Дар масҷиди марказии Маскав, дар хиёбони Мир, теъдоди намозгузорон зиёд буд. Онҳое, ки ба дохили масҷид роҳ наёфтанд, дар берун намоз хонданд. "Ҳуҷҷатҳоро хуб кунед, касе чизе намегӯяд," – паём дод яке аз муҳоҷирон.
Ин дар ҳолест, ки пештар мақомот дар баъзе аз минтақаҳои Русия, аз ҷумла Маскав, аз мусалмонон хоста буданд, беҳтар аст намози идро дар хона гузоранд. Гуфта мешуд, эҳтимол дар пайванд ба ҳодисаи "Крокус Сити Ҳолл" маҳдудият ҷорӣ мешавад.
Ҳомиёни ҳуқуқ ҳам ба муҳоҷирон машварат дода буданд, ки талош кунанд ба масҷид нараванд, чун хатари боздошт вуҷуд дорад. Баъзе аз онҳое, ки дар рӯзи ид дар масҷиди Маскав ҷамъ омада буданд, мегӯянд, санадҳояшон дуруст буд ва мушкиле пеш наомад.
"Мо инҷо барои кор омадем. Ду фарзанд дорем, модарам ҳаст, занам ҳаст. Писари амакҳоям ҳастанд дар ин ҷо. Онҳое, ки ҳуҷҷат доранд, бояд кор кунанд. Ман як сол шуд дар инҷо бо патент кор мекунам. Бе ҳуҷҷат кор карда намешавад. Инҷо одам бояд ботартиб бошад," – гуфт як муҳоҷири корӣ аз Осиёи Марказӣ.
Бо ин вуҷуд онҳое, ки дар намозҳои идонаи солҳои гузашта иштирок кардаанд, мегӯянд, имсол теъдоди ширкатдорон нисбатан камтар буд. Бархе ҳам дар ин рӯз муҳоҷирони дигарро ба эҳтиёткорӣ даъват мекарданд.
Баҳодур, муҳоҷири кории узбек, рӯзи 10-уми апрел гуфт, “эҳтиёт шаванд, дар ин шароит ҳуҷҷат дуруст аст ё не, аҳамият надорад. Боздошт карда мебаранд.”
Иддае аз муҳоҷирон барои намози ид дар берун аз масҷид, дар маконҳои дигар ҷамъ омадаанд. Аз ҷумла, дар шаҳри Дедовкаи вилояти Маскав. Муҳоҷирон дар онҷо дар толори варзишӣ намоз гузоштанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Хабаргузории давлатии “ТАСС” мегӯяд, муфтии мусалмононии Русия Равил Ғайнуддин ҳамларо ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав маҳкум карда, аз волидон хостааст, дар бораи дар куҷо будани фарзандон ва ёру ошноҳои худ огоҳ бошанд, то туъмаи ифротгароён нашаванд.
Ҳамлаи маргбор ба толори мусиқии “Крокус”, ки сабаби кушта ва захмӣ шудани садҳо нафар шуд, вазъи бе ин ҳам нохуби муҳоҷирони тоҷикро дар Русия бадтар кардааст.
Дар чанд ҳафтаи охир бо зиёд шудани амалиёту фишор ва боздошту ронда шудани ба вижа зодаҳои Тоҷикистон, аксар муҳоҷирон мегуфтанд, бо тарс ба кору хиёбон мебароянд. Дар рӯзи ид ҳам, чун рӯзҳои дигар муҳоҷирон бо фиристодани навор аз боздошту ронда шудани зодаҳои Тоҷикистон хабар доданд.