Шабнам Худойдодова мегӯяд, қарори додгоҳ дар ин бора 19-уми марти имсол содир шудааст ва далелаш ҳам радди дархости паноҳандагии бародари ӯст. Талошҳо барои бекор кардани қарор то ҳоло бенатиҷа будаанд.
Комрон Худойдодов моҳи сентябри соли 2018 дар пайи фишори мақомоти Тоҷикистон ба Лаҳистон кӯчид ва аз он вақт то ҳоло дар як дӯкон кор мекунаду ба дарёфти паноҳандагӣ талош дорад. Фаъоли сиёсии тоҷик нигарон аст, ки бародараш дар сурати бозгашт ба Тоҷикистон ба хотири ӯ озору азият мебинад.
Мақомоти Лаҳистон дар ҳуҷҷатҳо гуфтаанд, ки Комрон Худойдодов фаъолияти сиёсӣ надорад ва дар Тоҷикистон ба ҷони ӯ хатаре таҳдид намекунад. Шабнам Худойдодова мегӯяд, бародараш фаъоли сиёсӣ нест, аммо барои мақомоти Тоҷикистон ин аҳамият надорад, танҳо робитаи хешутаборӣ метавонад боиси дардисар шавад.
"Аз паси корҳои ман ҳаёти ӯро месӯзонанд. Вай сиёсатмадор нест. Ман ба роҳи сиёсат рафтам. Ҳар чизе, ки нисбат ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон навиштам, эътироз кардам, ман кардам. Оилаи ман гунаҳкор нест," – гуфт Шабнам Худойдодова рӯзи 8-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Вай ҳамзамон ин мушкилро ба кӯтоҳии вакили мудофеъ пайванд дод, ки ба гуфтааш дар соли 2018 ба қарори додгоҳ саривақт эътироз накард: “Пас аз он ду вакили дигар гирифтем, аммо кор буд нашуд. Ҳоло қарор кардаанд, ки то 19-уми апрел бояд барояду биравад. Агар хориҷ намешавад, дар он ҳолат ба зӯрӣ, ба мисли Мустафо Ҳаётов, ба дасти мақомоти Тоҷикистон медиҳанд.”
Шабнам Худойдодова бо навиштани номае аз Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон хостааст, ки ба қазияи бародараш дахл кунад ва аз эҳтимоли ба Тоҷикистон фиристода шудани ӯ пешгирӣ намояд.
"Дар нома гуфтам, ҷони як ҷавони тоҷикро дар хатар нагузоред. Ҷони ҳамин бачаро бихаред. Агар “депорт” шавад, ҳаёти ӯ месӯзад. Вақте ман аз ҳукумати Полша дархости паноҳандагӣ кардаму маро ба Беларус баргардонданд, боздошт шудам. 13-уми июни соли 2015. Нуҳ моҳ дар зиндон нишастам. Вазъи саломатиям бад шуд. Аз хатои марзбонҳои Лаҳистон то ҳанӯз ранҷ мекашам. Ҳаёти як ҷавони дигар набояд хароб шавад,” – илова кард ӯ.
Шабнам Худойдодоваро, ки дар гузашта узви ҷунбиши сиёсии “Гурӯҳи 24” буд, соли 2015 бо дархости Тоҷикистон ва ба иттиҳоми “таъсиси гуруҳи ифротӣ” дар Беларус дастгир карданд. Ӯ дертар бо мусоидати Созмони Милал аз боздошт раҳо шуд ва ба Лаҳистон рафту дар онҷо паноҳандагии сиёсӣ гирифт.
Номи ӯ дар як рӯйхати Бонки Миллии Тоҷикистон ҳам пайдо шуда буд, ки муомилаи пулӣ бо онҳо ҳамчун "ифротгароён" мамнуъст. Худаш бовар дорад, ки ӯро барои андешаҳои сиёсӣ ва танқидаш аз сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон таъқиб мекунанд.
Аз соли 2015 ба ин тараф гуруҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели мухолифат бо режими ҳоким ва ё таъқибу азияти афзун дар Аврупо, бахусус Лаҳистону Олмон, паноҳанда шуданд. Кишварҳои аврупоӣ аризаи на ҳамаи онҳоро мепазиранд, ҳарчанд то ҳоло чанд ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ин ҷо мақоми паноҳандаи сиёсӣ гирифтаанд.