Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мактаб нест, духтур ҳам." Нуҳ сол гузашт, чаро Сайҳун шаҳрак нашуд?


Шаҳраки Сайҳун, 15-уми апрели 2024
Шаҳраки Сайҳун, 15-уми апрели 2024

Заминҳои хушку холӣ, роҳҳои хароб, хонаҳои нимасохта, маҳаллаҳои камодам ва бе мактабу пизишк. Тасвири ҳозираи шаҳраки Сайҳун дар 10-километрии Хуҷанд чунин аст.

Нуҳ сол пеш, ҳангоми бунёди шаҳрак, мақомот сохтмони баландошёнаҳо, мактабу шифохона ва коргоҳҳои муосирро дар инҷо ваъда дода буданд. Дар ин муддат ба тақрибан ҳафт ҳазор нафар замин тақсим шуд, аммо теъдоди хурде хона сохта, бархе онро дубора ба фурӯш гузоштаанд. Чаро бо гузашти ин қадар вақт тарҳи Сайҳун иҷро нашуд?

Дар интизори хати барқу об

Гулнора Ҷӯраева ва аъзои оилааш ҳашт сол боз аз ҷамоати Ёваи Хуҷанд кӯчида, дар шаҳраки Сайҳун зиндагӣ доранд. Дар оғоз умед доштанд, ки дар ҷойи нав бо шароити муосир зиндагӣ мекунанд, аммо чунин нашуд.

"Мактаб аз ҷойи зисти мо чаҳор километр дур аст. Бачаҳо дар фасли зимистон азоб мекашанд. Саги дайду бисёр аст. Борон меборад, сел роҳҳоро мешӯяд, бачаҳоро баъзан аз дохили сел гирифта меорем," – нақл кард ӯ рӯзи 15-уми апрел.

Бунёди шаҳрак соли 2015 шуруъ шуд
Бунёди шаҳрак соли 2015 шуруъ шуд

Мушкили шаҳрак бо надоштани мактаб хулоса намешавад. Маҳмудҷон Абдуллоев, сокини дигари Сайҳун, мегӯяд, "нуқтаи тиббӣ сохтем, аммо духтур нест. Ба сабаби он ки роҳ хуб нест, табибон барои омадану рафтан азоб мекашанд. Ними шаб ба Ёрии таъҷилӣ занг мезанем, кӯчаҳо ном надоранд. Онҳо то ними раҳ меоянду хонаро намеёбанд ва мераванд."

"Чанд соат об медиҳанд. Мушкили барқ дар ҳама ҷо ҳаст, аммо барқро дар шаҳраки мо аз ҳама зиёдтар хомӯш мекунанд," – шикоят кард Мурод Баротов.

Ҳудуди шаҳрак 2,5 ҳазор гектарро ташкил мекунад ва он ба 30 маҳалла тақсим шудааст. Ба иттилои дарёфтӣ, ҳамагӣ 70 оила дар инҷо зиндагӣ доранд. Шароити зист дар ҳама маҳаллаҳо яксон нест. Баъзе аз маҳаллаҳо чанд сол боз интизори хати барқу об ҳастанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Нуҳ сол гузашт, чаро Сайҳун шаҳрак нашуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:07 0:00

“Ҳеч кас наомад”

Маҳмадсолеҳ Ҷумъаев, сокини шаҳраки Сайҳун, гуфт, "одамон хонаву дар сохтанд, вале азбаски барқу об нест, наомаданд. Се-чор ҳамсояи ман хонаҳои худро дар инҷо гузошта, дар минтақаҳои дигар дар манзили иҷора меистанд."

"Рафта ба раиси вилояти Суғд муроҷиат кардам. Гуфтанд, одамҳоро мефиристам, рафта аз шароити Шумо бохабар мешаванд. Ба ин гап се-чор моҳ шуд, аммо ҳеч кас наомад. Гуфтанд, барқу обро ташкил мекунем, вале то ҳол нашудааст," – гуфт Сония Ваҳҳобова.

Ба монанди Сония Ваҳҳобова сокинони дигари шаҳрак ба мақомоти маҳалливу вилоятӣ борҳо муроҷиат карда, вале посухи муносиб нагирифтаанд. Ин боис ба он шудааст, ки чанде аз соҳибони замин ҳавливу хонаҳояшонро дар инҷо ба фурӯш гузоранд.

Шаҳраки Сайҳун
Шаҳраки Сайҳун

Гулнора Ҷӯраева, сокини шаҳраки Сайҳун, гуфт: “Дар маҳаллаи мо 386 нафар зиндагӣ мекунанд. То ин дам обу барқро расондаанд, вале боқимонда масъалаҳоро мегӯянд, марҳила ба марҳила ҳал мешавад. Одамоне, ки хонаву дар доранд, фурӯхта мераванд. Мо, ки надорем ба куҷо меравем? Маҷбур мешинем. Шояд ягон рӯз калоншавандаҳо аз ҳоли мо бохабар мешаванд.”

Дар ҳамин ҳол, Хуршед Орифӣ, намояндаи мақомот дар шаҳраки Сайҳун, мегӯяд, аз мушкили сокинон хабар доранд ва “баъзе аз онҳо имсол ҳал карда хоҳад шуд”.

“Дар асоси нақшаи Идораи сохтмони асосси вилояти Суғд дар соли 2024 бояд бунёди мактаби миёна оғоз карда шавад. Имсол тасмим дорем, ки бинои Муассисаи давлатии шаҳракро ба итмом расонем. Дар сурати пурра ба истифода додани он дар дохили бино ҳамчунин нуқтаи хидматрасонии тиббиро ба нақша гирифтаем,” – афзуд ӯ.

Ба иттилои масъулон, дар ҳудуди Сайҳун 450 гектар боғи интенсивӣ бунёд карда шудааст, вале беобӣ дар минтақа ба мисли солҳои қаблӣ дар оғози имсол низ мушоҳида мегардад. Дар дуюмин моҳи фасли баҳор дар ҷӯйбору каналҳо об ҳанӯз ҷорӣ нашудааст ва дида мешавад, ки дарахтон хушку пажмурда шудаанд.

Шаҳраки Сайҳун
Шаҳраки Сайҳун

Шаҳрсозӣ дар шимоли Тоҷикистон аз барномаҳои муҳими ҳукумати Тоҷикистон буд, ки тақрибан даҳ сол пеш иҷрояш сар шуд. Шаҳраки Сайҳун дар канори Хуҷанд, Маҳпарӣ дар канори Исфара, Баҳористон дар канори Истаравшан ва Меҳробод дар назди Мастчоҳ.

Ин шаҳрҳо бо гунҷоиши аз 200 то 300 ҳазор аҳолӣ қарор буд сокинони эҳтиёҷмандро ба манзил ва замин таъмин кунад, вале ба назар мерасад ин роҳ осону наздик нест.

XS
SM
MD
LG