Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анна Матвеева: "Вазъи ҳозира ба нафъи Русия ё Тоҷикистон нест"


Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин. Нишасти раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Бишкек, 13-уми октябри соли 2023
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин. Нишасти раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Бишкек, 13-уми октябри соли 2023

Баёнияҳои Душанбе дар бораи бадрафтории мақомоти рус бо тоҷикон; боздошту ихроҷ ва дармондани садҳо муҳоҷир дар сарҳади Русия; эҳзори сафир ва супурдани ёддошти эътирозӣ аз аломатҳои рӯшани печидаву тира шудани робитаҳои Тоҷикистон ва Русия аст, ки ҳамдигарро расман шарики стратегӣ меноманд.

Ҳамлаи террористӣ ба “Крокус” сабаби бад шудани муносибатҳо шудааст ё чизи дигар? Оқибаташ чӣ хоҳад шуд? Посухи ин ва суолҳои дигарро аз таҳлилгари муқими Лондон Анна Матвеева пурсидем.

Анна Матвеева: “Табиист, ки пас аз ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳолл” чораҳои амниятӣ тақвият дода шуданд ва тафтишҳои зиёд сурат мегиранд. Аз тадбирҳои амниятӣ ҷойи гурез нест. Албатта, барои одам хушоянд нест, вақте аз ин гуна тафтишҳо мегузарад. Тадбирҳои амниятӣ баъд аз ҳамла ба фурудгоҳи “Домодедово” ҳам (соли 2011), ки боис ба кушта шудани 35 кас гардид, бисёр сахт шуда буд. Чунин изтироби зиёд муваққатӣ аст ва вазъ одӣ хоҳад шуд. Дуюм ин ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия зиёд тарафдор надоранд, вале мушкил зиёд аст. Маълум нест, онҳо то куҷо ба ҷомеа ҳамоиш меёбанд ё ҳукумат дар ин кор мусоидат мекунад, забон меомӯзанд ё ба фарҳанги маҳаллӣ мутобиқ мешаванд. Яъне, дар ҷомеа тақозо ба тақвияти амният эҳсос мешавад. Аз тарафи дигар, Русия бе муҳоҷирон наметавонад ва дар сиёсати муҳоҷират бебандуборӣ вуҷуд дорад. Зарурат ба ислоҳи қонуни муҳоҷират аз солҳо пеш вуҷуд дошт ва баъд аз ин ҳодисаҳо ин ҷараён суръат бахшида мешавад. Аз як сӯ, ин як ҷараёни мусбат аст, чун муҳоҷироне, ки аз Тоҷикистон меоянд, қонунӣ хоҳанд буд ва барои кор ҳуқуқ ва шароити беҳтаре хоҳанд дошт. Дар маҷмуъ, ин тадбирҳо пайомадҳои мусбат хоҳанд дошт, ҳарчанд ҳоло бисёр нохушоянд ҳастанд."

Радиои Озодӣ: Ба фикри Шумо, то куҷо вокунишҳои Тоҷикистон ба тарзи бархӯрд бо шаҳрвандонаш дар Русия ё дар сарҳад маҳз барои ҳимоят аз ҳуқуқи онҳо нигаронида шудааст? Ё фақат як паём ба шаҳрвандон аст, ки “ором шавед, мо дар фикри Шумо ҳастем”?

Анна Матвеева
Анна Матвеева

Анна Матвеева: “Табиист, ки онҳо мехоҳанд шаҳрвандони худро ором кунанд ва бигӯянд, дар фикри ҳимояти онҳо ҳастанд ва ташвиш доранд. Аз сӯи дигар мехоҳанд нишон диҳанд, ки онҳо ором нанишастаанд ва бозигари фаъол ҳастанд ва аҳруми фишор доранд. Яъне, як мавқеи баробарро гирифта, мехоҳанд, бигӯянд, ки аз ҳаққи мардуми худ дифоъ мекунанд ва ҳамзамон намехоҳанд, бо Русия робитаҳоро бад кунанду ҳамаро барбод бидиҳанд."

Радиои Озодӣ: Чанде пеш як таҳлилгари Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба президенти Тоҷикистон дар мақолае, ки онро баёни фикри шахсиаш номидааст, муҳоҷирати тоҷиконро ба Русия як ҷараёни фарқкунанда номид. Ӯ аз ҷумла гуфт, ин ҷараён ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон хатари ҷиддӣ дорад ва вусъаташ, ба навиштаи ӯ, аз хатари Толибонҳам бадтар аст. Назари Шумо ба ин чист ва то куҷо ин андеша метавонад дар асл баёнгари ақидаҳо дар ҳукумати Тоҷикистон бошад?

Анна Матвеева: "Ба назари ман, ин бардошти шахсии таҳлилгар аст. Раванди муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон ба Русия бист сол боз ташаккул ёфтааст. Мо аллакай насли дуюми муҳоҷиронро дорем. Онҳо фарзандони падароне ҳастанд, ки аллакай таҷрибаи муҳоҷиратро доранд. Дар Тоҷикистон дар ин муддат соҳаҳои иқтисод аз ҳисоби пули муҳоҷирон шакл гирифтанд. Аз ин ҳисоб мардум метавонанд хонаҳои хубе бисозанд, таъмир кунанд, ободкорӣ кунанд, чунки ба ҳамин даромадҳо такя мекунанд. Ба ҳамин сабаб муҳоҷират як бахши иқтисоду иҷтимоъ ва ҳамчунин фарҳанг ҳам ҳаст. Барои бисёре аз мардони ҷавон муҳоҷират мисли як мактаби зиндагӣ шудааст, ки аз пасту баландиҳои он гузашта обутоб меёбанд. Миёни онҳо ҳамраъйӣ пайдо мешавад. Дар Русия муҳоҷирон ба ҳамдигар ёрӣ расонда, дасти якдигарро мегиранд. Ин як падидаи бисёр калони фарҳангӣ аст, ки пурра омӯхта нашудааст. Ин ки иқтисоди Тоҷикистон ва даромади мардумаш ба Русия вобаста аст, хатарҳои ҷиддӣ дар пай дорад. Бешубҳа, Тоҷикистон аз як сӯ дар фикри гуногунсозии самтҳои муҳоҷират ва бо кор таъмин кардани мардум мешавад, аммо таваллуд дар кишвар зиёд аст. Нерӯи зиёди корӣ ба бозор ворид мешавад ва ҳукумат бояд бо ин нерӯ коре бикунад."

Радиои Озодӣ: Дурнамои равобити миёни ду кишварро чӣ гуна мебинед?

Анна Матвеева: "Вазъи ҳозира, ба назари ман, муваққатӣ аст. Ба манфиати Русия ё Тоҷикистон нест, ки муносибатҳо якбора дигар шаванд. Бо ҳамдигар гап зада, ба як созиш даст меёбанд. Як натиҷааш ҳамкории бештари миёни сохторҳои амниятии Тоҷикистон ва Русия хоҳад шуд. Ба назарам, ба қарибӣ мо шоҳиди ҳамкориҳои бештари хадамоти амниятии Русия дар Тоҷикистон мешавем."

Навори мусоҳибаро дар инҷо бинед:

Матвеева: Тоҷикистон намехоҳад, робитаҳоро бо Русия бад кунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:35 0:00
XS
SM
MD
LG