аблаҳона аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд.

Олга Романова
Олга Романова

"Номувофиқатӣ зиёд аст ва умуман дар ин ҳодиса кадом чизе нодуруст ба назар мерасад. Чӣ тавр як одаме, ки ба Украина фирор мекунад, пулашро ба картаи "Мир" мегузаронанд, ки он берун аз Русия кор намедиҳад. Путину Бортников мегӯянд, Украина барои онҳо дарича барои вуруд боз карда буд. Дарича аз ду тараф мешавад. Агар ҳатто ба ин фарзия бовар кунем, пас, касе барои онҳо ваъдаи боз кардани дарича аз тарафи Русияро низ додааст," -- гуфт ӯ.

ФАЗО БАЪД АЗ КРОКУС

Ба гуфтаи ин коршинос, Русия бо намоиши шиканҷаи ошкорои боздоштшудаҳо, пешниҳоди дубора ҷорӣ кардани ҳукми қатл, ҷорӣ кардани фазои тарсу ҳарос дар ҷомеа ба як марҳилаи дигаре ворид шудааст. Ӯ муътақид аст, ки ин ҳодиса тағйироте дар ҳаёти сиёсиии Русия ворид хоҳад кард.

Алишер Илҳомов мегӯяд, Русия ҳоло худро қурбонии бузурги терроризм ҷилва медиҳад ва ҳатман аз ин ҳодиса ба суди худ истифода хоҳад бурд. Ӯ бар ин назар аст, ки Русия бо истифода аз ин ҳодиса дар ҷангаш бо Украина ва сиёсати муҳоҷирташ тағйироти ҷиддие ворид хоҳад кард. Анвар Деркач, рӯзноманигори муқими Украина назари дигар дорад:

"Ин ҳодиса ба мақомоти рус имкон медиҳад, ки фишорро болои ҷомеа афзоиш диҳанд. Вақте намоишкорона гуш мебуранд, пас интизори амалҳои дигари ваҳшиёна бояд буд. Аз ин пас онҳо ҳар касеро, ки ҷинояткор гуфтанд, пас, набояд ҷомеа ба ҳарфи онҳо шубҳа кунад ва онҳо ҳар касеро хостанд, гуш мебуранд. Ин аз нигоҳи ман як гардиши ҷидди дар сиёсати Русия аст. Маънояш ин аст, ки мо ҳар хеле хоҳем рафтор мекунем ва пеши моро касе гирифта наметавонад."

Акс аз Кумитаи тафтишотии Русия, 23-юми марти 2024
Акс аз Кумитаи тафтишотии Русия, 23-юми марти 2024

Бо вуҷуди расонаӣ шудани шубҳа ва суолҳои зиёд мақомоти рус ҳанӯз тафсилот ё посух надодаанд. Навори дурбинҳои назоратии дохили бинои "Крокус Сити Ҳолл" нашр нашудаанд, ҳарчанд навору акси лаҳзаи бо мошин ҳаракат кардани гумонбарон дастрас гаштанд.

Тафтиши ҳодиса ҳанӯз ба поён нарасидааст, вале матбуоти Русия боздоштшудагонро ба ҷомеа ҷинояткор муаррифӣ кард. Таблиғот дар ин самт ба ҳадде қавист, ки гуё ҳадаф на ҷазо додани гунаҳкорон аст, балки бовар додан ба ҷаҳониён, ки бе ҳеч шубҳа тоҷикони шиканҷашуда ҳамлаи террористӣ анҷом додаанд.

XS
SM
MD
LG